Дар нашри ахири маҷаллаи русии "Перекрёсток" - маҳсули муштараки 5 бахши Осиёи Марказӣ - мо ба мавзӯи омилҳои афзоиши тундгароӣ дар ин минтақа ва шеваҳои муқобилаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бо ин падида пардохтем. Инҷо шакли тоҷикии ин таҳлил ироа мешавад:
Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, тундгароии мазҳабӣ, дар мисоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки онро тундгароии исломӣ ном мебаранд, барои режимҳои худкомаи минтақа ба як навъ василаи тарс додан табдил шудааст. Онҳо ба мардум ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, агар моро ва ҳукумати моро намехоҳед, бубинед, чӣ касоне ба сари қудрат хоҳанд омад ва шумо бо киҳо сару кор хоҳед дошт.
Аз сӯи дигар, таҳлилгарон ифротгароии мазҳабиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як навъ роҳи инкори арзишҳои мазҳабӣ дар ҷомеа медонанд, арзишҳое, ки чун анъана дар ҷомеа қабул ва ҷойгузин шудааст. Ифротгароӣ ҳамчунин таблиғи «ақидаҳо»-и хасмонаест, ки ба чунин арзишҳову мафҳумҳо мухолифат дорад. Ҳадафи аслии ифротгароии мазҳабӣ ин аст, ки тундравҳо дини худро асосӣ ва бартар аз динҳову ақидаҳои дигари мазҳабӣ мешуморанд ва мехоҳанд дар ҷомеа ин ақидаҳо бартарӣ дошта бошанд.
Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ солҳои охир ба феҳристи созмонҳои мамнуъ, яъне ифротгаро созмонҳои бештарро ворид мекунанд ва пайравони чунин ақидаҳоро ба муҷозот мекашонанд, адабиёти таблиғотии онҳоро аз байн мебаранд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври расмӣ дин аз давлат ҷудост. Дар ин кишварҳо мазҳаби суннӣ ва равияи Ҳанафии он дини расмӣ шинохта шудааст ва мардум ҳам аслан аз ҳамин равия пайравӣ мекунанд. Равияҳои дигарро қабул надоранд ва онро берун аз қонун медонанд.
Суоле пеш меояд, ки оё дар кишварҳои Осиёи Марказӣ стратегияи пешгирӣ аз тундгароии мазҳабӣ ва ифротгароӣ вуҷуд дорад ва ин стратегия аз чӣ иборат аст? Саид Аҳмадов - раиси пешини Кумитаи умури дини Тоҷикистон ба ин суол чунин посух медиҳад: “Посухи аввалине, ки аз мавҷудияти чунин барнома гувоҳӣ медиҳад, фаъол кардани ақидаҳои миллӣ ба шумор меравад. Ин бад-он маъност, ки ба ҷои ақидаҳои мазҳабӣ ё исломӣ бояд ақидаҳои миллиро матраҳ ва пешниҳод кард. Нақшаи дуввуми стратегӣ, ки ман мехоҳам дар бораи он сӯҳбат кунам, ин ба баъзе самтҳо робита дорад, масалан, ба таълим дар мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ. Ин ақидаҳо таърихан ба ифротгароӣ то андозае дар мухолифат қарор доранд. Ман гуфта наметавонам, ки он комилан бо ифротгароӣ мухолиф аст. Инро мо ҳанафия мегӯем. Равия ё мазҳаби Ҳанафия бо мақомот наздик ва созгор аст. Ман фикр мекунам, ки мақомот бештар ҳамин мазҳабро барои ҷомеа созгор медонанд ва сари он ҳисоб мекунанд.”
Ҳайдар Ҷамол - раиси Кумитаи мусулмонони Русия дар бораи стратегияи пешгирӣ аз тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ислом ақидаи дигар дорад. Ӯ мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки такя кардан ба идеология ё ақидаҳои миллӣ барои муқобила бо ақидаҳои ислом аз тарафе маънои духӯра дорад. Ин роҳи муассир дониста намешавад ва онро аз ҷое барои худ қабул кардаанд, дақиқтар аз фаъолиятҳои амалии ислоҳотҷӯёнаи Отатурк дар солҳои 1920-1930. Дар он давра миллатгароии буржуозӣ, либерализм ва ақидаҳои пешбар якҷониба буданд. Барои ҳамин ман чунин сиёсатро барои мубориза бо ифротгароӣ роҳи муассир намедонам. Ҳоло коммунистҳои пешин ба либерализм дар ин ҷумҳуриҳо такя задаанд. Ин либерализм дар саросари ҷаҳон ҳоло ба нокомӣ рӯ ба рӯ шудааст. Чунин роҳ марҳилаи таърихии ба поён расида дониста мешавад. Яъне ин шева ба маънои мубориза дар ақибгоҳ дониста мешавад ва ноком ҳам мешавад. Вале Ислом идеологияи таъаррузӣ дорад, ки усули адолати иҷтимоиро муаррифӣ мекунад. Ин идеология ҷои идеологияи марксистиро мегирад, чун идеологияи марксистӣ ба бӯҳрон гирфтор шудааст.”
Маҷаллаи "Перекрёсток"-ро ба забони русӣ инҷо тамошо кунед:
Узбакистон: Саркӯб, саркӯб ва боз ҳам ...
Фаъолони байналмиллалии ҳуқуқи башар бар ин боваранд, ки Узбакистон бо ҳар гуна падидаи ғайримаъмулии мазҳабӣ муборизаи шадид мебарад. Ҳанӯз дар оғози солҳои 1990-ӯми қарни гузашта ҳукумати Ислом Каримов ба баҳонаи мубориза бо “тундгароии мазҳабӣ, ифротгароӣ ва бунёдгароӣ” муҷозотҳои шадидро дар қонунҳои кишвараш пешбинӣ кард.
Манобеи мустақил таъйид мекунанд, ки ҳоло дар ин кишвар на камтар аз 15 ҳазор нафар бо иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир, Ваҳобия, Салафия, Акрамия ва Ҳаракати исломии Узбакистон дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Ҳомиёни ҳуқуқ бар ин боваранд, ки аксари маҳбусоне, ки бо моддаҳои ифротгароӣ маҳкум шудаанд, бо ифротгароӣ иртибот надоранд. Дар Узбакистон доштани мактаби динӣ ё мадрасаи хусусӣ мамнуъ дониста мешавад. Коршиносон муътақиданд, ки маҳз ҳамин гуна сахтгириҳо нисбат ба фаъолиятҳои мазҳабӣ натиҷаи манфӣ додааст ва ҷомеаи мусулмонро бештар ба сӯи тундгароиву ифротгароӣ бурдааст.
- коршинос аз хабаргузории “Форум 18”, ки ахбору таҳаввулоти арсаҳои мазҳабии ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, мегӯяд: «Ҳеҷ гуна стратегия барои пешгирӣ аз радикализм вуҷуд надорад. Сиёсати мақомот ин аст, ки ҳокимиятро аз даст надиҳанд. Барои ҳамин ба онҳо озодии сухану матбуот даркор нест. Озодии виҷдону демократия ва озодона баргузор кардани ҳамоишҳо даркор нест. Экстремизм ё ифротгароӣ барои онҳо як навъ баҳонаи маҳдуд кардани озодиҳо дар ҷомеа аст. Дар чунин кишварҳо маҳдудиятҳо барои рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, аъзои созмонҳои мазҳабӣ ва иттиҳодияҳои синфӣ ё иттифоқҳои касаба вуҷуд дорад.”
Манъи "Ат-Такфир" дар Қазоқистон
Дар Қазоқистон мубориза бо тундгароии мазҳабӣ дар интернет низ ривоҷ ёфтааст. Танҳо дар давоми соли 2014 дар ин кишвар бештар аз 50 сафҳаи интенетиро барои таблиғи тундгароии мазҳабӣ ва терроризм бастанд. Моҳи октябри соли ҷорӣ порлумони Қазоқистон дар қонунҳои мавҷуда тағирот ворид намуд ва тадбирҳои зидди ифротгароиву терроризмро шадидтар кард.
Дар Қазоқистон билофосила баъд аз ҳукми додгоҳ созмонеро ифротгаро ё терористӣ эътироф мекунанд. Намунаи он созмони "Ат-Такфир-вал-Ҳиҷра" аст, ки дар миёнаи моҳи октябр яке аз додгоҳҳои ноҳявии шаҳри Остона онро созмони ифротгаро эълон кард. Бо вуҷуди ин ки бар зидди ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят бурдан мумкин аст, вале эълон карданд, ки бар зидди ин ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ касе ҳақи шикоят бурдан надорад. Вале пештар барои содир кардани чунин ҳукми додгоҳ ду моҳ мӯҳлат даркор буд. Роҳҳои муаррифӣ кардани созмоне чун созмони ифротгаро ё террористӣ моҳи октябр дар тағиру иловаҳо дар қонун соддатар карда шуд, яъне ба зудӣ мақомот метавонанд дар ин бора тасмим бигиранд. Ба ҳамин минвол мақомот хеле зуд метавонанд сомонаҳои интернетиро бибанданд ва фаъолияти нашрияеро мамнуъ эълон кунанд ё мақолаҳои онро дорои ангезаҳои террористӣ арзёбӣ намоянд.
Соли оянда дар Қазоқистон қонуни нави ҷиноӣ эътибор пайдо мекунад. Дар он барои ширкат дар фаъолияти созмонҳои ифротгаро ва террористӣ аз 3 то 7 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Ваҳҳобиҳо дар Туркманистон
Аммо дар Туркманистон, кишвари дигари Осиёи Марказӣ, то бубинем дар ин ҷо бо терроризму ифротгароӣ чӣ тавр бархӯрд мекунанд. Бо вуҷуди ин ки давлату ҳукумат назорати сартосариро дар ихтиёр дорад, вале натавонистааст аз пайдоиши рӯҳияи тундгароӣ дар ҷомеа пешгирӣ кунад. Дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин дар ғарби кишвар дар ноҳияҳои Лебоп ва Марв далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз густариши равандҳои тундгароӣ дар зиндагии рӯзмарраи мардуми маҳаллӣ гувоҳӣ медиҳад.
Аннамурод Бугаев – ҷомеашиноси туркман мегӯяд: “Мегӯянд, ки мо туркманҳо ба равияи Имоми Аъзам вафодор ҳастем. Вале баъзе анъанаҳое ҳаст, ки ваҳҳобиҳо ба он мухолиф баромадаанд. Масалан, чанд сол пеш дар маросимҳои арӯсӣ мардону занон бо ҳам дар сари миз менишастанд ва маросими арусиро ҷашн мегирифтанд. Вале ҳоло тундравҳо мегӯянд, ки ин кор бар хилофи шариат аст. Ин равиш бештар дар деҳот мушоҳида мешавад ва чунин ҳаракатҳо вуҷуд дорад.”
Роҳи баромад куҷост?
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баъзе намояндагони мақомоти давлатӣ бовар доранд, ки пешгирӣ аз густариши тундгароӣ дар ҷомеа наметавонад ба танҳоӣ кори як кишвар бошад, балки кишварҳои минтақа дар ҳамкорӣ бо якдигар бояд бо ифротгароиву тундгароӣ мубориза кунанд, масалан, як ҷо бо кишварҳои узви созмонҳои минтақаӣ, мисли Созмони ҳамкории Шанхай ё Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ. То чӣ андоза чунин мубориза муассир ё самарбахш аст?
Исломшиноси маъруфи Русия Ҳайдар Ҷамол ба ин суол чунин посух медиҳад: “Дар ҳамаи ин кишварҳо, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ умумият вуҷуд дорад ва вазъ ҳам дар ин кишварҳо то андозае бо якдигар монанд аст, албатта Қирғизистон каме фарқ мекунад. Вале кишварҳои дигар, масалан, Русияву Чин барномаҳои дигар доранд. Манофеашон ҳам аз дигарон фарқ дорад. Ба ҳамин далел наметавон мунтазир шуд, ки Маскав ва Пекин дар шароити бӯҳрони доманадори сиёсӣ барномаҳои худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг кунанд.”
Вале акнун Саид Аҳмадов- коршиноси тоҷик ва раиси собиқи Кумитаи дини Тоҷикистонро мешунавем: “Мубориза барои боздоштани ифротгарии мазҳабӣ бояд дар қаламрави ҳар кишвар анҷом бигарад. Раҳбарони кишварҳо бояд ба он роҳ надиҳанд, ки дар ҷомеа рӯҳияи тундгароӣ барои худ мавқеъ пайдо кунад. Онҳо бояд нақшаҳои мушаххаси муқобилият бо чунин равандҳоро дошта бошанд ва ҳамчунин мубориза бо баъзе равандҳои мушобеҳ ё терроризм ва амсоли онро. Барои ҳамин таҳияи роҳҳои умумии мубориза ё аксуламал ба чунин равандҳо ғайриимкон аст, чунки ҳар кишвар дидгоҳҳои худро роҷеъ ба ин масъала дорад.”
Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, тундгароии мазҳабӣ, дар мисоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки онро тундгароии исломӣ ном мебаранд, барои режимҳои худкомаи минтақа ба як навъ василаи тарс додан табдил шудааст. Онҳо ба мардум ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд, агар моро ва ҳукумати моро намехоҳед, бубинед, чӣ касоне ба сари қудрат хоҳанд омад ва шумо бо киҳо сару кор хоҳед дошт.
Ба ақидаи коршиносон, маҳз ҳамин масъалаи мубориза бо тундгароии мазҳабӣ кишварҳои Ғарбӣ ва созмонҳои байналмиллалиро ба ақибнишинӣ водор мекунад ва онҳо дар масъалаи анҷоми ислоҳоти демократӣ дар ин кишварҳо бетарафиро ихтиёр кардаанд.
Барои ҳамин таассурот ин гуна аст, ки вазъи кунунӣ гӯё ҳамаро қонеъ мекунад, ҳам ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ва ҳам кишварҳои Ғарбӣ ва созмонҳои байналмиллалиро, зеро онҳо дар симои ин ҳукуматҳо ҳади ақал зомини суботу амният дар ин минтақаро мебинанд.
Вале ин нукта низ набояд фаромӯш шавад, ки фақру бекорӣ ва беҳуқуқӣ омилҳои аслии густариши тундгароии мазҳабӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буданд ва боқӣ хоҳанд монд агар бекорӣ, беҳуқуқӣ ва фақр аз байн наравад.