Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Квотаи ҳаҷҷ барои волидони ихтиёриёни хизмат дар артиш


Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён.
Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён.

Ҳукумати ноҳияи Қубодиён 80 сокини маҳаллиро, ки писар ё набераашонро довталабона барои адои хизмати сарбозӣ дар Артиши Тоҷикистон сафарбар кардаанд, бенавбат ба ҳаҷҷ мефиристад.

Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки ноҳияи Қубодиён дар 15 соли охир нақшаи даъвати ҷавонон ба Нерӯҳои мусаллаҳи кишварро иҷро карда наметавонист, ҳукумати маҳаллӣ барои ҳавасмандсозии мардум ва ташвиқи хизмати аскарӣ чунин иқдомро пеша кардааст.

«Ба волидони даҳҳо ҷавоне, ки ихтиёран ба сафи Артиш пайвастанд, квотаи ҳаҷҷ тақдим кардем. Ҳамчунин барои як қисми дигар, ки фарзандашон дар Артиш хизмат карда истодаанд, қитъаҳои замин ихтисос додем, то ки фарзандашон баргардаду соҳиби хонаву дар бошад. Дар барпокунии базми арӯсию домодиашон ҳам мусоидат хоҳем кард. Ин буд, ки мо аввалин шуда, дар 15 рӯз нақшаи даъвати баҳориро иҷро кардем», - мегӯяд С. Бекназаров.

Раиси ноҳияи Қубодиён ҳамчунин афзуд, ки дар миёни ҷавонон иддае ҳам ҳастанд, ки ба хотири парҳез аз адои хизмати низомӣ аз ҳар воситаҳои ғайриодие ҳам кор мегиранд: «Бархе аз ҷавонон то 20-солагиашон дар мактаби миёна таҳсил мекунанд ва ҳар сол аз синфашон монда, дар синфи 11-ум мехонанд. Мо инро таҳлил кардем ва фаҳмидем, ки онҳо ҳадафмандона аз синфашон бозмемонанд, чун намехоҳанд ба артиш пайванданд. Магар 20-сола ҷавон, оне, ки ба балоғат расидааст, хуб аст, ки дар мактаби миёна бошад? Оё ин хел мавридҳо ҷомеаро халалдор намекунанд? Мо мардумро бо ҳар роҳ ҳавасманд кардем, ки ихтиёран фарзандашонро ба аскарӣ фиристанд. Онҳо барои Ватан хизмат мекунанд».

Ҳукумати Қубодиён ба модарони тамоми аскароне, ки имсол ба сафи сарбозони Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шомил шудаанд, 5-метри матои атлас ва «Сипоснома»-и ҳокимияти иҷроияро додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ раиси ноҳияи Қубодиён аз сокинони маҳаллӣ даъват карда буд, барои ҷавонмардоне, ки хизмати сарбозӣ дар Артиши Тоҷикистонро адо накардаанд, духтарашонро ба занӣ надиҳанд. Саъдулло Бекназаров дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ ба фаъолони ҷомеа хитоб карда гуфта буд, ки «пайвастан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони солим шарти ҳатмист ва беҳтар аст онҳо танҳо пас аз адои ҳарбӣ барои издивоҷ тасмим гиранд».

Таҳлилгарон пайравӣ кардани мардум аз ин пешниҳоди мансабдори тоҷикро зери шубҳа бурда буданд. «Ҳоло мардум ба ҳангоми тасмимгирӣ дар издивоҷ ба ҷавонони дорои билети ҳарбӣ бартарӣ намедиҳанд. Дар ду даҳсолаи охир дар пасманзари ҷанги шаҳрвандӣ ва талафоти зиёди ҷонии сарбозони нерӯҳои мусаллаҳ дар амалиётҳои гуногуни ҷангӣ, хизмати ҳарбӣ барои бархе ҷавонони тоҷик ба қавле «престиж» нест», - мегӯяд Умаралии Сафаралӣ, коршиноси тоҷик.

Дар ҳамин ҳол, бо назардошти ин ки дар соли ҷорӣ 15 ҷавони маҳаллӣ бо иттиҳоми пайравӣ ба «Ҳаракати исломии Узбакистон» аз ҷониби мақомоти интизомию қудратӣ боздошт шудаанд, ҳукумати ноҳияи Қубодиён барномаи идеологие таҳия кардааст, ки фарогири садҳо ҷавони маҳаллӣ хоҳад буд.

«Аксари ин ҷавонон аз деҳаи узбактаборони Қизил Нишон ҳастанд, ки дар соли гузашта низ чанд парвандаи мушобеҳ кушода шуда буд. Мо тадқиқоти сиёсие дар ин маҳал анҷом додем ва маълум шуд, як қабилае дар Қизил Нишон ҳанӯз қабл аз инқилоби Октябр дар аввалҳои қарни гузашта сукунат пайдо кардаанд, ки худро аз нажоди 37-38-уми Муҳаммад Паёмбар (с) мешиносанд. Аммо ҳоло донишҳои динию мазҳабии ҷавонони ин маҳал чандон қавӣ нест ва баъзе гуруҳҳо аз ин сӯйистифода мекунанду онҳоро ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ ҷалб месозанд», - зикр кард С. Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён.

Баргузории намоишномаҳои консертию панду ахлоқӣ дар Қизил Нишон, тақдими садҳо адад антеннаи телевизионӣ ба тамоми оилаҳои ин деҳаи узбакнишин ба хотири ин ки барномаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистонро тамошо кунанду забони тоҷикӣ омӯзанд, мусоидат кардан ба идомаи таҳсили баъзе аз ҷавонони ин деҳ дар донишгоҳу донишкадаҳо – аз нуқоти аслии барномаи ислоҳи вазъ мебошад, ки ҳукумати Қубодиён рӯйи даст гирифтааст.

Ҳамчунин ҳукумати Қубодиён 30 нафар аз ҷавонони маҳаллиро бо пули буҷа роҳии мактаби ронандагӣ кардааст, то таҳсил намуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шаванд. Ҳадафи ин иқдом ҳам машғул доштани ҷавонон аст ва ҳамзамон ин ҷавонон қавл додаанд, ки дар тирамоҳи соли ҷорӣ довталабона ба сафи артиши Тоҷикистон хоҳанд пайваст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки дар ҳамсоягии ноҳияи Қубодиён воқеъ аст, баҳори имсол 22 толибилми мактабҳои миёна ба артиши миллӣ сафарбар шудаанд. Додситонии ҳарбӣ алайҳи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода, то имрӯз дақиқ кардааст, ки дастикам 13 нафар аз ин муҳассилони мактабҳо ғайриқонунӣ ба хизмати сарбозӣ ҷалб шудаанд.
XS
SM
MD
LG