Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷои моро гирифтанд". Эътироз алайҳи муҳоҷирони тоҷик дар Ингушистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Назрани Ингушистони Русия алайҳи муҳоҷирони тоҷик, ки дар онҷо ба сохтмони биноҳои “Россгвардия” машғуланд, як гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор шуд. Тазоҳургарон ба он эътироз кардаанд, ки “муҳоҷирон ҷойҳои кории онҳоро мегиранд”, “бо духтарони ингуш издивоҷ мекунанд” ва ба “фурӯши маводи мухаддир” машғуланд.

Боздоштшудагон дар бозпурсии кормандони пулис гуфтаанд, инки муҳоҷирони кории тоҷик ва узбак ҷойи кори онҳоро банд мекунанд, барояшон писанд нест.

Аммо ин гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл дар маҳалли Абу- Гуви Назран дер давом накард. Кормандони пулис баъд аз ҳамагӣ 5 дақиқаи шурӯи ин гирдиҳамоӣ ба далели “бе иҷозат ташкил” шудани он 15 нафар аз эътирозгаронро боздошт карданд. Дар ин ҳамоиши эътирозӣ беш аз 60 нафар ширкат дошт.

Баъд аз ин ҳамоиши эътирозии бидуни иҷозат, ки асосан ҷавонони то 30-сола ширкат доштанд, Шӯрои амнияти ҷумҳурии Ингушистон бо нашри як баёния аз сокинони кишвар хост, ба даъватҳои ҳангомаҷӯён ҷиҳати ширкат дар ҳамоишҳои эътирозӣ дода нашаванд.

Дар ин баёнияи Шӯрои амният гуфта мешавад, як гуруҳ ҷавонон “пас аз намози пешин бо даъвати иғвогарони ношинос дар WhatsApp ва “Instagram дода шуда, гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил кардаанд.

Боздоштшудагон аз қабили ширкатдорони ин ҳамоиш дар бозпурсии кормандони пулис гуфтаанд, инки муҳоҷирони кории тоҷик ва узбак ҷойи кори онҳоро банд мекунанд, ба онҳо писанд нест.

Аммо боздоштшудагон дар посух ба суоли инки чаро худи онҳо дар сохтмон ва кишоварзӣ кор кардан намехоҳанд, гуфтаанд, “ин корҳои хеле заҳматалабанд, аммо маоши кам дорад”.

Дар поёни баёнияи Шӯрои амнияти Ингушистон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода шудааст, ки ба даъватҳои иғвогарон дода нашаванд, чун барангехтани кинаву адовати қавмӣ тибқи Кодекси ҷиноии Русия ҷавобгари ҷиноиро дар пай дорад.

Поинравии қурби рубл дар баробари доллар, рукуди қитисодӣ ва кам шудани даромадҳои шаҳрвандони Русия, бадбиниро нисбати муҳоҷирон коргарони хориҷӣ бештар кардааст. Бинобар омори охири Оҷонсии омори Русия, дар соли гузаштаи 2016 даромадҳо воқеии шаҳрвандони ин икшвар 7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Алексей Малашенко.
Алексей Малашенко.

Дар шароити коҳиш ёфтани ҷойҳои корӣ ва кам шудани даромадҳо, норизоияти аҳолии бумӣ аз муҳоҷирон, ки ба андешашон ҷойҳои кории онҳоро банд мекунанд бештар мешавад. Ҳарчанд Алексей Малашенко, таҳлилгари рус дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аҳолии бумӣ ва муҳоҷирон дар бозори корӣ рақиби ҳамдигар нестанд.

Вай гуфт: “Ман замоне ин мавзӯъро пажӯҳиш карда будам ва натиҷа ин шуд, ки дар ҷое, ки муҳоҷирони тоҷик омодаанд кор кунанд, аҳолии маҳаллӣ хосатан русҳо, кор кардан намехоҳанд. Муҳоҷирон аксаран ба корҳое, мисли кӯчарӯбиву тамизкорӣ, сохтмон ва аробакашӣ машғуланд. Аммо мардуми бумӣ, аз ҷумла русҳо ба ин корҳо намераванд”.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Малашенко кордеҳон низ барои ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба чунин корҳо ба чунин корҳо чандон ҳавасманд нестанд. "Чунки кордеҳон медонанд, ки ба ҳангоми ҷалби шаҳрвандон онҳо муваззафанд сари вақт маошро пурра пардохт кунанд, вагарна ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар нисбати муҳоҷирон бошад, онҳо метавонанд маошро саривақт надиҳанд, чунки онҳо аз ҳуқуқи хеш дифоъ карда наметавонанд”, афзуд Малашенко.

XS
SM
MD
LG