Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси парвандаи табиби гумонбар ба "Салафия" дар додгоҳ  


Баррасии парвандаи Абдумалик Саломов, ҷарроҳи қалб, ки барои иртибот бо гурӯҳи мамнӯи "Салафия" муттаҳам аст, дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми ноябр гуфтанд, ки дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи Саломов ду нафари дигар нишастаанд.

Манобеи наздик ба баррасии ин парванда аз додгоҳи Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамроҳи Абдумалик Саломов ду нафари дигар – Ғафуров И. ва Мирзоев С., ки яке ҳамсинфу дуюм дӯсти ӯ

Тақрибан тамоми вақти ӯ сарфи кору фаъолияти табибӣ буд ва танҳо баъзе рӯзҳои истироҳат дар маҳфили “оши палав”-и ҳамсинфонаш иштирок мекард

мебошанд, бо иттиҳоми ҳамсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Парванда алайҳи ҳарсеи онҳо бар асоси моддаи 307 (иловаи 3, қисми 2)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне - иштирок дар фаъолияти равияи мамнӯи Салафия боз шуда, ин модда аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Абдумалик Саломови 41-сола, пизишки Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд ва ду рафиқаш моҳи августи имсол бо гумони ҳамнишинӣ ва иштирок дар як "маҳфили палави салафиҳо" боздошт шуданд. Қаблан худи Саломов гуфта буд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст.

Пайравӣ аз "Салафия"-ро рад мекунад

Бахтиёр Воҳидов, вакили дифои Абдумалик Саломов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, зерҳимояаш иртиботи худ бо равияи мамнӯи «Салафия»-ро рад мекунад: “Ӯ мегӯяд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст ва намедонад дар кадом асос ӯро дастгир кардаанд. Танҳо ҳамин чизро гуфта истодаанд”.

Додгоҳи ин афрод рӯзи душанбеи 20 ноябр оғоз шуда, қарор буд соати 2- и баъд аз зуҳри сешанбеи 21 ноябр идома ёбад. Вале то соати 3, ки дар додгоҳ будем, мурофиа шурӯъ нагардид. Масъулони бозбинии ин парванда дар додгоҳи Хуҷанд вале ба далели ошкор накардани ҳифзи сирри тафтишотӣ аз бозгӯи ҷузъиёти ааъмоли саломов ва рафиқони ӯ худдорӣ варзиданд.

Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

"Оши палав"-и шубҳанок

Ҳамсари Саломов - Зарринахон Саломова низ ба ҳайси духтури амрози занона дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Хуанд кор мекунад. Саломовҳо аз 22 соли зиндагии муштарак чор фарзанд ба дунё овардаанд. Духтари калониашон дар донишгоҳ таҳсил мекунад ва сеи дигар мактабхонанд. Хонум Саломова гуфт, меҳри ватан буд, ки ин зану шавҳари табибро баъди 10 соли зиндагӣ дар пойтахти Русия дубора ба Хуҷанд овард.

Ҳамсару пайвандони Абдумалик Саломов ӯро пеш аз ҳама як падари хонавода, ҷарроҳи қалб ва як намохони оддӣ мешиносанд. Онҳо мегӯянд, тақрибан тамоми вақти ӯ сарфи кору фаъолияти табибӣ буд ва танҳо баъзе рӯзҳои истироҳат дар маҳфили “оши палав”-и ҳамсинфонаш иштирок мекард. Бинобар ин иртибот додани ӯ бо гурӯҳи мамнӯи динӣ дуруст нест.

Қаблан пайвандони Абдумалик Саломов бо гумони иртибот бо гурӯҳи мамнӯи “салафия” бо ирсоли номае ба унвони раиси ҷумҳур аз ӯ хостанд, барои таҳқиқи одилонаи қазияи пизишк аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ мусоидат кунад. Онҳо мегӯянд, ахиран ҷавоби ин номаи худро дарёфт карданд, ки дар он аз мақомоти додситонӣ хоста шудааст, дурустии парвандаи Саломовро таҳқиқ кунанд.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои охир бо ақидаҳои ифротӣ ва созмонҳои мубаллиғи ин ақидаҳо, назири “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва дигарҳо муборизаи шадид эълон кардааст, садҳо нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар бархе ҳолатҳо маҳкумшудаҳо худро то охир бегуноҳ меноманд ва мегӯянд, қурбони тӯҳмат шудаанд. Ин гурӯҳи маҳкумшудаҳо мегӯянд, дар зиндагӣ ба ҷуз намозхониву риояи меъёрҳои зиндагии як мусалмони оддӣ кори дигаре накардаанд, вале онҳоро мисли як тундгаро ва шахси ифротӣ муҷозот кардаанд.

XS
SM
MD
LG