Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Розӣ ва норозӣ. Вокуниши раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои интихобот


Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон. Акс аз хабаргузории Ройтерс
Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон. Акс аз хабаргузории Ройтерс

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи дувуми март натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумониро эълон кард, ки ба нафъи ҳизби ҳокими халқии демократӣ анҷом шудааст. Мақомот интихоботро ошкору шаффоф ва рақамҳои баёншударо воқеӣ хонданд, аммо мухолифон мегӯянд, ин интихобот бо тақаллуб олуда буд.

Бар асоси натиҷаҳои аввал, аз 63 курсии Маҷлиси Намояндагон 47 курсиро ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шудааст. Курсиҳои дигарро намояндагони панҷ ҳизби дигари сиёсӣ, ки аз онҳо гоҳе ба унвони "ҳамкори ҳизби ҳоким" ном бурда мешавад, ба худ ихтисос доданд. Ба иттилои расмӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ягона нирӯи мухолиф дар ин интихобот, садди 5-дарсадиро нагузашт ва натавонист вориди порлумон шавад.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) гуфт, ҳизбаш натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми мартро, ки ба иддаои ӯ "дар давоми дувоздаҳ соат се бор иваз шудааст", расман эътироф намекунад.

Раҳматилло Зоиров шоми 2-юми март дар изҳороти расмӣ гуфт: "Натиҷаҳои ибтидоии интихобот аз соати дуними шаб то шаши субҳи 2-юми март дигар буд. Аз соати шашуними субҳ то 11-и рӯзи душанбе тағйир ёфт. Дар ниҳоят, соати 15, пеш аз эълони натиҷаҳо дигар шуд."

Ӯ бовар дорад, натиҷаҳои ибтидоии интихобот "пас аз машваратҳои чандсоатӣ" ва ба қавли ӯ "амалӣ кардани қарори сиёсии раисҷумҳури Тоҷикистон" эълон шудааст.

Раҳматилло Зоиров мегӯяд, "натиҷаҳое, ки аз тарафи Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот хонда шуд, на ҳуқуқӣ, балки тасмими сиёсӣ ва сохтаву бофта аст".

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз раҳбарони ҳизбҳои дигар низ пурсиданд, ки бо натиҷаҳои эълонкардаи мақомот то куҷо розиянд.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки ҳизбаш ин дафъа ҳафт курсии порлумонро аз худ кард ва баъд аз ҳизби ҳоким дар ҷойи дувум аст, гуфт, умедвории онҳо аз ин ҳам бештар буд. Латифзода бовар дорад, “тарғиботи густарда дар миёни сокинони деҳаҳо” барояшон пирӯзӣ овардааст, чун ба гуфтаи ӯ, “ҳизб аз манфиатҳои кишоварзон пуштибонӣ мекунад”.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро чун пештара раисаш Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҳизби демократиро роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзода дар Маҷлис намояндагӣ хоҳанд кард.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон гуфт, бо як курсӣ қаноат мекунанд. “Мо кӯшиш мекунем, як курсӣ ҳам бошад, хубтар кор кунем”, -- афзуд ӯ.

Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, интихобот шаффоф баргузор шудааст ва афзуд, ки нозиронашон ягон мавриди тақаллубро мушоҳида накардаанд. Ин дар ҳолест, ки чанд мавриди овоз додани як нафар ба ҷойи чанд узви оила ба дурбини хабарнигорон ва мардум афтод ва ба расонаҳо роҳ ёфт.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз рӯи феҳрасти ҳизбӣ, ки дар садри он Рустам Қудратов истодааст, соҳиби чаҳор курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон шуд. Қудратов баъд аз эълони пирӯзӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ин шумораи вакилон метавонанд фраксия ташкил диҳанд.

Ин навбат Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ соҳиби ҳеч курсӣ нашуд, аммо ду узви он дар ҳавзаҳои якмандатӣ пирӯз гардида, ба порлумон роҳ ёфтанд. Раҳбарияти ҳизб дар бораи натиҷаҳои интихоб ҳанӯз чизе нагуфтааст.

Аз соли 1995 ба ин ин тараф ин интихоботи шашуми порлумонӣ дар Тоҷикистон буд. То кунун кишварҳои ғарбӣ ба интихоботҳои Тоҷикистон баҳои мусбат надода, онро ҳамвора олуда ба тақаллуб хондаанд. Аммо нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи дувуми март гуфтанд, интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе “демократӣ буд”.

Натиҷаҳои интихобот, вокуниши ҲСДТ ва назари коршиносони байналмилалиро дар зер хонед:

XS
SM
MD
LG