Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Хадамот афзоиши нархҳоро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод, баъзе аз вакилон розӣ нестанд. САДО, ВИДЕО


Вакилони порлумони Тоҷикистон. 2-юми декабри 2020
Вакилони порлумони Тоҷикистон. 2-юми декабри 2020

Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, гарон шудани нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла тухми мурғро ба "омилҳои берунӣ" рабт дод. Баъзе аз вакилони порлумон бо ин ҷавоб розӣ нестанд.

Ҳоло нархи як дона тухми мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон то 1 сомониву 30 дирам аст. Пештар 90 дирам арзиш дошт.

Болоравии нархи тухми мурғ ва маҳсулоти дигари хӯрокворӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр ва ҳангоми қабули иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" сурат гирифт. Баъзе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон аз раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостанд, ки масъаларо шарҳ диҳад.

Абдумаҷид Муъминзод гуфт: "Харҷномаи корхонаҳоеро, ки ба истеҳсоли тухм машғуланд, қабул кардем. Таҳлилҳо нишон дод, ки нарх, аз ҷумла нархи хӯроки мурғ дар хориҷа боло рафтааст. Агар нархи маҳсулот беасос боло бурда шавад, тибқи қарори ҳукумат аз сӯйи давлат танзим карда мешавад."

Абдумаҷид Муъминзод
Абдумаҷид Муъминзод

Тухми мурғ танҳо маҳсулоте нест, ки гарон шудааст. Арзиши маҳсулоти ниёзи аввал ба монанди орду шакару равған низ ба таври назаррас афзудааст. Аммо "омили берунӣ" номидани гаронии нархҳо аз сӯйи Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, норозигии баъзе аз вакилонро ба миён овард.

Садои раиси Хадамоти зиддимонополиро дар инҷо шунавед:

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ: "Омили берунӣ" сабаби афзоиши нарх аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00
Линки мустақим

Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси Намояндагон, хитоб ба Абдумаҷид Муъминзод гуфт, аксар анвои хӯрокворӣ барои паранда дар ҳудуди Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва пурсид:

"Агар гӯшт ё тухмро аз хориҷа ворид кунем, аз нархи тухм ва гӯшти мурғи Тоҷикистон арзонтар аст. Барои воридот имтиёз ҳаст. Аз бисёр чизҳо озод кардем, лекин ворид карда наметавонанд. Ин ҷо камбуд чӣ аст, манфиати касе ё гурӯҳи дигаре? Сохтори Шумо дар ҳамкорӣ бо мақомоти коррупсия, прокуратура ва палатаи ҳисоб назорат мекунанд? Шумо якҷо бо мутахассисон тафтиш кардед? Фикр намекунам, дар идораи Шумо шахсияте бошад, ки “ревизия” карда тавонад, дар ин бора чӣ гуфта метавонед?"

Садои Саидҷаъфар Усмонзода дар инҷост:

Суоли вакил Саидҷаъфар Усмонзода аз раиси Хадамоти зиддимонополӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00
Линки мустақим

Абдумаҷид Муъминзод ба ин суол посухи дақиқ надод, вале танҳо илова кард, масъалае, ки имрӯз дар ҳузури вакилон баррасӣ доранд, ҳамкории ниҳоди зери раҳбарияшро бо дигар мақомот, аз ҷумла додситониву коррупсия пешбинӣ кардааст.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, "пас аз қабули ин қонун бовар дорам, фаъолият дар ин самт ҷоннок мешавад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Афзоиши нархи тухм ва маҳсулоти дигар дар порлумон баҳс шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00
Вакилони порлумон
Вакилони порлумон

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Намояндагон низ ба ин баҳс ҳамроҳ шуд ва гуфт, ӯ ҳамчун шаҳрванд ба бозор меравад ва иддао кард, ки "пас аз пешниҳоди сабукиҳо дар самти парандапарварӣ нарх гӯшти мурғ ба маротиб поин шудааст".

Шикоятҳо аз гаронии нархи маҳсулот дар чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Баъзе аз сокинон мегӯянд, дар шароити пандемияи коронавирус даромадҳояшон кам шуда, нархҳо дар бозорҳо баръакс боло рафтаанд, ки зӯрашон ба хариди на ҳамаи маҳсулот мерасад.

Натиҷаи овоздиҳӣ дар ҷаласаи порлумон. 2-юми декабри 2020
Натиҷаи овоздиҳӣ дар ҷаласаи порлумон. 2-юми декабри 2020

Дар пайи баҳсу баррасиҳои афзоиши нархи маҳсулот, баъзе аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ борҳо таъкид намудаанд, ки роҳи ҳалли ин масъала дар беҳтар намудани шароити кори соҳибкорон ва афзоишу дуруст ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аст.

Вале мақомот ҳамвора ба "таъсири берунӣ" будани ин ҳолат таъкид мекунанд. Ҳафтае пеш айни чунин гапро раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ дар бораи афзоиши нархҳо ва поинравии қурби сомонӣ дар баробари доллар баён карда буд.

XS
SM
MD
LG