Раёсати ин донишгоҳи исломии Ал-Азҳари Миср дар як изҳороти расмӣ гуфтааст, онҳо ҳар сол даҳҳо донишҷуёни хориҷиро ихроҷ мекунанд ва имсол ҳам сабаби аз донишгоҳ ронда шудани ин теъдод донишҷуён риоя нашудани қоидаҳои таҳсил ва ҳозир нашудани онҳо ба дарс будааст, на чизи дигар.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта, расонаҳо ихроҷи 300 донишҷӯи хориҷии донишгоҳи исломии Ал-Азҳари Мисрро ба “эҳтимоли пайвастани ин донишҷӯён ба созмони террористии “Давлати исломӣ” рабт додааанд. Радиои Озодӣ дар як гуфтугӯ бо Муҳаммадамин Қаюмов, унвонҷӯи донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ва собиқ раҳбари Иттиҳоди донишҷӯёни тоҷики ин донишгоҳ, нахуст дар мавриди ихроҷи донишҷуёни хориҷӣ аз ин муассисаи таълимӣ пурсид:
Муҳаммадамин Қаюмов: Ихроҷи донишҷуёни хориҷӣ рабте ба мавзӯи “пайвастани онҳо ба сафи ДОИШ” надорад. Сабаби асосӣ иштирок накардан дар дарс ва аз курсҳои болоӣ афтидани онҳо аст. Ҳоло дар ин донишгоҳ ҳудуди 40 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад, ки ихроҷи 300 донишҷӯ чандон зиёд нест ва як чизи маъмулӣ аст. Лекин Ал-Азҳар ин хабарро комилан рад кард ва шӯъбаи матбуотии назди шайхи Азҳар - Аҳмад Тайиб низ дурӯғ будани ин хабарро тасдиқ намуд. Ин изҳорот тавассути парлумони донишҷуёни хориҷии Миср ба мо расид. Дар он гуфта мешуд, ки раёсати донишгоҳ ҳеҷ донишҷӯро барои пайвастан ба ДОИШ ихроҷ накардааст ва агар ихроҷ кардаанд, ба сабаби қафо мондан аз дарсҳо аст. Ин чиз дар шартномаи донишгоҳ низ вуҷуд дорад. Ҳатто шайхи Азҳар ҳам шадидан ин хабарро рад карда гуфтааст, ки ҳадафи донишгоҳ маҳз таълим додани ислом аст, на бештар аз ин. Дар мавриди он ки миёни ин донишҷӯён тоҷикон низ ҳастанд ё не, чизе гуфта нашудааст, зеро ин кори маъмулист ва ҳамасола даҳҳо донишҷӯи хориҷӣ аз ин донишгоҳ ихроҷ мешаванд.
Радиои Озодӣ: Ҳамчун исломшиноси ҷавон, дар бораи онҳое, ки мегӯянд "барои “ҷиҳод” ба Сурия мераванд", чӣ назар доред?
Муҳаммадамин Қаюмов: Расули акрам (с) мефармояд, ки “ҳар мусалмоне, ки бар зидди мо силоҳ бардорад ва фарқе байни кофару мусалмон накунад, пас он мусалмон аз ҷумлаи мо нест. Агар шахсе, ки ҷоҳилона қатл мекунад ва намедонад, ки ин ҷиҳод ба нафъи кист, ӯ киро мекушад, пас ин шахс агар бимирад, гӯё дар ҷоҳилият мурдааст”.
Радиои Озодӣ: Мақомоти тоҷик чанд соли охир таҳсили донишомӯзонро дар кишварҳои исломӣ маҳдуд кардаанд. Шумо низ барои бозгашт ба ватан даъват шуда будед?
Муҳаммадамин Қаюмов: Соли 2004 ман аз ҳисоби бурсияҳои Кумитаи дини Тоҷикистон барои таҳсил ба ин донишгоҳ омадам. Баъди хатми донишгоҳ ҳоло барои идомаи таҳсил дар бахши магистратура мехонам. Маҳдудиятҳо албатта ҳастанд. Вале касе Азҳарро маҳдуд накардааст. Ман худам шоҳид ҳастам, ки вақте аз донишгоҳ дар як варақ исботи қайд гирифта ба Тоҷикистон равон мекунем ва вақте онҳо мутақоид мешаванд, ки мо дар Азҳар таҳсил мекунем, барои мо мушкиле пеш намеоянд. Албатта, байни ҳукумати Тоҷикистон ва Азҳар ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.
Радиои Озодӣ: Ҳоло чӣ теъдоди донишҷуён онҷо ҳастанд ва шароити зиндагӣ чӣ хел аст?
Муҳаммадамин Қаюмов: Ҳоло дар инҷо ҳудуди 40 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекунад, аммо дақиқан гуфта намешавад, ки аз кишварҳои хориҷӣ чӣ теъдод донишҷӯ дорад. Албатта, имрӯз дар донишгоҳи маъруфи Азҳар тахминан ҳудуди 700 донишҷӯи тоҷик писарон ва ҳам духтарон таҳсил мекунанд. Донишҷуёни тоҷики Азҳар аксаран дар баробари таҳсил кор мекунанд. Онҳо бештар ба тиҷорат машғул буда, рӯзи худро аз ҳамин ҳисоб мегузаронанд. Вале онҳое ҳам, ки аз ҳисоби волидон таҳсилу зиндагӣ доранд, кам нестанд.
Радиои Озодӣ: Баъди бозгашт ба Тоҷикистон ва бо дипломи донишгоҳи исломӣ чӣ нақша доред? Метавонед соҳиби ҷои кори мувофиқ шавед?
Муҳаммадамин Қаюмов: Фикр намекунам, ки ман бо ин диплом дар кишвари худам ҷои кор наёбам. Чун донандаи хуби мазҳаби Имоми Аъзам ҳастам ва дар умум, то андозае мутахассиси фиқҳи исломӣ низ мебошам. Албатта, мехоҳам, дар ватани худам, ҳамчун як шаҳрванд хизмат кунам, шарт нест, ки вазифа дошта бошам, ҳизб кушояму болои минбар бароям. Ман дар баробари таҳсилам, чанд касбро аз худ кардаам”.
Радиои Озодӣ: Як соли пеш чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи Ҷиззаи Миср дастгир шуданд ва мақомот онҳоро дар ҳамдастӣ бо ДОИШ муттаҳам карданд. Ду нафари онҳо донишҷӯи Азҳар буданд. Ҳоло аз ин донишҷуён хабаре ҳаст?
Муҳаммадамин Қаюмов: Бале, дар ҳақиқат чаҳор нафар боздошт шуда буд, ки ду нафараш донишҷӯи Азҳар буд. Аммо ин воқеа ин тавр рух додааст: ҳамон рӯзе, ки дар назди вазорати хориҷаи Миср таркиш шуд, мутаассифона, ин чаҳор нафар дар ин минтақа дастгир шуданд ва баъзе иттиҳомот алайҳи онҳо эълон шуд. Ҳарчанд онҳо ҷинояткор не, балки ҳамчун гумонбар боздошт шуданд. Ҳамон замон танҳо як нафари онҳо баъд аз бозпурсӣ озод шуд, вале то ҳол се нафари дигар дар боздошт ҳастанд ва дигар маълумоте дастрас нест. Чун аз амнияти Миср маълумот дастрас кардан мушкил аст.