Ин натиҷаи як пажуҳиши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон ва ё НАНСМИТ аст, ки тибқи он тундгароиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба таври лозима инъикос намегарданд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон гуфт, ки муддати як моҳ созмони онҳо дар ҳамоҳангӣ бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ҷанг ва сулҳ ё IWPR, пӯшиши масоили тундгароии ҷавонони Тоҷикистонро дар матбуот ва интернет таҳқиқ карда, ба ин хулоса расиданд.
Қаршибоев афзуд, «дар сиёсати идории расонаҳои хабарӣ мавҷуд набудани як нуктаи муҳим оид ба инъикоси ҳаёти иҷтимоии ҷавонон боис шудааст, ки фақат дар сурати пайдо шудани ин ё он хабар дар бораи боздошт шудани ҷавонон ба сабаби узвият ба аҳзоби мамнуъ, махсусан ба «Ҳизб-ут-туҳрир» ва «Ҳаракати исломии Узбакистон» ва дигар ҳаракату ҷунбишҳое, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, мавод пайдо мешаванд, вале мутаассифона ин мавзуъ аз ҷониби расонаҳои хабарӣ ба таври комил пайгирӣ карда намешаванд ва ҷомеа фақат дар бораи тундгароии мазҳабӣ ё исломӣ иттилоъ мегирад ва аз дигар ҷанбаҳояш иттилоъ надорад.»
Ҷаноби Қарашибоев ҳамчунин гуфт, азбаски сабабҳои пайдоиши тундгароиҳо на ҳамеша рӯшан аст, барои пешгирӣ кардани онҳо низ иқдомҳо аз нигоҳи ҳирфаӣ хеле кунд мавриди амал қарор мегирад.
Аммо Ганҷина Ганҷова, таҳлилгари ҷавони тоҷик бар ин аст, ки солҳои охир воқеан ҳам тундгароӣ миёни ҷавонон дар Тоҷикистон густариш меёбад, вале он бештар ҷанбаи динӣ дорад. Вай афзуд, «дар солҳои охир махсусан баъд аз дар ислом пайдо шудани мазҳабу равияҳо ин чиз бештар дида мешавад. Ва ҳатто ҳолатҳое ҳам мешавад, ки дар нақлиёти мусофиркаш ҷавонон ошкоро мегӯянд, ин мусиқиро намон, ба либоспӯшӣ эрод мегиранд. Ҳатто ҷавонон то ҳадде расидаанд, ки бо баъзеи онҳо саломуалейк мекунӣ, ба ҷои алейк гуфтан ба салом мепурсанд, ки намозатро мехонӣ ё не. Яъне ин чиз бештар дида мешавад, нисбат ба дигар ҷанбаҳои тундгароӣ миёни ҷавонон.»
Вале Далер Шарипов, раҳбари созмони «Қадам ба қадам» бо натоиҷи пажӯҳиши ахири созмони НАНСМИТ мувофиқ аст ва мегӯяд, нисбат ба тундгароии динӣ, тундгароии иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар бештар ба мушоҳида мерасад, ки инро аз баҳсҳои ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ ба таври рӯшан метавон мушоҳида кард. Вай гуфт, «бо қабули баъзе қарорҳо ва қонунҳо, норозигӣ миёни ҷавонон бештар мешавад. Масалан, қонун бароварданд, ки нафарони то 18 сола ба масҷид нараванд, вақте ки аз таълимотҳои динӣ назди домуллоҳое, ки ифротӣ мегуфтанду ё ин ки ба вуҷудоварандаи экстримизму терроризм дар ҷомеа унвон мекарданд ва пахши барномаҳои диниро аз тариқи ВАО кам карданд ва ҳамчунин бештар паст будани сатҳи зиндагии мардум ҷавононро ба саволҳои чарову барои чӣ бештар овард ва дар ҳамин замина пайдо шуд тундгароии дунявӣ.»
Ин ҳам дар ҳоле, ки Равшан Абдуллоев, директори иҷроияи Бунёди Авруосиёдар Тоҷикистон мегӯяд, бо он ки тундгароии динӣ мушкилоти куллияи кишварҳои ҷаҳон аст, аммо он феълан барои Тоҷикистон мушкилии доғ нест, «ҳоло тундгароии динӣ мушкилоти тамоми ҷаҳон маҳсуб мешавад. Барои ҳамин аксарияти ташкилоту созмонҳо барои муайян намудани сатҳи тундгароии динӣ ҷаҳд мекунанд. Вале дар Тоҷикистон айни ҳол мувофиқи таҳқиқоте, ки мо гузаронидем, тундгароии миллӣ бештар аст. Ин мушкилоти ҷиддитар аст."
Оқои Абдуллоев дар идома гуфт, ки "ҳамчунин ҷавонон ба олами ҷиноӣ ворид мешаванд, ин ҳам мушкилие мебошад, ки нодида набояд гирифт. Аксарияти пажӯҳишҳо бо маблағҳои созмонҳои хориҷӣ анҷом мешаванд. Барои ҳамин донорҳо ё созмонҳои кӯмаккунанда алоқаманди ошкор шудани масоили муҳиме мебошанд, ки барои кишварашон зарурист. Тундгароии динӣ бошад, имрӯз барои кишварҳои Аврупо, ИМА доғ аст ва барои ҳамин мо дар бораи ин тундгароӣ ҳарчанд барои кишвари мо доғ ҳам набошад, бештар гап мезанем."
Ҳамзамон, Равшан Абдуллоев, аз куллия намудҳои тундгароӣ, тундгароии дунявиро дар Тоҷикистонро аксаран маъмул медонад.
Аммо Абдуллоев бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир, гурӯҳҳои тундрав на бештар аз сад як дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Вале ӯ меафзояд, ҳарчанд тундгароӣ дар Тоҷикистон танҳо як падида мебошад, он метавонад минбаъд ба мушкилии ҷиддӣ мубаддал гардад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ ба намудҳои дигари тундгароӣ назири, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дунявӣ таваҷҷӯҳи бештар намуда, онҳоро набояд нодида гирифт.