Пажӯҳишгоҳи Омӯзишҳои Стратегии Лондон мегӯяд, таҳлили тасвири видеоӣ, ки мақомоти Ироқ пахш кардаанд, гувоҳи ин аст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии “сухой”, дар таърихи 1-уми июл аз Эрон ба Ироқ интиқол ёфтанд.
Эрон ҳавопаймоҳои ҷангии “Су-25”-и яксарнишин ва дорои ду моторро, ки авохири 1970 дар Иттиҳоди Шӯрави сохта шудааст, қаблан аз Русия харида буд. Ба гуфтаи Ҷеймс Демпси, таҳлилгари интишороти “Тавозуни низомӣ” дар Пажӯҳишгоҳи Омӯзишҳои Стратегии Лондон, маълум нест, ки ин ҳавопаймоҳоро кӣ идора ва нигаҳдорӣ мекунад. Аммо муаллифи гузориш гуфтааст, гумон намеравад, ки Ироқ битавонад ин навъи ҳавопаморо бидуни ёрӣ аз берун идора кунад.
Нирӯҳои ҳукумати Ироқ бо шибҳанизомиёни Давлати Исломии Ироқу Шом, ки қаламравҳое бузургеро дар Сурия ва шарқи Ироқ таҳти назорат гирифтаанд ва чанд рӯзи пеш ин қаламравҳоро хилофат эълон кардаанд, вориди набард шудаанд. Вашингтон низ ҳавопаймоҳои бесарнишин ва чархболҳои ҷангиро дар Ироқ мустақар карда ва то 800 мушаки Hellfireро ба Ироқ мефиристад.
Таҳлилгарон мегӯянд, вуҷуди ҳавопаймоҳи ҷангии Эрон дар Ироқ эҳтимолан баёнгари ин аст, ки дар ин низоъ Амрико бо рақаби қадимии худ Эрон дар як ҷабҳа басиҷ шудаанд. Эрон якчанд ҳавопаймои “Су-25” дорад, ки онҳоро Сипоҳи Посдорони Инқилоб идора мекунад.
Нирӯҳои ҳукуматии Ироқ талош доранд, ба бунбасте, ки шибҳанизомиёни суннимазҳаб бунёд кардаанд, рахна бизананд. Ҳазорон нерӯи низомӣ бо ҳифозати тунку тӯп ва пӯшиш аз ҳаво ба пешрафти назарногир дар Тикрит муваффақ шуданд, ки шибҳанизомиён онро 11-уми июн ишғол карданд. Аҳмад Абдулло Ҷабурӣ, волии вилояти Салоҳиддин, ки Тикрит маркази он аст, гуфт, ки роҳу биноҳо ва мошинҳои бомбгузоришуда ҳаракати нерӯҳоро кунд кардаанд.
Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ дар суханронии ҳафтавори худ, дар таърихи 2-уми июл, эълони хилофат дар қаламравҳои таҳти назари гурӯҳи Давлати Исломии Ироқу Шомро таҳдид ба тамоми минтақа унвон кард. Ӯ гуфт, “ин пайғомест, ки акнун ҳамаи давлатҳои минтақа дар дохили хати қирмиз ҳастанд.”