Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел сокинони Мурғобро аз орд маҳрум кард


Cокинон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон дар ноҳияи дурдасти Мурғоб мегӯянд, селхезиҳои ахир дар Бадахшон, ки боиси баста шудани роҳҳо шуд, қимати ордро ба таври бесобиқа боло бурдааст.

Сокинон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии кӯмакрасон дар ноҳияи Мурғоб мегӯянд, ба дунболи селхезиҳои харобиовар дар Бадахшон ва баста шудани роҳҳо, ба ин ноҳия орд ворид нашудааст ва нархи як халтаи он аз 160 сомонӣ ба 200 ва дар деҳоти дуртари он ба 225 сомонӣ расидааст.

Сӯҳроб Ғарибшоев, раиси бахши Бунёди Оғохон дар ноҳияи Мурғоб рӯзи 30 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи 10 рӯз аст, ки орд тақрибан ба Мурғоб ворид нашудааст ва нархи он дар маркази ноҳи ба 200 сомонӣ ва дар деҳорти дуртар ба 225 сомонӣ расидааст. Вай афзуд, ки баъди фаромадани сел роҳи Хоруғ ба Мурғоб баста шуд ва то боз шудани роҳ аз тариқи Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб орде, ки аз тарафи Оҷонсии захираҳои давлатӣ оварда шуда буд, тамом шуд.

Вай мегӯяд, дар ҳамин муддат аз Ӯши Қирғизистон низ орд ворид намешавад ва ин вазъи бе ин ҳам мушкили мардумро мушкилтар кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд роҳи аз тариқи Ишкошим боз шуда бошад ҳам, аммо мошинҳо вазнинбор аз ағбаи “Лангар” убур карда наметавонанд ва илова ба он, масофаи роҳ аз тариқи Ишкошим 130 километр дуртар шудааст.

Дар ҳамин ҳол Эшпулод Қувватбеков, як сокини ноҳияи Мурғоб гуфт, дар деҳаи онҳо, ки аз маркази ноҳия 15 километр дуртар аст, нархи як халта орд ба 230 ва 235 сомонӣ расидааст. Вай мегӯяд, баъди баста шудани роҳ ва ворид нагаштани орд, байни мардум таҳлука ба вуҷуд омад ва тамоми орде, ки дар мағозаҳо буд, хариданд

Эшпулод Қувватбеков мегӯяд, ки набудани орд ба нархи дигар маводи мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла шакару равғану маҳсулоти ордӣ таъсир кардааст ва нархи як кило шакар ва як литр равған як сомонӣ бештар шудааст. Масофаи роҳ аз тариқи Хоруғ то Мурғоб 320 километр аст, вале ҳоло аз тариқи ноҳияи Ишкошим ба 410 километр баробар мебошад.

XS
SM
MD
LG