Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозо барои афви касе, ки Раҳмон Набиевро гаравгон гирифта буд. ВИДЕО


Азизамоҳ ва Фарангис Ҳабибуллоева.
Азизамоҳ ва Фарангис Ҳабибуллоева.

Пайвандони як зиндонии маъруф, ки нахустин раиси ҷумҳури Тоҷикистонро гаравгон гирифта буд, аз президент Эмомалӣ Раҳмон тақозо кардаанд, ки ӯро авф кунад. Исматулло Ҳабибуллоев машҳур бо лақаби “Исмати Овулӣ” 19 сол боз дар зиндон аст ва 6 соли дигар то поёни ҳукмаш боқӣ мондааст.

Ҳамсараш Азизамоҳ Ҳабибуллоева рӯзи 30-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ирсоли як нома ба унвони раиси ҷумҳур хоҳиш кардааст, ки гуноҳи шавҳарашро бахшад, чун ӯ бемор аст ва фарзандонаш ҳам мехоҳанд, падарро дар озодӣ бубинанд.

Ӯ афзуд: «“Нури чашмонаш рафтааст, як чашмаш комилан намебинад, чашми дигараш хира шудааст. Саломатиаш беҳад бад аст. Мо аз саломатии ӯ сахт дар ташвиш ҳастем ва аз президенти кишвар мехоҳем, гуноҳаш бахшида шавад.»

Тақозо барои афви касе, ки Раҳмон Набиевро гаравгон гирифта буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Исматулло Ҳабибуллоев, ки дар солҳои 90-ум бо номи «Исмати овулӣ» машҳур буд, аз созмондиҳандагони беназмиҳо дар моҳи феврали соли 1990 маҳсуб мешавад. Дар он сол дар натиҷаи тазоҳурот, ки ба хушунат печид, даҳҳо нафар кушта шуданд. Ӯ, ки аз раҳбарони ҳалқаҳои ҷиноӣ дар Душанбе ба шумор мерафт, моҳи сентябри соли 1992 дар замони ҷанги дохилӣ Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури аввалини Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Душанбе гаравгон гирифт ва маҷбур ба истеъфо кард.

Исматулло Ҳабибуллоев
Исматулло Ҳабибуллоев

Ӯро баъди хатми ҷанги дохилӣ дар моҳи феврали соли 2001-ум дастгир карданд. Додгоҳи олӣ cипас соли 2002 Ҳабибуллоевро барои ҷиноятҳои сангин аз ҷумла гаравгонгирӣ, ғасби ҳокимият, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ, одамкушӣ ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Дар Додгоҳи олӣ аз ҷумла гуфта шудааст, ки ӯ мехост, ба ҷони Маҳмадсаид Убайдуллоев, Мирзо Зиёев, раиси собиқи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи ширкати «Тоҷикгаз» сӯиқасд ташкил кунад. Аммо ин иттиҳомот дар ҷараёни муҳокима тасдиқи худро пайдо накард. Ҳукмаш соли 2024 адо мешавад.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қазияи Исматулло Ҳабибуллоев хабар дорад. Вай афзуд, агар пайвандонаш расман ба сарраёсат муроҷиат кунанд, «мо расман ҷавоб мегардонем, ки то кадом андоза имкони бахшиш вуҷуд дорад, ё не.» Дар Тоҷикистон умдатан онҳоеро, ки ба ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла қатлу куштор ва ё гаравгонгирӣ гунаҳкор дониста шудаанд, афв намекунанд ва салоҳияти истисноии авфи алоҳида ҳам дар дасти раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст .

Исматулло Ҳабибуллоев айни замон зиндони воқеъ дар кӯчаи Мирсаид Миршакар нигаҳ дошта мешавад. Хешовандони Исматулло Ҳабибуллоев дар гузашта ҳам ба мақомоти Тоҷикистон барои афви ӯ муроҷиат кардаанд. Фарангис Ҳабибуллоева духтари Исмат Ҳабибуллоев, ки ҳамроҳи модараш дар студияи Радиои Озодӣ суҳбат мекард гуфт, аз соли 2002 борҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Додситонии кулл барои афви падараш муроҷиат кардаанд, вале ҳеҷ натиҷае надодааст. Ӯ афзуд: “Ман ҳаштсола будам, ки падарам ба зиндон рафт ва 19 сол мешавад, ки падарамро танҳо дар маҳбас мебинам. Падарам мегӯяд, ки ӯро туҳмат кардаанд ва ҳақиқат чизи дигар аст.”

Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди эълони ҳукм гуфт, ки тамоми иттиҳомот ба зидди Ҳабибулло Исматуллоев собит шудааст. Ҳамсару модараш ҳам парвандаи азими ҷиноии ӯро ба Радиои Озодӣ нишон доданд, ки дар он “Исмати овулӣ” ба ҷиноятҳои сангине муттаҳам мешавад. Сокинони маҳаллаи 104 -ум дар Душанбе дар ҳамсоягӣ бо рустои Овул, ки қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳисоб меравад, то кунун дар бораи бедодгариҳои Исматулло Ҳабибуллоев дар замони ҷанги дохилӣ нақл мекунанд. Гурӯҳи ӯ дар он замон бо роҳзанӣ, ғасби моликият, латукӯби афроди бегуноҳ ном бароварда буд.

XS
SM
MD
LG