Ин мулоқоти дуюми ду президент дар давоми чанд рӯзи гузашта мешавад. Ду раҳбар рӯзи 25-уми сентябр дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк низ гуфтугӯи кӯтоҳ доштанд.
Кохи Сафед дар изҳороте бидуни ҷузъиёт навишт, ки Байден Зеленскийро дар бораи ироаи ёриҳои бештари амниятии Амрико ба Украина хабардор кард. Иёлоти Муттаҳида пуштибони калидии Украина аст ва то ҳол ҳампаймонҳои ғарбии Украина ба ин кишвар миллиардҳо доллар кумаки низомӣ карда, Маскавро бо таҳримҳои зиёд ҷазо додаанд.
Зеленский аз замони сафараш ба Амрико бо ҳадафи ширкат дар Маҷмаи Умумии СММ, музокираҳои дипломатии зиёдеро бо тасмимгирандаҳои муҳими сиёсии ин кишвар барпо карда, “нақшаи пирӯзӣ”-ро бо мақомот дар миён гузоштааст. Дар бораи ҷузъиёти нақша иттилои каме ба матбуот роҳ ёфтааст.
Раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, нақшаи ӯ “пуле” ба самти хатми низоъ хоҳад буд ва матбуот навиштааст, ки ин нақша пуштибонии қавитари низомиву молии ИМА, замонатҳои амниятии бештар ва таҳримҳои иловагиро ба зидди Русия пешбинӣ кардааст.
Шахсони наздик ба Владимир Зеленский гуфтаанд, кафолати амниятии калонтарине, ки Киев мехоҳад ба даст орад, ин узвияти кишвараш дар НАТО аст, вале ин дархости Киев давоми солҳои зиёд аз ҷониби ИМА ва ҳампаймонҳои он бо шубҳа қабул шудааст.
Зеленский инчунин ишора кардааст, ки мехоҳад иҷозаи истифода аз мушакҳои дурпарвозро ба даст орад, то тавони расидан ба ҳадафҳои дарунтари Русияро дошта бошад, вале дар ин масъала ҳам дар миёни муттафиқони Киев назари ягона вуҷуд надорад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки субҳи 26-уми сентябр Русия беш аз даҳ минтақаи Украинаро мавриди ҳамла қарор дод ва дар Киев як кӯдак маҷрӯҳ гардид.
Дар ҷануби Запорожйе, ба иттилои раиси вилоят, дар пайи ҳамлаҳои Русия ҳафт нафар, аз ҷумла як писари 14-сола захмӣ шудаанд.