Ба ин муносибат имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасте таҳти унвони «Вазъи имрӯза ва дурнамои озодии ВАО дар Тоҷикистон» баргузор шуд.
Дар остонаи Рӯзи байналмилалии озодии баён, бархе аз рӯшанфикрон ва огоҳони умур назари худро роҷеъ ба вазъи озодиҳои баён дар Тоҷикистон баён доштанд.
Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик: "Рӯзи гузашта як равоншинос мегуфт, ки нишонаи аз ҳама муҳими нобиға будани инсон ин дар ҳама кор озод будани вай аст. Аммо дар ҷамъият ҳама наметавонанд, ки мисли нобиға зиндагӣ кунанд. Зеро дар чанд қарн як ё ду нафар нобиға ба вуҷуд меояд. Аммо дар масъалаи озодӣ, озодӣ дар гуфтор, дар амал ва албатта озодие, ки созанда бошад, баъди ҳаёт, бузургтарин неъмат ин озодист.
Вақте, ки мо ба кадом як сохту сохтор ва роҳу равиш ва ҳатто ба китобҳои навишта такя мекунем, мехохем, ки дар ин масъала озодиро ба мо нишон диҳанд, ин хаёл мекунам аз тарафи ҳар инсон, фикри ғалат аст.
Мо имрӯз дар сайёра 7 миллиардем ва хушбахтона дар сайра инсонҳое ҳастанд, ки озодии худро, сухани худро, шарафи худро дар масъалаи озодӣ ҳифз карданд. Аммо мутаассифона инсонҳое ҳоло ҳастанд, ки бо ҳар баҳонаву бо ҳар роҳу сабаб наметавонанд суханашонро бигӯянд. Яке аз сабабҳои асосӣ, нафаҳмида ё дарк накардани ҳуқуқи инсонӣ ва шахсии худи фард аст, ки мутаассифона дар ҷамъияти мо ин чиз хеле роиҷ аст.
Ман бисёр мехостам, ки инсонҳо қадру қимати худро донанд. Ҳамеша фаҳманд, ки суханашон бояд ҳамон сухане бошад, ки ҷамъият, оила, фарзандон мехоҳанд бишнаванд ва аз ӯ метавонанд барои худашон як чӣ бигиранд. Албатта на он сухане, ки барои як гурӯҳ, барои як қавм ва як хонавода бошад, ки барои манфиат бошаду дурӯғ бошад. Ҳатто дар китобҳои осмонӣ оварду шудааст, ки «дурӯғгӯ душмани Худо аст». Шахсияте, ки озод нест ва дар баёнаш, суханаш озод нест, ӯ дуруғгӯ аст. Барои ҳамин ман хаёл мекунам, ки инсонҳо ҳеҷ гоҳ намехоҳанд, ки душмани Худо бошанд.
Дар ин Рӯзи озодии баён, барои ҳамаи онҳое, ки дар таги дил як чизи мегуфтанӣ доранд, аммо дар забон гапи дигар мегӯянд, гуфтаниам, ки шумо инсон ва бузургтарин ва бебаҳотарин неъмати офаридаи Офаридгор ҳастед ва баъди ҳаёт он чӣ барои шумо Худованд, додааст, ин озодӣ аст, озодии баён, озодии ишқ, озодии сухан ва озодии дар сайёра зистан ва сайёраро озодона ва бо ҳақиқат сохтан."
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва раиси созмони иҷтимоии «Переспектика плюс» матбуотро омили рушди ҷомеа арзёбӣ карда ва аз он изҳори таассуф кард, ки на ҳама мансабдорон мақсаду маром ва дар маҷмӯъ рисолати рузноманигорону васоити ахбори оммаро дуруст дарк мекунанд.
Вай бо ишора ба қазияҳои додгоҳии ахир нисбати расонаҳо ва рӯзноманигорон, ки тавассути мансабдорон сурат мегирад, гуфт, ки ин маҳдудияти фаъолияти хабарнигорон ва густариши озодии матбуот ва баён дар кишвар аст.
Дар ҳоле, ки ба таъкиди ин ҳуқуқдони тоҷик, ВАО ин як институти бисёр муҳим барои рушди ҷомеа ва давлат аст ва ҳукумат бояд ин сутунро новобаста ба фаъолияти давлатӣ ва ғайридавлатии он дастгирӣ кунад.
Ойниҳол Бобоназарова мӯътақид аст, ки ВАО тариқи матолиби худ ба ҳукумат кӯмак мекунанд, Зеро маҳз бо матолибе, ки дар расонаҳо чоп мешавад, ҳукумат ҳам камбудиҳои худро ислоҳ мекунад ва ҳам дурнамо месозад.
Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби умумимиллии cотсиал-демократи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти демократӣ ва номукамал будани низоми сиёсии кишвар мегӯяд, дар роҳи фаъолияти хабарнигорону расонаҳо ва озодии баён маҳдудиятҳое ба назар мерасад.
Вай набудани кафолати амнияти шахсӣ, вуҷуди руйхат дар радио, телевизион ва нашрияҳои расмӣ барои манъи ибрози андешаи шахсиятҳои сиёсӣ, монеаҳо дар номукаммалии кодекси андоз ва дигар қонунҳо, набуди рақобати солии ва дастгирии молиявӣ наёфтан аз сӯи ҳукуматро аз ҷмудаи маҳдудиятҳо дар роҳи рушди матбуоти озод дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Ҳарчанд Шокирҷони Ҳаким, дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро беҳтар медонад, аммо таъкид дорад, ки бо дар назардошти монеъа ва маҳқдудиятҳо, матбуот воқеияти Тоҷикистонро инъикос карда наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Маркази мутолеоти стратегӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бар ин назаранд, ки «озодии баёне, ки дар ин кишвар вуҷуд дорад, дар ҳеҷ кишвари Осиёи Марказӣ дида намешавад.»
Худойбердӣ Холиқназаров, муовини аввали раиси Маркази мутолеоти стратегӣ фазои демократӣ, бисёрҳизӣ ва озодиҳои сиёсии мавҷуд дар кишварро омили аслии рушди озодии баён дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси ин марказ низ зимни таъкид бар озодии баён дар Тоҷикистон гуфт, ки далели аввал он аст, ки Қонуни Асосии кишвар тамоми озодиҳоро барои ҷомеа додааст.
Аз сӯи дигар ҷаноби Сафаров, фармони раиси ҷумҳур дар заминаи баргузории нишастҳои матбуотии вазирону раисони кумитаву ниҳодҳои давлатӣ барои хабарнигоронро далели дигари фароҳам овардани шароит барои густариши озодии баён дар кишвар хондд ва гуфт, ки агар дар гузашта ин гуна нишастҳо ҳар се моҳа як бор сурат мегирифтанд, аммо ҳамакнун дар сол ду маротиба аст, ки сабаби он ҳам ба таври бояду шояд истифода нашудани ин имкон аз сӯи худи хабарнигорон мебошад.
Ҳамзамон Сайфулло Сафаров, дастури ахири дастгоҳи иҷроияи президент дар заминаи нашри матолиби интиқодӣ дар нашрияҳоро намунаи дигари озодии баён дар Тоҷикистон хонд ва гуфт, ки ҳадафи аслии ин иқдом он аст, ки рӯзноманигорону хабарнигорон ба таври озод дар бораи мансабдорону идораҳои давлатӣ, ки мувофиқи талаботи қонун ва замон фаъолият намекунанд, матолиби интиқодӣ нашр кунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ин мақоми Маркази мутолеоти стратегӣ муътақид аст, ки озодии баён дар Тоҷикистон беҳтар аз ҳар кишвари дигар аст.