Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Умар -- раҳбари Толибон ду сол пеш мурдааст


Маълум нест, ки ин акси Мулло Умар кай гирифта шудааст. Аз соли 2001 ба ин сӯ ҳеҷ касе акс ва ё навори видеоиро бо ширкати Мулло Умар надидааст
Маълум нест, ки ин акси Мулло Умар кай гирифта шудааст. Аз соли 2001 ба ин сӯ ҳеҷ касе акс ва ё навори видеоиро бо ширкати Мулло Умар надидааст

Манбаъҳо дар ҳукумати Афғонистон мегӯянд, ки раҳбари Толибон Мулло Муҳаммад Умар ду сол пеш фавтидааст.

Як манбаъ дар ҳукумати Афғонистон рӯзи 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Мулло Муҳаммад Умар -- раҳбари ҷунбиши Толибони Афғонистон фавтидааст. Ин манбаъ афзуд, ки ин мавзӯъ рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти амниятӣ низ баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи манбаъ дар раёсати ҷумҳури Афғонистон, хабари даргузашти Мулло Муҳаммад Умарро Покистон дар ихтиёри Кобул гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл "Маҳоз Фидоӣ" -- як гурӯҳи вобаста ба Толибон иддао карда буд, ки Мулло Умар ду сол пеш кушта шудааст. Ин гурӯҳ гуфта буд, ки Мулло Умар аз сӯи Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, дӯст ва муовинаш ба қатл расида буд. Ба гуфтаи Қорӣ Ҳамза, сухангӯи гурӯҳи "Маҳоз фидоӣ", онҳо санад ва мадраке дар даст доранд, ки метавонанд собит кунанд, ки Мулло Муҳамад Умар дигар зинда нест.

Шабакаи телевизионии Channel One TV-и Афғонистон ба нақл аз мақомоти давлатии афғон гуфт, ин иттилоъ ба Кобул аз тарафи мақомоти Покистон дода шуда, Мулло Умар нафавтидааст, балки кушта шудааст.

Аммо гурӯҳи Толибон гуфт, ки раҳбари он Мулло Умар ду сол қабл бар асари бемории сил даргузашта, дар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Покистон ба хок супурда шудааст. Як вазири пешин дар ҳукумати Толибон ва узви Шӯрои раҳбарии Толибон ба рӯзномаи "The Express Tribune" гуфтааст, ки Мулло Умар бар асари бемории туберкулёз даргузаштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳақиқати марги Мулло Умар замоне ошкор шуд, ки раҳбарии Толибон рӯзи чаҳоршанбе нишастеро барои таъйини раҳбари нави гурӯҳ доир карданд.

Хабари даргузашти раҳбари Толибон дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ҳудуди ду ҳафта қабл аз номи Мулло Муҳаммад Умар ба муносибати Иди Фитр паёме нашр шуда буд, ки дар он дар баробари ҷанг, ба сулҳ ва муборизаи сиёсӣ таъкид мешуд.

Аввалин бор телевизиони Тулӯъ аз марги Мулло Умар дар соли 2011 хабар дода буд.
Аввалин бор телевизиони Тулӯъ аз марги Мулло Умар дар соли 2011 хабар дода буд.

Тасдиқ шудани хабари марги Мулло Умар ваҳдати сафҳои Толибонро, ки то ҳоло танҳо як раҳбар дошт, дар маърази имтиҳон қарор медиҳад. Гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки фармондеҳони рақиби ҳам ба пур кардани ҷои холишуда талош хоҳанд кард, аз ҷумла ноиби Умар -- Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур ва писари калонии Умар -- Яъқуб. Ин хабар ҳамчунин ба раванди сулҳи давлати Афғонистон ва ҷунбиши Толибон таъсир хоҳад кард. Дар изҳороте, ки моҳи гузашта аз номи Мулло Умар нашр шуда буд, гуфта мешуд, ки ӯ аз давраи ахири гуфтушуниди сулҳ дар Покистон истиқбол мекунад. Аммо дар дохили худи ҷунбиш сари сулҳ бо Кобул ихтилофи назарҳо хеле амиқ аст.

Бо вуҷуди раҳбарияш ба ҷунбиши Толибон дар тӯли қариб ду даҳа дар бораи Мулло Умар маълумоти хеле маҳдуде нашр шудааст. Ҳамагӣ як ё ду акси ӯ расонаӣ шудаанд ва чандин соли охир касе дар куҷо будани ӯро намедонист. Вазорати умури хориҷии Амрико, ки барои сарри ӯ 10 миллион доллар ҷоиза муайян карда буд, Мулло Умарро шахси қадбаланде медонист, ки аз зарбаи хумпора чашми росташ кӯр шудааст.

“Амиралмӯъминин Мулло Муҳаммад Умар Муҷоҳид”, тавре худи Толибон ӯро расман ном мебаранд, бино ба бархе манобеъ, 64 ва бино ба манобеъи дигар 52 сол дошт. Гуфта мешавад, ки ӯ байни солҳои 1950 - 1962 дар вилояти Қандаҳор ё Урузгон ба дунё омада, парвардаи Дорулулуми Ҳаққонияи Пешовар аст. Ҳанӯз дар солҳои 80 ба сафи муҷоҳидин пайваста, ба гуфтаи ҳамсафонаш, дар ҷангҳо алайҳи артиши Шӯравӣ як чашмашро аз даст дод.

Дар соли 1996 ҷунбиши Толибон ибтидо гурӯҳҳои Гулбуддин Ҳикматёр ва дар ниҳоят нирӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳонуддин Рабонӣ ва вазири дифои ӯ Аҳмадшоҳи Масъудро шикаст дода, вориди Кобул шуд. Режими ӯ то соли 2001 ба ҷуз аз қисматҳои хурде дар шимол ва вилояти Бадахшони он кишвар боқӣ қаламрави Афғонистонро ба даст оварда, дар ин қаламрав меъёрҳои шадиди, ба ақидаи худи онҳо, “шариатӣ”-ро ҷорӣ карда буд.

Дар аҳди Толибон занону духтарон аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум шуда, ахлоқи мардум, аз ҷумла то чӣ андоза мураттаб намоз гузоридани онҳо аз сӯи пулиси “амри маъруф ва наҳй аз мункар” назорат мешуд.

Дар пайи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, вақте режими Толибон аз талаби ба Амрико супурдани раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодин ва афроди дигари гумонбар дар он ҳамлаҳои хунин даст кашиданд, эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико нерӯҳояшро вориди Афғонистон кард ва аллакай дар моҳи декабри соли 2001 Толибонро аз Кобул берун андохт. Аммо ин гурӯҳ 14 сол боз алайҳи нирӯҳои эътилоф ва урдуи давлатии Афғонистон ҷангҳои чирикиро пеш мебарад.

Ҷунбиши Толибон дар моҳи марти соли равон ҳолномаи Мулло Умарро нашр карда буд. Он замоне мунташир гашт, ки худи Мулло Умарро аз соли 2001, замони шурӯи мухолифатҳои Толибон зидди нирӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар Афғонистон касе надидааст ва ин боиси пайдо шудани шубҳаҳо ба зинда будани ӯ гардида буд.

Бежан: "Нашри зиндагиномаи раҳбари Толибон бо хавфи онҳо аз "давлати исломӣ" иртибот дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Дар бораи хабари марги Мулло Умар, сӯҳбате доштем бо Аҳмад Саидӣ, дипломати собиқи Толибон, ки дар Покистон кор кардааст, аммо ҳоло дар Кобул зиндагӣ мекунад. Пурсиши аввал ин буд, ки чаро марги Мулло Умарро ду сол пинҳон доштанд?

Аҳмад Саидӣ: «Мулло Умар ду муовин дошт, Абдулқаюм Зокир ва Ахтар Муҳаммади Мансур. Дар ҳудуди ду сол пеш Абдулқаюмро Хадамоти Истихбороти Покистон бандӣ кард ва мехост, ки Ахтар Муҳаммад Мансур ҷонишини Мулло Умар бошад, вале Толибони қандаҳорӣ ва касоне, ки тарафдори Мулло Умар буданд, гуфтанд, ки мо Ахтар Муҳаммадро ҷонишин таъйин намекунем ва Мулло Умар худаш ҳаст. Ҳоло ки музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон шурӯъ шуд, ҳайатеро, ки ба тарафи ҳукумат муаррифӣ карданд, аз тарафи Мансур муаррифӣ шуд ва гуфтанд, Мулло Умар куҷост. Иттилоияе, ки ҳам рӯзи иди Рамазон аз тарафи Мулло Умар ( бо ҳимоят аз музокирот) пахш шуд, собит шуд, ки у тасвиб накардааст, балки Хадамоти Истихборотии Покистон тасвиб кардааст. Аз ин рӯ онҳо маҷбур шуданд, ки хабари марги Мулло Умарро эълон кунанд.»

Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ки Мулло Умарро куштанд, баъзеҳо мегуянд, бар асарӣ беморӣ фавтидааст. Ӯро кӣ куштааст?

Аҳмад Саидӣ: «Аслан ӯро бо таҳрики Ахтар Муҳаммади Мансур, ки ҳоло ҷонишинаш аст, куштанд. Як касе ҳаст, бо номи Гул Оғо, ки аз наздикон ва ашхоси бисёр мавриди эътимоди Мулло Умар аст. Яъне тавассути Гул Оғо, ки масъули молии Мулло Умар аст, кушта шудааст. Аммо ман намедонам, чӣ гуна куштаанд.»

Озодӣ: Марги Мулло Умар чӣ таъсире рӯйи Толибон дар Афғонистон гузошта метавонад, руҳияшонро мешиканад, сабаби парокандагии онҳо мешавад?

Аҳмад Саидӣ: «Байни Толибон чанддастагӣ эҷод мешавад. Толибони қандаҳорӣ ҷудо мешаванд, чун Ахтар Муҳаммад аз Пактиё аст. Байни Толибони Пактиё, Ҳилманд ва Қандаҳор мухолифатҳо зиёд мешавад, теъдоде ҳам тарафи давлати Афғонистон мегузаранд, дигарон ба ДОИШ мепайванданд ва ҷангро бо гурӯҳҳои дигар давом медиҳанд.»

Озодӣ: Хабари марги Мулло Умар ба музокироти сулҳ миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон чӣ таъсир мегузорад?

Аҳмад Саидӣ: «Музокироти сулҳ байни Толибон ва ҳукумати Афғонистон моҳият надорад ва ин музокирот байни Ахтар Мансуру ҳукумати Афғонистон аст. Аксарияти Толибон дар ин музокирот ширкат надоранд. Шумо фикр кунед, Ҳизби исломӣ дар ин музокирот нест, тарафдорони Мулло Умар дар ин музокирот нестанд, тарафдорони Ҷоноғо Мансур нест, гурӯҳҳои маҳдуде дар ин музокирот ва теъдоди маҳдуде аз вилояти Пактиё ҳастанд. Ин музокирот мафҳуму маъное надорад."

Озодӣ: Яъне Шумо мегӯед, ки ҳайати музокиракунандаи Толибон бо ҳукумат аз тарафдории васеи Толибон бархӯрдор нест?

Аҳмад Саидӣ: «Бубинед, Мулло Умар дар байни Толибон як тасаллути сартосарӣ дошт. Ахтар Муҳаммадро Толибон то ҳанӯз ба ҳайси раҳбар интихоб накарданд, таъйин накарданд. Ба раҳбарияти Ахтар Муҳаммади Мансур аксарияти Толибон мухолифат доранд. Ман масъалаи Толибони қандаҳориву ҳилмандиву пактиёиро матраҳ кардам. Биноан файсалаву қарорҳои Ахтар Мансур ҳеҷ таъсире надорад.»

XS
SM
MD
LG