Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Бо оғози раванди сиёсӣ, нерӯҳои хориҷӣ аз Сурия берун мераванд"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбеи 17-уми май дар мулоқот бо Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфт, ки акнун шароит барои оғози "раванди сиёсӣ" дар ин кишвар мусоид аст ва ин амр метавонад ба хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ боис шавад.

Бар пояи эъломияи дафтари раёсати ҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ин мулоқот, ки дар шаҳри Сочӣ анҷом шудааст, изҳор дошт, "пас аз пирӯзии низомӣ (артиши Сурия дар моҳҳои ахир), шароите ба вуҷуд омадааст, ки то ҳадди зиёде ба оғози раванди сиёсӣ кӯмак мекунад."

Дар ҷанги дохилии ҳафтсола дар Сурия садҳо нафар кушта ва миллионҳо тани дигар аз хонаву кошонаи худ овора шуданд.

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, руасои ҷумҳури Русия ва Сурия дар ин мулоқот "гуфтугӯҳои муфассале" бо якдигар доштаанд. Путин ва Асад охирин бор зиистони гузашта дар яке аз пойгоҳҳои ҳавоии Русия дар Сурия дидор карда буданд.

Владимир Путин ҳамчунин дар мулоқоти рӯзи панҷшанбеи худ бо Асад гуфтааст, "бо оғози раванди сиёсии муассир ва асосӣ, нерӯҳои хориҷӣ аз Сурия хориҷ хоҳанд шуд". Аммо вай мушаххас нагуфтааст, ки манзураш нерӯҳои кадом кишвари хориҷӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", Владимир Путин дар ин мулоқот Асадро барои "муваффақияти артиши Сурия дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои террористӣ", табрик гуфт. Вай афзуд, "вазифаи баъдӣ албатта эҳёи иқтисод ва низ кӯмакҳои инсондӯстона барои касоне аст, ки дар шароити душвор зиндагӣ мекунанд."

Русия аз се сол ба ин тараф дар ҷанги дохилии Сурия даргир мебошад ва бо мудохилаи худ ба идомаи ҳаёти ҳукумати Башор Асад кӯмак кардааст. Бар асоси баёнияе, ки ҳукумати Сурия нашр кард, Башор Асад низ гуфтааст, ки "мо баррасии худро дар бораи раванди сиёсӣ анҷом додаем" ва қарор аст номзадҳоеро барои Кумитаи Қонуни асосӣ интихоб кунем, ки январи имсол дар нишасти Сочӣ матраҳ шуд.

Башор Асад ҳамчунин гуфтааст, ки вазъи дар Сурия рӯ ба беҳтар шудан аст ва ҳамин амр имкони раванди сиёсиро фароҳам мекунад, "ки мо онро аз муддатҳо қабло оғоз кардаем."

Дидори Башор Асад ва Владимир Путин дар остонаи мулоқоти раҳбарони Русия ва Олмон будааст, ки он низ қарор аст дар шаҳри Сочӣ баргузор шавад. Ин нахустин мулоқоти Ангела Меркел ва Владимир Путин дар соли ҷорӣ хоҳад буд.

Дар ҷанги дохилии ҳафтсола дар Сурия садҳо нафар кушта ва миллионҳо тани дигар аз хонаву кошонаи худ овора шуданд.

XS
SM
MD
LG