Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии Аврупо-2024: Англия ва Испания ба чорякфинал роҳ ёфтанд


Рӯзи якшанбеи 30-юми июн ду бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон доир гардид.

Мунтахаби Англия бар тими Словакия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ, ки дар шаҳри Гелзенкирхен доир гардид, инглисҳо дар замони изофа ғолиб гаштанд. Ба голи ҳамлагари Словакия Иван Шранс дар дақиқаи 25-ум бозигари тими Англия Ҷуд Беллингем дар дақиқаи 90-ум посух дод. Голи ғалабаоварро дар дақиқаи аввали қисми якуми замони изофа (91‑ум) Ҳарри Кейн ба самар расонид.

Дар бозии дигари ҳаштякфинал, ки дар шаҳри Кёлн сурат гирифт, мунтахаби Испания тими Гурҷистонро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Дар дақиқаи 18‑ум ҳимоятгари мунтахаби Испания Ле Норман тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Баъди ин испаниҳо чаҳор гол заданд: Родри (39), Фабиан Руис (51), Нико Уилямс (75) ва Дани Олмо (83).

Дар ¼ финал мунтахаби Испания бо Олмон (5-уми июл) ва Англия бо Швейтсария (6-уми июл) рақобат мекунанд.

Қаблан дастаҳои мунтахаби Швейтсария ва Олмон ба даври ¼-ниҳоӣ роҳ ёфта буданд. Швейтсариҳо ба қаҳрамони феълии Аврупо – Италия ва олмониҳо ба Дания бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд.

Дастаҳои мунтахаби Италия, Дания, Словакия ва Гурҷистон, ки аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд, мусобиқотро тарк мекунанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок кард. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои севум ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания ва Италия аз гурӯҳи В, Англия, Дания ва Словения аз гурӯҳи С, Австрия, Фаронса ва Ҳолланд аз гурӯҳи D, Руминия, Белгия ва Словакия аз гурӯҳи Е, Португалия, Туркия, Гурҷистон аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромаданд.

Бозиҳои даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо дар Олмон, ки 29-уми июн шуруъ шуданд, то рӯзи 2-юми июл идома меёбанд. Бозии ниҳоӣ 14-уми июл дар Берлин доир мегардад.

Нишонзанҳои қаҳрамонии Аврупо-2024:

Ҷамол Мусиала (Олмон) – 3 гол

Иван Шранс (Словакия) – 3 гол

Жорж Микаутадзе (Гурҷистон) – 3 гол (2 – аз пеналти)

Ҷуд Беллингем (Англия) – 2 гол

Коди Гакпо (Нидерланд) – 2 гол

Кейн Ҳарри (Англия) – 2 гол

Руис Фабиан (Испания) – 2 гол

Никлас Фюллкруг (Олмон) – 2 гол

Марин Рэзван (Руминия) – 2 гол (1 – аз пеналти)

Кай Ҳаверс (Олмон) – 2 гол (2 – аз пеналти)

Қаҳрамонии Аврупо-2024

1/8 финал:

Швейтсария — Италия – 2:0

Олмон — Дания – 2:0

Англия — Словакия – 2:1

Испания — Гурҷистон – 4:1

Фаронса — Белгия. 1 июл, 20:45

Португалия — Словения. 1 июл, 23:45

Руминия —Нидерланд (Ҳолланд). 2 июл, 20:45

Австрия — Туркия. 2 июл, 23:45

5 июл, ҷумъа:

1/4 финал, Испания – Олмон, 20:45

1/4 финал, 23:45

6 июл, шанбе:

1/4 финал, Англия – Швейтсария, 20:45

1/4 финал, 23:45

9 июл, сешанбе:

1/2 финал, 23:45

10 июл, чоршанбе:

1/2 финал, 23:45

14 июл, якшанбе:

Финал, 23:45

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG