Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз инқилоб. Муаллифи Қонуни асосии соли 1993-и Русия сабабҳои ислоҳоти Путинро шарҳ медиҳад


Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 15-уми январ дар паёмаш ба порлумони ин кишвар ислоҳоти Қонуни асосиро пешниҳод кард: салоҳияти порлумон густариш ёбад, тавонмандиҳои ҳукумат ба Шӯрои давлатӣ гузаранд, вазифа ва салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ бештар шавад ва ҳамчунин аҳамияти қонунҳои дохилии мамлакат аз созишнома ва қатъномаҳои байнулмилалӣ болотар қарор гирад.

Ба дунболи ин паём, сарвазири Русия Дмитрий Медведев аз истеъфои ҳукумат хабар дод ва Путин ба ӯ мансаби ҷонишини раиси Шӯрои амниятро пешниҳод намуд. Аммо чаро Путин қонунеро, ки аз соли 1993 ба ин тараф дар Русия амал мекунад, мехоҳад тағйир диҳад ва ӯ бо ислоҳи Қонуни асосӣ ва ба истеъфо фиристодани ҳукумат чӣ ҳадафе дорад?

Ба бовари ҳуқуқшиноси рус Олег Румянсев -- яке аз муаллифони аслии Қонуни асосии Русия, ин иқдом дар Кремл ба он манзур рӯи даст гирифта шудааст, ки нишон диҳанд, ҳукумат зоҳиран омода аст ислоҳоти сиёсӣ анҷом диҳад. Аммо ба гуфтаи оқои Румянсев, мардум ҳанӯз ба ин бовар надоранд, то замоне, ки шоҳиди тағйироти воқеӣ нашаванд.

"Ба назари ман, дақиқан бозсозии системаи иқтисодӣ ва аз байн бурдани монополияи ғайритабиӣ, ки имрӯз ҳама равандҳои сиёсӣ ва иқтисодии Русияро фаро гирифтааст, метавонад гоме бисёр муҳимтар аз ислоҳи Қонуни Асосӣ бошад",-афзуд вай.

Ӯ дар посух ба ин суол, ки ислоҳоти Қонуни асосӣ то кадом андоза мутобиқи қонун аст, гуфт, табиӣ аст, ки қудрат дар Русия беш аз ҳад мутамаркиз аст ва вазъ аз ин ноҳия ба бунбаст расидааст ва ба ҳамин далел, рӯҳияи инқилобӣ дар кишвар ба шакли ҷиддӣ оғоз шуда ва нодида гирифтани онҳо ғайримумкин аст.

Ба ин пурсиш, ки кадоме аз нуқоти ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки Путин матраҳ кард, воқеӣ аст ва кадоме ғайривоқеӣ, гуфт, нуқтаи бартарии Қонуни асосии Русия бар қарори додгоҳи байналмилалӣ, ин нуқта танҳо дар ҳоле аҳамият дорад, ки муқаррароти байналмилалӣ бо созишномаҳо, озодиҳо ва ҳуқуқҳои инсон ва муқаррароти Қонуни асосии Русия, мухолифат надошта бошанд. Ба назари ӯ, нуқтаи мустақил будани сохторҳои худидоракунӣ аз мақомоти давлатӣ, бармаҳал аст. Феълан муқобила бо гурӯҳои мафияӣ дар маҳалҳо танҳо тавассути додани салоҳияти бештар ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва таъмини молии онҳо имконпазир ааст.

Олег Румянсев ба суоли дигар вобаста ба додани салоҳияти бештар ба порлумон, аз ҷумла дар заминаи назорат ба ҳукумат, гуфт, ки мусаллам аст, ки дар сохти идоракуниин Русия бояд тағйирот ворид карда шавад. "Ман мувофиқам, ки ба порлумон дар таъйини нахуствазир ва муовинону вазирони калидӣ салоҳияти бештар дода шавад. Аммо мухолифам, ки чунин салоҳият дар таъйини ҳамаи вазирҳо дода шавад. Зеро аз оғоз дар Комиссияи конститутсионӣ ин амр "сеяки ҷумҳурии президентӣ" дониста мешуд.

Вай дар посух ба ин суол, ки "Қонуни Асосиро бояд иваз кард?", гуфт, ки ӯ тӯли 25 соли охир дар бораи камбудиҳои қонуни асосии соли 1993 изҳори назар мекард. Ба гуфтаи оқои Румянсев, ин Қонуни Асосӣ танҳо силоҳе буд барои пирӯзии Елсин бар анҷумани вакилони мардумии Русия. "Фикр мекунм ҳоло ислоҳоти боназми Қонуни асосӣ зарур аст."

Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони рус, "ҳоло ҷамъияти Русия рӯҳафтода шудааст ва бароям ҷолиб буд, ки Путин ва тимаш мавзӯи ислоҳоти Қонуни асосиро рӯи даст гирифтанд. Ва дар бархе маворид ман умедворам, ки ислоҳот ҷиддитар хоҳад буд".

Вай дар посух ба ин суол, ки оё русҳо ислоҳоти Путинро ҷиддӣ мегиранд, гуфт, ки ислоҳи Қонуни асосӣ қадами пеш аз ахири президент аст. Қадами ниҳоӣ даъвати ҷаласаи Қонуни асосӣ мешавад. "Вале имрӯз ман дарк кардам, ки Путин намехоҳад ин нишастро баргузор кунад ва онро барои эҳтиёт нигоҳ медорад".

"Фикр мекунам, бозсозии сохтори иқтисодӣ ва тағйири инҳисори ғайритабиӣ, ки феълан ҳамаи равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Русияро таҳти назорат доранд, метавонад, фоидаи бештаре дар муқоиса бо ислоҳотии Қонуни Асосӣ дошта бошад. Бидуни бозсозӣ дар арсаи моликият, тағйирот дар Қонуни Асосӣ суде нахоҳад дошт".

Феълан мардум шуниданд, ки ҳокимият дар Русия омода аст, ба ислоҳоти сиёсӣ иқдом кунад ва дар ин бора дақиқан гуфта шуд. Дар оянда муҳим аст, ки дар ҷомеа тавозунро риоя кард. "Ислоҳоти сиёсӣ чӣ гуна бояд бошад ва натиҷаҳои он бояд чӣ бошад".

XS
SM
MD
LG