Чин тавлидкунандаи аслии бозиҳои бачагона дар ҷаҳон аст. Тибқи ҳисобҳо, 75 дар сади бозиҳое, ки вориди фурӯшгоҳҳои ҷаҳонӣ мешаванд, истеҳсоли Чин мебошанд. Тавре маълум мешавад, ҷараёни истеҳсоли бозиҳои бачагона як кори сангине будааст. Корхонаҳои тавлидкунандаи бозӣ ҳафтае шаш-ҳафт рӯз кор мекунанд ва на ҳамеша занҳои коргар ҳақи гирифтани рухсатӣ барои таваллуди фарзандоро доранд. Айни замон, коргарон пайваста бо хатари олудашавӣ бо маводи заҳролуди кимиёӣ ва гирифтани осеби ҷисмонӣ дар ҷараёни кор рӯбарӯ мебошанд. Қиссаи начандон ширини тавлиди бозиҳои бачагона дар панҷ корхонаи Чинро аксҳои журналисти олмонӣ Майкл Вулф бозгӯ мекунад.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир