Ин рақамро Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия, дар саҳифааш дар "Телеграм" навишт. Дар ин муддат, ба иттилои ӯ, зиёда аз панҷуним ҳазор муҳоҷирро дар боздоштгоҳҳои муваққатии хориҷиён ҷой додаанд.
Ирина Волк мегӯяд, баъд аз сахттар кардани назорат бар ҷараёни муҳоҷират, корфармоён дар бораи бастани қарордоди корӣ бо муҳоҷирон ба мақомот бештар хабар медиҳанд.
Мақомоти Русия баъд аз ҳамла ба “Крокус” бо баҳонаи мубориза бо терроризм ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро бидуни кадом сабабе ба ин кишвар роҳ надоданд.
Вазъият то ҳадде тоқатфарсо шуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороте онро бар хилофи рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Душанбеву Маскав донист.
Тавре ба назар мерасад, раванд тағйир наёфтааст ва моҳи август ба қонунгузории Русия чанд тағйироте ворид шуд, ки шароити будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мегардонад.
Даҳҳо тарҳи дигар, ки низ ба маҳдуд намудани вуруд ва кору зиндагии муҳоҷирон дар Русия равона шудааст, дар баррасӣ мебошад.