Сафархон акнун ба мактаб меравад ва дар синфи 6-уми мактаби таҳсилоти умумии шумораи 79--уми Душанбе таҳсил мекунаду, ҳамсинфон ва устодони нав ӯро хуш пазируфтаанд.
Бозгашти Сафархон ба пушти мизи дарсӣ пас аз нашри матлабе дар сомонаи «Озодӣ» сурат гирифт, ки дар мавриди рӯзгори сахти хонаводаи онҳо қисса мекард. Сафархон падар ва хоҳари маълул, модари мариз дораду бесарпаноҳ дар Боғи Рудакии Душанбе ва бемористонҳо шабро рӯз мекард.
Бо шумули чандин нафар афроди хайрхоҳ, ки ба ин хонавода дасти кӯмак дароз карданд, зане бо сифатҳои мардонагӣ ин хонаводаро аз зери барфу борон берун кашид, сарпаноҳи муваққатӣ доду, рӯзгорашонро таъмин кард. Ин зан Умринисо Шомилова, сокини Душанбе аст, ки тавассути ӯ Сафархон дубора ба мактаб баргашт.
Ин зан сарватманд нест, рӯзгори оддӣ ва номуси мардӣ дорад. Як дӯзандаи оддӣ аст, бо заҳмати нӯги сӯзан зиндагии хонаводаашро пеш мебарад ва инак то пайдо кардани сарпаноҳ, муваққатан аз гӯшаи рӯзгораш, хонаводаи маълули Турахон Каримовро зери боли раҳми худ гирифтааст.
Турахон Каримовро, ки 6 сол пеш аз сутунмуҳрааш зарб хурд, пойҳояш аз кор мондаасту роҳ рафтан наметавонад. Нафақаи хеле кӯчак дорад, ки барои зиндагиаш нокофист, аз ҳама муҳим ҷойи зист надорад. Ӯ ба афроде, ки пас аз нашри матлаби «Озодӣ» ба ӯ кӯмак карданд, ба вижа ба хонум Умринисо Шомилова, сипосу ташаккур менамояд.
Аммо мушкилоти Турахони маълул ва хонаводааш бо ин тамом намешавад. Ин хонавода ба хобгоҳ ва ё манзиле дар Душанбе ва нафақаи хубтаре ниёз дорад. Зеро ин осудагии рӯзгораш муваққатист ва нигарони дасти кӯмаки хайрхоҳон аст.