Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии кулл дар бораи шиканҷа: "Вазъро бояд беҳтар кунем"


Мақомоти Тоҷикистон нигаронии ҳомиёни ҳуқуқи башар дар бораи доштани шиканҷаи густарда дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро беасос мешуморанд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муовини додситони кулли Тоҷикистон Рашид Улфатшоев гуфт, додситонӣ бо нигаронии созмони Амнести Интернешинал, ки рӯзи панҷшанбе дар расонаҳои хабарӣ ба табъ расида, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистонро бо шиканҷаи фарогири боздоштшудагон муттаҳам мекунад, мувофиқ нест:

“Ин санҷиш расмӣ нест. Дар ҳоле, ки ин ташкилот (Амнести Интернешинал) санҷиши расмӣ нагузаронидааст, далелҳои аниқ надорад, ин фикри як ташкилот асту халос. Моҳи гузашта намояндаи хоси СММ Хуан Мендес ба ин ҷо омада, бо мақомоти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ин масъалро матраҳ кард. Ҳатто рафта бо маҳбусон сӯҳбат намуд. Ҳолати маишиву модии онҳоро бо чашми худ дид. Ӯ як моҳ дар Тоҷикистон гашту тафтиш кард. Камбудӣ воқеан ҳаст. Мендес ҳам гуфт, ки камбудӣ ҳаст, вале намояндаи хоси СММ баҳои мусбат дод ва гуфт, ки дар Тоҷикистон қонуне дар иртибот бо шиканҷа қабул шуд, мубориза ҳаст, ҳаракат ҳаст ва ҳамин чораҳоро давом дода, вазъро бояд беҳтар кунем."

Дар гузориши ахири созмони Амнести Интернешенал ва ё Афви байналмилал гуфта мешавад, ки дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон дар шароити фасоди васеъмиқёс ва дур мондан аз муҷозот шиканҷаву бадрафторӣ ба як амали оддӣ табдил ёфтааст. Дар изҳороти Амнести Интернешинал аз ҳукумати Тоҷикистон даъват шудааст, ки шиканҷаро маҳкум карда, баҳри решакан кардани он талош варзад.

Рейчел Баглер муҳаққиқи Амнести Интернешенел, ки яке аз муаллифони ин гузориш аст, мегӯяд, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ, ба вижа дар марҳилаи ибтидоии боздошт, аз нерӯи барқ, оби доғ ва латукӯб ва ё ҳатто таҷовуз ба номуси муттаҳам кор мегиранд. Рейчел Баглер, мутахассиси Авфи Байналмилал дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:


"Мо қазияҳои бисёреро шунидаем, ки маъмурони милиса ба хотири ҳосил намудани эътирофи гуноҳ одамонро шиканҷа ва ё лату кӯб кардаанд. Баъзан онҳо барои раҳоӣ маҷбуранд ришва бидиҳанд".


Ба ақидаи хонум Баглер, хотирнишон кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз аввалин лаҳзаи боздошт, огаҳ намудани хешовандони онҳо, сабти боздошт дар асноди расмӣ ва муҳимтар аз ҳама - ҳузури вакили воқеии мудофиа ҳангоми истинтоқи мутттаҳам метавонад дар решакансозии шиканҷаву азият дар боздоштгоҳҳо саҳм гузорад.


Муҳаққиқи Амнести Интернешинал ёдовар шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ибтидои соли равон шиканҷаро ба ҳайси як банди алоҳида дар қонуни ҷиноии ин кишвар ҷой дод, чанд парвандаи таҳқиқу муҷозоти афсарони полис, ки дар азияти боздоштшудаҳо муттаҳам шудаанд, то додгоҳ расидааст, вале ҳанӯз ҳам ин кори кам аст.

Зимнан дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо шиканҷа, яъне 26 июн 14 созмони ғайридавлатии Тоҷикистон низ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хостанд, барои пешгирӣ аз мавридҳои шиканҷа, ки ба гуфтаи онҳо ба обрӯи кишвар латма мезанад, иқдомҳои ҷиддитареро рӯи даст бигирад. Дар баробари ин, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз президент Раҳмон дархост намуданд, "ба интиқоди умумии шиканҷа" пайваста ва роҷеъ ба "таҳаммулнопазирии комил" нисбат ба шиканҷа дар кишвар изҳороти расмӣ диҳад.


Рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вакили мудофиа Файзиннисо Воҳидова фикри Амнести Интернешиналро дастгирӣ намуд ва афзуд, ки қабули қонуни зидди шиканҷа фақат қадами аввал дар мубориза бо ин падидаи ногувор аст:


“Имрӯз бо ворид намудани чунин як модаи алоҳида дар қонуни ҷиноӣ вазъ тағйир наёфтааст. Чунки вақте фарди боздоштшуда дар мурофиаи судӣ дар бораи шиканҷа ва зӯроварӣ дар нисбаташ маълумот медиҳаду додгоҳ ҳеҷ чорае намеандешад, ин шаҳодати он аст, ки мақомоти додгоҳ қудрати таъмини адолати додгоҳиро надоранд. Инчунин бояд ба назар гирифт, ки афсарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аллакай дигар роҳҳои расонидани зарари ҷисмониро пеша кардаанд. Масалан, шахсони боздоштшуда ба вакилон мегӯянд, ба болои сари фарди боздоштшуда аввал китоб ё ягон чизи сахту кундро мемонанд ва рӯи он бо баклашка ё худ зарфи пластмасии саршор аз об мезананд, то изи ҷароҳати ҷисмонӣ намонад."

Вакили мудофиа Бузурмеҳри Равшан ҳам мегӯяд, бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад ва шиканҷа замоне воқеан решакан хоҳад шуд, ки на танҳо афроди масъули шиканҷа муҷозот шаванд, балки ниҳодҳои нозире, ки шиканҷаро нодида мегиранд, аз ҷавобгарӣ канор намонанд:


“Мушкил барои он боқӣ мемонад, ки вақте ҳамин ҳодисаҳои шиканҷа ошкор мешаванд, ҳатман бояд ки нисбати ин ҳодисаҳо ҳам ҷомеа огаҳ бошад ва ҳам мансабдороне, ки назорат намекунанд, аз кор гирифта шаванд. Умуман, прокуратураи генералӣ ҳоло ҳозир нест, ки назорати қонунро ба амал барорад. Фақат ягона метод ҳамин аст, ки матбуот мардумро огаҳ кунаду масъалаи аз мансаб барканор намудани чунин мансабдорон матраҳ шавад”.


Сарфи назар аз ихтилофҳо дар арзёбии вазъи шиканҷа дар кишвар, ҳамаи мусоҳибони Радиои Озодӣ умед доранд, ки шиканҷа ба моли таърих табдил меёбад. Ҳафтаи равон ба додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон нахустин парвандаи марбут ба шиканҷаи як навраси боздоштшуда аз ҷониби ходими баландпояи полис ворид шуд. Фаъолони ҳуқуқи инсон изҳори умед мекунанд, ки ин қазия барои дигар масъулони дастандаркори бозпурсиҳову шиканҷа хизмат мекунад.
XS
SM
MD
LG