Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷид Дурахшонӣ дар Эрон "дармонд"


Ҳунарнамоии Маҷид Дурахшонӣ бо як хонандаи зани эронӣ дар Тунис
Ҳунарнамоии Маҷид Дурахшонӣ бо як хонандаи зани эронӣ дар Тунис

Навозанда ва оҳангсози маъруфи эронӣ Маҷид Дурахшонӣ мегӯяд, мақомоти Ҷумҳурии исломӣ монеъи сафарҳои ӯ ба хориҷ шудаанд. Шоири тоҷик Лоиқ Шералӣ дар солҳои 90 як фиттаи ашъорашро таҳти оҳангҳои Дурахшонӣ қироат карда буд.

Маҷид Дурахшонӣ, навозанда ва оҳангсози шинохтаи эронӣ, рӯзи 5 январ ба рӯзномаи “Эътимод”-и чопи Теҳрон гуфтааст, мақомоти амниятӣ дар поёни ҳафтаи гузашта шиносномаи ӯро дар фурудгоҳи Имом Хумайнии пойтахти Эрон мусодира карданд ва нагузоштанд, ки ӯ ба Дубай сафар кунад. Ба гуфтаи ин ҳунарманд, мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки хуруҷ аз Эрон барояш манъ шудааст.

Мақомот кадом далели мушаххаси манъи сафарҳои хориҷии ин навозанда ва оҳангсози маъруфро ироа накардаанд, вале худи ӯ бар ин бовар аст, ки ҳузури овозхонҳои зан дар видеоклипҳои ахири гурӯҳи “Моҳбону”, ки ӯ раҳбарӣ мекунад, сабаби чунин иқдом шудааст.

Маҷид Дурахшонӣ, ки ҳоло 59 сол дорад, мегӯяд: “Ба назари ман, (мақомот) намехоҳанд ки хонандаҳои зан ҳатто бо ҳиҷоби комили исломӣ ҳунарнамоӣ кунанд.”

Видеоклипҳои ахири ансамбли “Моҳбону”, ки дар он хонандаҳои зан чанд таронаро дар ҳавои мусиқии суннатии эронӣ иҷро мекунанд, дар шабакаи Ютуб нашр шуда, таваҷҷӯҳи даҳҳо ҳазор тамошобинро ҷалб кардааст. Бино ба хабарҳо, ин клипҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии моҳвораии форсӣ, ки аз хориҷи Эрон барнома пахш мекунанд, низ нашр шудааст.

Яке аз ин таронаҳо “Моро бас” аст, ки метавонед инҷо тамошо кунед:

Дурахшонӣ мегӯяд, ӯ ва дигар аъзои гурӯҳи “Моҳбону” тайҳи моҳҳои охир чандин бор аз сӯи пулис мавриди бозпурсиҳо қарор гирифтаанд. Дурахшонӣ дар мусоҳиба бо ББС гуфт, дар ин бозпурсиҳо аз онҳо асосан пиромуни иштироки хонандаҳои зан дар клипҳои ахири гурӯҳи “Моҳбону” мепурсиданд.

Аз замони инқилоби исломии соли 1979 овозхонии занон дар Эрон манъ шудааст. Рӯҳониёни муҳофизакор ва тундравҳо то ҳол аз манъи хонандагии занҳо ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, ки он ба фасоди ахлоқии ҷомиа мебарад.

Раҳбари департаменти мусиқии вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Пирӯз Арҷманд рӯзи 5 январ гуфт, онҳо бо тасмими манъи сафарҳои хориҷии Маҷиди Дурахшонӣ коре карда наметавонанд. Хабаргузории нимарасмии “Меҳр” аз қавли ин мақоми давлатӣ навишт, ки гуфтааст, занон танҳо дар ҳузури тамошобинҳои зан иҷозаи овозхонӣ доранд.

Ӯ афзуд, ҳузури овозхонҳои зан дар видеоклипҳо низ тибқи қонунгузории Эрон манъ мебошад, чунки ин клипҳоро метавонанд тамошобинҳои мард низ тамошо кунанд: “Мо навозандаҳоро аз ин хабардор кардаем ва умедворем, ки онҳо онҳо ба қонуну қодиаҳо арҷ бигузоранд.”

Таронаи “Ҷони ошиқ” дар иҷрои гурӯҳи Маҷиди Дурахшониро инҷо бубинед:

Маҷиди Дурахшонӣ собиқаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Тоҷикистонро ҳам дорад. Дар соли 1997 тибқи як тарҳи ББС, шоири шодравони тоҷик Лоиқи Шералӣ як дафтари ашъори худро дар Лондон қироат кард ва сабти ин шеърҳоро барои Маҷиди Дурахшонӣ, ки он замон бо як сафари ҳукнарӣ дар Кёлни Олмон қарор дошт, фиристоданд, ки оҳанг бандад. Дафтари дигари ашъори Лоиқро, ки худи шоир қироат кардааст, тибқи ин тарҳи ББС, ҳунарманди шинохтаи тоҷик Давлатманди Хол оҳанг баста буд.

Шеъри "Ватанам"-и Лоиқ дар ҳавои оҳанги Дурахшониро инҷо гӯш кунед:

"Ватанам"

XS
SM
MD
LG