Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ суолу ҷавоб дар бораи коронавирус


Бемории ҳамагири COVID-19, ки охири соли гузашта кашф шуд, то кунун ба беш аз 2 миллиону 880 ҳазор нафар дар ҷаҳон сироят кардааст. 202 ҳазор нафар он фавтида, зиёда аз 815 ҳазор кас шифо ёфтаанд.

Ҳар рӯз даҳҳо нафар мепурсанд, ки КОВИД-19 чӣ гуна беморист, нишонаҳояш кадом аст ва чӣ гуна мешавад аз он пешгирӣ кард? Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ посухҳои гуногун додаанд. Мо 9 суолу ҷавобро дар бораи коронавирус, ки ангезандаи КОВИД-19 аст, аз Маркази Аврупоии Пешгирӣ ва Назорати Бемориҳо ба Шумо пешкаш мекунем:

1. Нишонаҳои сирояти бемории COVID-19 кадом аст?

Аломатҳои асосие, ки натиҷаҳои озмоиши гирифторон нишон додааст, инҳоянд:

  • таб 88%,
  • сур(л)фаи хушк 68%,
  • хастагӣ 38%,
  • резиши оби бинӣ 33%,
  • нафастангӣ 19%,
  • гулӯи хушк 14%,
  • дарди сар 14%,
  • дарди мушакҳо 15%.

Ду аломати дигар, ки бисёр кам дар беморон мушоҳида мешавад, шикамдард ва қай кардан будааст. Мушоҳидаҳои табибон нишон додааст, ки беморӣ дар муддати аз 5 то 6 рӯз аз худ дарак медиҳад ва 14 рӯз ҳам мекашад, ки худро маълум кунад. Таҳқиқоти ба тозагӣ анҷомшуда нишон додаанд, ки бояд ҳадди ақал 14 рӯз мунтазир шуд, то мавҷудияти вирус дар бадани инсон маълум шавад.

2. Киҳо бештар дар баробари беморӣ осебпазир ҳастанд?

Асосан пиронсолони бемор, ба мисли гирифторони фишори баланди хун, бемории қанд ва дил, мубталоёни саратон осебпазиртарин гурӯҳ ҳастанд.

3. Хатари сирояти вирус ба кӯдакон ҳаст?

Кӯдакон аҳёнан бемор мешаванд ва онро осон мегузаронанд. Таҳқиқи фарогире дар Чин нишон додааст, ки андаке беш аз 2 дар сади гирифторон онҳое будаанд, ки ба 18-солагӣ нарасидаанд. Фақат вазъи камтар аз 3 дарсади гирифторон аз ин гурӯҳ вазнин ва ё фавқулода бад шудааст.

4. Агар бо бемори COVID-19 дар тамос будам, бояд чӣ кор кунам?

Мақомоти ҷойи зисти худро хабардор кунед, то ба Шумо қадамҳои баъдиро тавсия бидиҳанд, ки чӣ кор бояд кунед. Агар аломатҳое аз беморӣ зоҳир шавад, зуд ба табиби худ муроҷиат кунед ва бигӯед, ки бо гирифтори COVID-19 тамоси мустақим доштед.

5. Оё ваксинаи зидди ин вирус вуҷуд дорад? Барои офаридани ваксина чӣ қадар вақт лозим аст?

То имрӯз ваксина ба зидди коронавирусҳое, ки ба инсон сироят мекунанд, вуҷуд надорад. Аз ҷумла, ба зидди COVID-19. Барои ҳамин бисёр муҳим аст, ки пеши роҳи сироят ва густариши вирус гирифта шавад. Барои таҳияи ваксина вақт зарур аст. Чанд ширкати дорусозӣ барои офаридани он кор мекунанд, вале моҳҳо, ё солҳо зарур аст, то ваксина барои оммаи васеъ истеҳсол шавад. Чунки аввал хуб озмоиш шаванд ва маълум кунанд, ки то чӣ ҳад самаровар ва безарар ҳастанд.

6. Ман имсол ваксина ба зидди зукоми одӣ нагирифтам. Оё аз бемории COVID-19 эмин ҳастам?

Зуком ва вирусе, ки бемории COVID-19 бармеангезад, ду вируси комилан дигар ҳастанд ва ваксина ба зидди зуком Шуморо аз COVID-19 эмин нигаҳ намедорад.

7. Хатари сирояти вируси COVID-19 аз ҳайвонҳои хонагӣ ва дигар ҷонварҳо вуҷуд дорад?

Коронавирусҳо метавонанд, аз як ҳайвон ба ҳайвони дигар ва ё инсон сироят кунанд. Вале ягон далели собит нест, ки ҷонварҳои хонагӣ ба мисли саги шумо хатари сироят ба инсонҳо дошта бошанд. Ба ҳар сурат, барои эҳтиёт ҳангоми тамос бо ҷонварҳо бояд меъёрҳои асосии беҳдоштӣ риоят шаванд.

8. Хуруҷи бемории COVID-19 чӣ қадар идома мекунад?

Мутаассифона, наметавонем, муддати идомаи сироят ва васеътар шудани пандемияи бемориро пешбинӣ кунем. Мо бо вируси наве сарукор дорем, барои ҳамин бисёр чиз номаълум аст. Масалан, намедонем, ки оё сирояти вирус дар нимкураи шимолии Замин ба таври табиӣ мисли зукоми маъмулӣ дар тобистон камтар мешавад, ё не.

9. Чӣ гуна аз ин вирус эмин бошам?

Вирус ба ҷисми инсон аз роҳи чашм, бинӣ ва ё даҳон ворид мешавад. Барои ҳамин, бояд дастони ношустаро ба рӯи худ нарасонед. Тавсия медиҳанд, ки дастони худро бо собун на кам аз 20 сония бишӯед, ё бо маҳлулҳои тиббие, ки спирт доранд, пок кунед. Тавсияи дигар ин аст, ки аз афроди мубтало ба COVID-19, ки аломатҳои бемориро доранд, на камтар аз 1 метр дур бошед, то хатари сирояти вирус аз тариқи роҳҳои нафас ба шумо камтар шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG