Бо қарори додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 7 март Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон ба 5 соли маҳрумият аз озодӣ дар колонияи низомаш шадид маҳкум шуд. Ӯро дар толори додгоҳ боздошт карданд, то ки баъдан ба зиндон интиқол ёбад. Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Қирғизистон гуфт, ки тамоми моликияти Равшан Собиров мусодира мешавад. Ёвари ӯ Тоҳир Мирзометов ба се соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Хабаргузории “Аки-Пресс” менависад, ки Собиров аз рӯи парвандаи “гирифтани ришва ва подош” ва ёвараш Мирзометов “барои мусоидат дар гирифтани ришва” маҳкум шудаанд. Хешовандони Собиров гуфтаанд, ки ҳукмро ноодилона арзёбӣ карда танҳо бар пояи нишондодҳои ёвари ӯ қарор қабул кардааст. Онҳо гуфтанд, ки ният доранд аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи Олии Қирғизистон шикоят кунанд.
Моҷарои марбут ба эҳтимоли порагирии вазири собиқ аз рӯи шикояти як созмони байналмилалӣ оид ба фарзандхонӣ сар зада буд. Коршинсон мегӯянд, ин соҳа солиёни дароз яке аз ношаффофтарин бахшҳои кори вазорати рушди иҷтимоии кишвар буда, муддатҳо пеш дар он системаи пинҳонии фурӯши атфоли ятим ба хориҷиҳо бунёд шудааст. Эҳтимолан Собиров қурбони ҳамин система шудааст, мегӯянд коршиносони қирғиз.
4 апрели соли 201 кормандони Хадамоти зидди фасоди Қирғизистон ҳангоми гирифтани ришва ёвари Собировро боздошт карданд ва вай гуфт, ки бо дастури вазир ин корро кардааст. Шоми ҳамон рӯз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар манзили Равшан Собиров амалиёти ҷустуҷӯ анҷом доданд, вале чизе пайдо накарданд. 5 июл худи Собиров ихтиёран ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба бозпурсӣ ҳозир шуд ва вайро дар он ҷо ба гумони ришвахорӣ боздошт карданд. 25 июл додгоҳи шаҳрии Бишкек Собировро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузаронид.
Равшанбек Собиров ягона вазири тоҷик дар ҳукумати кунунии Қирғизистон буд ва моҳи декабри соли 2011 аз ҷониби порламон ва ҳизби ҳокими “Ота Макон” ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуда буд. Вай ҳамзамон раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад. Равшан Собиров дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ баъди раҳо шуданаша аз мурофиаи додгоҳии 21 ноябр гуфта шуд, ки бегуноҳ аст ва иттиҳоми мазкур кори дасисаҷӯён аст. “Ин парвандаро барои ман сохта буданд. Ягон шоҳиде наёфтанд, ки шаҳодат диҳад. Гузашта аз ин, ёвари ман дар чаҳор бозпурсӣ дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки ба сари вай халта кашидаанд ва зери фишор аз вай эътирофот ситонидаанд. Ба вай гуфтаанд, ки ба онҳо “моҳии бузург” даркор аст ва шояд ҳамин “моҳии бузург”-ро дар симои ман медиданд. Ҳамаи шоҳидон ба фоидаи ман шаҳодат доданд ва додгоҳ маро сафед кард”, гуфта буд ӯ дар ин мусоҳибааш.
Радиои Озодӣ