Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Киштии зериобии оташгирифта атомӣ буд


"Лошарик"
"Лошарик"

Президенти Русия Владимир Путин эътироф кард, ки киштии зериобии оташгирифта атомӣ буд ва вазири дифоъ ӯро мутақоид кард, ки реактори киштиро боздоштааст. Кремлин рӯзи 4 июл гуфт, ки Путин пеш аз парвоз ба Итолиё ин мавзӯъро бо Сергей Шойгу баррасӣ кардааст.

Дар мулоқоташ бо Шойгу дар Кремлин, ки се рӯз баъди ҳодиса ҷараён гирифт, Путин нахустин бор эътироф кард, ки киштии зериобӣ атомӣ буд ва ин масъала дар ҷараёни саволу ҷавоби ӯ бо Сергей Шойгу маълум шуд. Путин пурсид, ки баъди сӯхторе, ки боиси марги 14 маллоҳ шуд, вазъи киштӣ чӣ гуна аст?

Дар матни нашркардаи Кремлин дар нақли қавл аз Шойгу чунин оварда шудааст:

“Реактори ҳастаӣ дар ин киштӣ пурра муҳосира ва беодам шудааст. Илова ба ин, тими киштӣ бо рафтори худ тамоми тадбирҳоро ба кор бурд, то ки дастгоҳ ҳимоят шавад. Он дар ҳолати корӣ қарор дорад. Умед ҳаст, ки дар фурсати кӯтоҳ пурра барқарор мешавад”.

Шойгу, ки бо супориши Путин масъулияти тафтиши ҳодисаро ба дӯш дорад, гуфт, ки сӯхтор дар қисмати батареяи киштии зериобӣ рух дод.

То ҳол маълум нест, ки сабаби рух додани сӯхтор чӣ будааст.

Вазорати дифоъ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 1 июл рух дод, вале то рӯзи баъдӣ ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти расмӣ пинҳон монд. Зимни суханронии рӯзи 3 июл дар Североморск, ки дар он ҷо пойгоҳи нирӯҳои шимолӣ ҷойгир аст, Шойгу гуфт, ки дар паи ҳодиса дар баҳри Барентс чанд узви тими киштӣ ва як фарди мулкӣ зинда монданд. Ӯ дақиқ нагуфт, ки чанд нафар ҷон ба саломат бурдааст. Кремлин гуфт, ки ин киштӣ дар баҳр бо корҳои таҳқиқотӣ машғул буд.

Вазорати дифоъ мушаххасан нагуфт, ки ҳодиса бо ширкати кадом навъи киштӣ рух додааст, вале ба иттилои матбуоти русӣ ин киштии атомии навъи AS-12 мебошад, ки барои анҷоми таҳқиқот дар умқи баҳр қодир аст. Лақаб ё исми шартии он “Лошарик” буда, оғози солҳои 2000-ум сохта шудааст.

Лошарик ишора ба як мулфилми шӯравӣ аст, ки дар он дар бораи як аспаке қисса мешавад, ки аз ҷузъҳои хурд сохта мешавад. Мутахассисон дар матбуоти русӣ гуфтаанд, ки ин киштӣ ба фишори об муқовимат карда метавонад ва ҳам тавони амиқ рафтан то бистари баҳрро дорад.

Павел Фелгенгауэр, як таҳлилгари масоили дифоии Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷудо аз талафоти ҷонӣ, ин ҳодиса паёмадҳои ҷиддии сиёсӣ хоҳад дошт. Ӯ гуфт:

“Ин хуб нест. Ин ҳодиса мисли фоҷеаи таркиш дар киштии зериобии Курск дар солҳои 2000-ум аст. Барои нирӯҳои баҳрӣ ин хабар хуб нест, ҳамчунонки барои Кремлин ҳам бад аст. Вале онҳо ҷон ба саломат мебаранд. Ҳадди аққал хубиаш ин аст, ки ин киштӣ дар об ғарқ нашуд. Дар ин ҳодисаи фоҷеабор инсонҳо кушта шуданд. Вале тадриҷан ҳама чиз бо гузашти вақт ва аз ёдҳои мардум рафтани ин ҳодиса ҳам фаромӯш мешавад. Чунин ҳодиса соли 1989 бо як киштии Комсомолетск ҳам шуда буд”.

То имрӯз танҳо чанд акси “Лошарик” ба интернет роҳ ёфтааст, ки он ҳамчун бахше аз корҳои таҳқиқотӣ дар бистари Арктика дар солҳои 2012 намоиш дода шудааст. Мақомот дар изҳороти расмӣ он замон гуфта буданд, ки ин киштӣ тавони гирифтани намунаҳое аз қаъри 2500 метрро доро аст. Киштиҳои зериобии маъмулӣ тавони расидан ба умқи на бештар аз 600 метрро доранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG