Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15-уми март дар Остона гирди ҳам омада, дар маҳфили хурде масоили мавриди назари худро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ҳоле ки президенти Русия Владимир Путин ба интихобот омодагӣ мегирад, Маскав торафт ба гирдоби ҷанги Сурия мепечад, ишғоли Қрим дар маркази танқидҳои ҷаҳон қарор дорад ва заҳролудшавии агенти собиқи рус дар Британия дар сархати хабарҳо қарор гирифтааст, шарикони Маскав дар Осиёи Марказӣ ба ҳам меоянд, то дурнамои ҳамкориҳои худро матраҳ кунанд.
Коршиносон бо онки пайванди байни Маскаву пойтахтҳои Осиёи Марказиро ҳанӯз мустаҳкам мешуморанд, инро ҳам рад намекунанд, ки мухолифати давомдори Русия бо абарқудратҳои ҷаҳон наметавонад ба сиёсати Маскав - "ҷудоӣ андозу ҳукмронӣ кун" - дар Осиёи Маказӣ таъсир нагузорад.
Мулоқоти руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15-уми март дар шаҳри Остона баргузор мешавад. Ин нишаст бо ташаббуси президентҳои Узбекистон ва Қазоқистон -- Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев даъват шудааст.
Дар гузашта раҳбарони кишварҳои минтақа маъмулан дар чаҳорчӯби маҳфилҳое мисли нишастҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), СПАД, СҲШ, созмони Конфронси исломӣ, СММ ваё САҲА, ки дар ҳамаи онҳо Русия низ ҳузур дорад, гирди ҳам меомаданд. Ҷаласаи навбатӣ бе Владимир Путин мегузарад.
То куҷо мешавад ин нишастро дар ҳайати маҳдуд талоше барои ҳаракат ба самти иттиҳоди давлатҳои минтақа ва ё кӯшиши берун рафтан аз зери чатри Маскав арзёбӣ кард?
"Онҳо бе Русия то куҷо мераванд?"
Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, Маскав маҷлисҳои мисли нишасти зудраси Остонаро ҷиддӣ намегирад, зеро барои ҳар яке ин давлатҳо "ҳам заҳр дорад ва ҳам нӯшдору". Таҳлилгари узбек Рафаэл Сатторов, ки ҳоло дар ИМА ба сар мебарад, рӯзи 13-уми март гуфт, Русия феълан ба талошҳои баҳам омадани кишварҳои ба гуфтаи Маскав "сарҳадҳои ҷанубияш" ба ин далел ҳассосият нишон намедиҳад, ки дар марҳилаи кунунӣ таъсиси ҳамагуна иттиҳоди ҷудо аз Русияро номумкин мешуморад.
"Онҳо бе Русия то куҷо мераванд? Онҳо ночор ҳастанд, ки дар масъалаҳои амниятӣ бо Русия ҳамкорӣ кунанд, ин ногузир аст. Ҳеҷ ҷониби дигаре, ҷуз Русия наметавонад бо масъалаҳои амнияти минтақавӣ машғул шавад. Дар чаҳорчӯби СНГ дар минтақа як фазои амнияти зиддиҳавоӣ вуҷуд дорад, инчунин масъалаҳои навсозии артиши Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон вуҷуд дорад ва ин кишварҳо ба харидани силоҳи Русия манфиатдор ҳастанд", - гуфт Рафаэл Сатторов.
Сатторов бовар дорад, ки ин мулоқот алайҳи манфиатҳои Русия ва ё бозигарони дигари минтақавӣ, аз ҷумла ИМА ва Чин равона нашудааст. "Президентҳо бояд шеваи гуфтугӯ ва ҳамнишинӣ дар маҳфили маҳдудро ёд гиранд, ҳамроҳ нишаста роҳҳали масъалаҳои мухталифро ҷустуҷӯ кунанд, забон ёбанд ва сармояҳои берунаро ҷалб кунанд. Ҳеҷ кас ба кишварҳое, ки миёни ҳам мушкил доранд, сармоягузорӣ намекунад",- мегӯяд ин таҳлилгар.
"Касе чунин тағйиротро мунтазир набуд"
Коршиноси дигари масоили сиёсӣ аз Қирғизистон мегӯяд, Русия дар мустаҳкам будани мавқеаш дар Осиёи Миёна шубҳа надорад, ҳарчанд ба тавсеаи ҳузури Чин дар минтақа рашк мекунад. Ба андешаи Эдил Байсалов, Кремл ба таври ошкоро нороҳатии худро аз наздикшавии раҳбарони Осиёи Миёна баён намекунад, вале шояд талош кунад, ки ин нишастро ба хотири таблиғи тарҳи маъруфи худ бо номи Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё истифода барад. Ҳоло ба узвияти ин созмоне, ки Тоҷикистонро ҳам ба он ташвиқ мекунанд, Қирғизистон ва Қазоқистон шомил ҳастанд.
Эдил Байсалов гуфт, баъди нав шудани раҳбарият дар Тошканд онҳо пешгӯӣ мекарданд, ки тағйирот ё ҷунбише хоҳад шуд, вале касе интизор надошт, ки Мирзиёев оғӯши худро боз карда, барои барқарор шудани роҳҳои иртиботӣ миёни кишварҳои минтақа талоши зиёд хоҳад кард.
Эдил Байсалов мегӯяд, ҳоло ин пешгӯӣ, ки то куҷо ҳамгироии минтақавӣ доман паҳн мекунад, душвор аст, вале маълум аст, ки дили ҳама ба якдигар танг шудааст, мардум ҳамкориву доду гирифт ва манфиати бисёрҷониба мехоҳад.
Ба гуфтаи ӯ, Узбекистону Тоҷикистон метавонистанд, ки узви иттиҳоди АвруОсиё шаванд. Вале агар онҳо аз ин тарҳ даст кашанд, чунин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Назарбоев ба унвони як раҳбари боэътибор дар минтақа кадом тарҳи нави ҳамкориро пешниҳод мекунад. "
Равобити на чандон ҳамвори Осиёи Миёна ва Русия
Вале ба андешаи таҳлилгари дигар, вокуниши Русия дар робита наздикшавии кишварҳои минтақа ва нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ чандон ором нахоҳад буд. Раҳбари кулли Бунёди рушди демократия дар Осиёи Миёна Толганай Умбеталиева мегӯяд, Русия метавонад ҳаргуна вокуниш кунад, вале муҳимтар аз ҳама ин аст, ки стратегияи Осиёи Миёна дар нисбати Маскав чӣ мешавад.
Ба гуфтаи хонум Умбеталиева, Кремл ҳоло ба таври бозу рушод асабоният нишон намедиҳад, вале барои онҳо ин вазъ каме нигаронкунанда аст. Ӯ мегӯяд, Кремл ҳамеша дар робита бо ҳама гуна фаъолиятҳо дар минтақа ҳассосият дорад ва аз ҳамин хотир, маҳфили президентонро ҳанӯз “ҳамоиш” намегӯем, балки як мулоқоти аввалини президентҳо мегӯем, ки бешубҳа зери назари матбуот ва таҳлилгарони рус ҷараён мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд Кремл ҳоло саргарми интихоботи президентӣ аст, вале ба таҳаввулот дар Осиёи Миёна бодиққат назорат мекунад. Умбеталиева гуфт, вобаста ба натиҷаҳои ин нишаст, Кремл ҳам тасмим мегирад, ки ба ин маҳфил мудохила кунад ё на.
Ҳамоиши Остона -- намоиши мустақилияти президентҳо?
Айни замон, як нозири дигари ин таҳаввулот аз Тоҷикистон мегӯяд, ки ин мулоқот, пеш аз ҳама метавон ҳамчун намоиши мустақилияти президентҳо маънидод кард. Раҳбари кулли рӯзномаи "ИмрузNews" Муним Оламов гуфт, Русия қариб бо ҳар кунҷи дунё мушкил дорад -- бо Ғарб, бо Аврупо ва ҷои ҳайрат нест, ки руасои ҷумҳури кишварҳои Осиёи Миёна мехоҳанд ба Русия бигӯянд, ки тавони баррасиву ҳалли масъалаҳои дохилиро бидуни Русия ҳам доранд. "Агар Русия дар маҳфил иштирок мекард, ҳатман мегуфтанд, ки раҳбаронро Маскав сарҷамъ оварда бо онҳо раҳбарӣ мекунад",-афзуд Муним Олимов.
Мулоқоти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15-уми март дар шаҳри Остона баргузор мешавад. Ин нишаст бо ташаббуси президентҳои Узбекистон ва Қазоқистон -- Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев даъват шудааст.