Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Ҳодисаҳои Украина "зӯрӣ"-и артиши Русияро нишон дод"


Владимир Путин ва Барак Обама дар мавриди бӯҳрони Қрим ва Украина телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.

Барак Обама дар ин гуфтугӯ бо ибрози нигаронӣ дар мавриди аҳдофи Маскав, хостори ақибнишинии нерӯҳои русӣ аз марзҳои Украина шудааст. Раиси ҷумҳури Русия низ, ки ин гуфтугӯи телефонӣ бо дархости ӯ сурат гирифтааст, изҳор дошт, ки давлати Украина бо муҷозот накардани ба гуфтаи ӯ ифротгароёни ин кишвар, иҷоза медиҳад, то онҳо даст ба тарсу ваҳми ғайринизомиён бизананд.

Кохи Сафед рӯзи ҷумъа ҳамчунин аз пешниҳоди Путин барои таҳияи тарҳе барои ҳалли бӯҳрони Украина аз роҳи дипломатӣ хабар дод. Қарор аст, дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе вазирони хориҷии ду кишвар барои идома музокирот бо ҳам мулоқот кунанд.

Барак Обама рӯзи ҷумъа қабл аз тамос бо Владимир Путин, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии СБС истиқрори нерӯҳои низомии Русия дар марзҳои Украинаро ғайри маъқул донист ва аз Маскав хост бо анҷоми музокирот аз танишҳои мавҷуд дар минтақа, бикоҳад.

Ӯ гуфт, амалкарди нерӯҳои Русия дар марз шояд барои тарсонидани Украина бошад, аммо ин эҳтимол ҳам ҳаст, ки оғози иқдомоти баъдии ин кишвар бошад.
Чанд соат пеш аз ин изҳорот, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ситоиш аз амалиёти артиши кишвараш дар нимҷазираи Қрим, гуфта буд, ки ҳодисаҳои Украина тавонмандиҳои артиши Русияро нишон дод.

Дар ҳамин ҳол Виктор Януковия-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина аз мардуми ин кишвар хостааст, ки “дар ҳар минтақаи Украина дар бораи мақоми худ роҷеъ ба шомил будан ба Украина” назарпурсии мардумӣ анҷом диҳанд.

Рӯзи ҷумъа хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия гуфт, ки аз номи Янукович эъломияи хаттӣ гирифтааст ва вай дар ин эъломия мардумро ба назарпурсӣ даъват кардааст. Янукович моҳи феврал аз Украина фирор карда буд ва то ҳол дар Русия ба сар мебарад. Маскав вайро то ҳол раиси ҷумҳури қонунии Украина мешиносад.

Ба гуфтаи Янукович, интихоботи ба нақшагирифтаи ҳукумати Украина барои 25 май вазъро дар Украина ноором мекунад ва танҳо назарпусӣ метавонад истиқлол ва тамомияти арзии ин кишварро ҳифз намояд. Янукович ҳукумати кунунии Украинаро ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст. Вай ҳамчунин аз Ҳзби Минтақаҳои худ хост, ки вайро аз мақоми раҳбари ифтихорӣ барканор ва аз узвияти ҳизб хориҷ кунад.
XS
SM
MD
LG