Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири қонун. Путин баъди соли 2024 ҳам президенти Русия хоҳад монд. ВИДЕО


Президенти Русия Владимир Путин дар Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия. 10-уми марти соли 2020
Президенти Русия Владимир Путин дар Думаи давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия. 10-уми марти соли 2020

Думаи давлатии Русия, палатаи поёнии порлумони ин кишвар, Қонуни асосии Русияро тавре тағйир дод, ки ба Владимир Путин имкон медиҳад, барои давраи нави президентӣ дар соли 2024 низ номзад шавад.

Давраи президентии Путини 67-сола дар соли 2024 ба охир мерасад ва бино бар Қонуни асосии Русия вай дигар ҳақ дошта наметавонист, номзади раёсатҷумҳурӣ шавад. Вале тағйире, ки ба ин қонун ворид карда шуд, акнун барояш имкон хоҳад дод, аз соли 2024 сар карда боз ду давраи дигар президенти Русия бошад.

Пеш аз он ки Путин ба ин ислоҳи қонуни асосӣ ризоият диҳад, узви ҳизби ӯ, нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова пешниҳод кард, ҳамаи муҳлатҳои гузаштаи президентии Путин бекор ва ба сифр баробар карда шаванд. Путин ин пешниҳодро дастгирӣ кард ва гуфт, розист, агар ин пешниҳод аз ҷониби Суди конститутсионӣ пуштибонӣ шавад.

Терешкова пешниҳодашро бо он асоснок намуд, ки "эҳтимоли иштироки Путин дар интихобот омили оромии ҷомеа хоҳад буд."

Владимир Путин дар соли 2012, пас аз чаҳор соли як "қалъабандӣ"-и мансаби президентӣ бо рафиқаш Дмитрий Медведев, ба курсии президентӣ баргашт. Ва ҳанӯз он вақт тахминзаниҳо сар шуд, ки ӯ чанд муддат дар ин курсӣ хоҳад монд? Оё то соли 2018 ё эҳтимол то соли 2024, вақте ки бо монеаи конститутсионии "ду мӯҳлати пайдарпай" рӯбарӯ мегардад? Оё вай мисли пешгузаштаи худ Борис Елтсин рафтор хоҳад кард, ки дар паёми Соли нави 1999 пеш аз муҳлат курсиро ба Путин гузошту рафт ва ҳамаро ба ҳайрат овард?

Ё Путин мехоҳад, дигар ин курсиро тарк накунад ва рекорди раҳбарии Сталинро гузарад? Агар ин тавр карданӣ бошад, бо кадом роҳе хоҳад рафт? Ҳоло дигар ҳама чиз ошкор шуд. Ҳафтаҳои омодагӣ ба тағйири қонун бо бекор кардани ҳамаи давраҳои гузаштаи ӯ ба поён расид.

Рӯзи 10 -уми март Путин бо як ишора ба ҳамаи ин пурсишҳо посух дод: вай ба ҳеч куҷо намеравад. Акнун давраи 5-уми президентии ӯ дар соли 2024 ҳамчун давраи якум ва шашумаш дар соли 2030 ҳамчун давраи дувуми пайдарпай шумурда хоҳанд шуд.

Аммо ӯ як пешшарт гузошт: тағйири Қонуни асосии Русияро бояд Суди конститутсионӣ тасдиқ кунад. Аммо ин суд, ба монанди ҳама судҳои Русия, тобеи Кремл дониста мешавад.

Путин ба таври возеҳ дар бораи нақшаҳояш дар соли 2024 чизе нагуфт. Аммо барои бисёриҳо - тарафдорон, мухолифон, нозирон ва дигарон, чизе ки рух дод нишондиҳандаи қавии он аст, ки вай дар ҳақиқат аз сари қудрат рафтанӣ нест.

Агар вай боз ду муҳлат президентӣ кунад, дар соли 2036 ба синни 83 мерасад ва аз нав бо монеаи конститутсионӣ рӯбарӯ мегардад. Вале то он вақт ҳануз фурсати зиёд дар пеш аст. Барои ҷонибдорони сарсахти Путин, ки дар кишвараш ҳамоно маъруф ва ҳоким мемонад, ин аломати хушоянд аст.

"Ин натиҷаи кори сиёсатмадорони Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо аст, ки дар тӯли шаш сол зидди Русия ҷанги гибридӣ роҳандозӣ кардаанд ва барои нобуд кардани он мубориза мебаранд" -- гуфт Сергей Марков, як вакили ошкоро путинпараст.

"Чӣ қадаре ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо ба Путин душманӣ кунанд, ҳамон қадар шаҳрвандони Русия мехоҳанд, ки Путин раҳбари Русия бошад", навишт ӯ дар Фейсбук.

Хабари нав либералҳои Русия, мухолифони Путин ва дигар шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд давраи президентии Путин зудтар ба охир расад, ба ваҳшат овард: яке онро "табаддулоти конститутсионӣ" номид ва дигаре бошад "Туркманбашизатсияи Русия" - ишораи таҳқиромез ба раҳбари худкомаи Туркманистон, ки то дами маргаш кишварро идора кард.

Чанд соат пас аз ризоияти Путин, Думаи давлатии Русия тағйирро қабул кард, то ҳамаи муҳлатҳои пешинаи президентии Путин, пас аз ислоҳи қонуни асосӣ ба сифр баробар дониста шавад. 382 вакил аз он тарафдорӣ карданд, ҳеч кас зид набаромад ва 43 нафар бетараф буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG