Вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон Равшан Собиров бо иттиҳоми гирифтани пора ба миқдори калон боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон интиқол дода шуд. Собиров ҳамчун Президенти ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ” декабри соли гузашта ба ҳайати ҳукумати нави Қирғизистон шомил шуда буд.
Дар иттилоияи расмии КДАМ гуфта мешавад, ки боздошти вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон Равшан Собиров бар пояи баёноти ёвари ӯ сурат гирифтааст, ки рӯзи 30 июн ба ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор доллар боздошт шуда буд. Дар ҷараёни бозпурсӣ, ёвари вазир гуфтааст, ки бо “дастури мустақими” раҳбараш Равшан Собиров пора меситонид. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ котиби матбуотии КДАМ гуфт, ки ёвари вазир дар баёноташ таъкид кардааст, ки дар гузашта мизони пора 5 ҳазор доллар буд, вале баъдан то 10 ҳазор доллар афзоиш ёфт.
Ёвари вазир ҳангоми гирифтани пора аз як ширкати хориҷӣ боздошт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, хоҳари вазири рушди иҷтимоӣ Барно Собирова дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки бародарашро рӯзи панҷшанбе дар соатҳое боздошт карданд, ки ӯ ба унвони шоҳид дар қазияи ёвараш барои додани баёнот ба КДАМ рафта буд. Вай гуфт, ки бародарашро рӯзи панҷшанбе ба мӯҳлати 48 соат боздошт кардаанд. Барно Собирова дар сӯҳбати телефонӣ аз Бишкек ба мо гуфт:
- Вақте ки хонаи ӯро дирӯз кофтукоб карданд, ман ҳам он ҷо ҳузур доштам. 4 июл баъд аз зӯҳр дар дохили утоқи кории вай, дар дохили мошин ва баъдан дар манзилаш хеле муфассал, ду-се соат дар ҳузури бародарам ва мо хонаро кормандони Кумитаи амнияти миллӣ кофтукоб карданд. Онҳо чизе пайдо накарданд.
Равшан Собирови 41-сола узви ҳизби «Ота Макон» декабри соли 2011 аз ҷониби парлумон ба ҳукумати нахуствазир Омурбек Бабанов шомил шуд ва нахустин тоҷике шуд, ки дар ҳукумати Қирғизистон ба вазифаи баланде соҳиб шудааст. Ӯро аз ин пеш чун президенти ҷамъияти тоҷикон ва ҳам як фаъоли ҷамъиятӣ мешинохтанд, ки дар Қирғизистон таваллуд ва бузург шудааст. Бо ихтисоси иқтисодчӣ ва ҳам ҳуқуқшинос дар Академияи дипломатии вазорати хориҷаи ин кившар таҳсил мекунад. Соҳиби панҷ фарзад аст.
Барно Собирова мегӯяд, ҳеҷ гоҳ бовар намекунад, ки бародараш пора мегирифт:
- Мо ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои марбут ба кори ӯ ва ҳамкоронаш дахолат намекардем. Ман чизи зиёд гуфта наметавонам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки вақте вазир шуд, ягон муовин ё коргари пешинаро нав накард. Вай мехост бо ҳамаи онҳо кор кунад.
Ба саволи мо оид ба ин ки шояд ин иттиҳом кори дасти душманонаш бошад, хонум Барно танҳо гуфт, “эҳтимол, ин ҳам буда метавонад”. Вай гуфт, ба ҳангоми кофтукоби манзил ҳарчанд барои сӯҳбат бо бародараш фурсате набуд, вале рафтори ӯ хеле оддӣ ва муназзам буд. “Вай ҳаросе надошт, чунки мояе барои ҳаросу тарс надорад, вай пора нагирифтааст”, гуфт хоҳараш. Барои дифоъ аз ҳуқуқи худ Равшан Собиров як вакили дифоъ гирифтааст.
23 декабри порсол баъди таъиноташ Равшан Собиров дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ифтихор дорад, ки чун танҳо депутати тоҷик дар ҳукумати нави Қирғизистон соҳиби вазифа шуд ва талош мекунад, ки барои кӯмак ба мардуми нодору ниёзманди ин кишвар, садҳо ҳазор ятимону нафақахӯрон хизмат кунад.