Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон фатиру қурутоб арзон мешавад


Дар Тоҷикистон қимати орду гандум, яке аз маҳсулоти аслии хӯрокаи мардум назар ба моҳҳои гузашта арзонтар шудааст

Дар ин бора Абдулло Исматов, мушовири миллии системаи мониторинг ва огоҳкунии тобеи вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" хабар дод. Ҳоло дар бозори Душанбе, қимати миёнаи 50 кило орди воридотӣ 135 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо моҳи август 2,7 то 3 дарсад арзонтар аст. Дар сӯҳбате аз Абдулло Исматов нахуст, доир ба сабабҳои поин омадани қимати гандуму орд пурсидам:

Абдулло Исматов: «Яке аз сабабҳои пастравии нархи гандум ин ҳосили дохилии ғалладона дар кишвар аст, ки нисбати порсола хеле баланд аст. Яке аз сабабҳои пастшавии нархҳо ҳамин аст. Сабаби дигар, дар Қазоқистон, ки Тоҷикистон асосан ордро аз онҷо ворид мекунад, қимати гандуму орди содиротӣ назар ба моҳҳои дигар хеле паст шудааст. Аз ин сабаб гандуму орд бо нархи нисбатан арзон ворид шуда истодааст ва ҳосили дар ҷумҳурӣ ба дастоварда ҳам нисбати порсола хеле баланд аст.»

Озодӣ: Ҳосили ғалладонае, ки Тоҷикистон имсол бардошт, назар ба соли гузашта чӣ қадар зиёд аст?

Абдулло Исматов: «Оморро аз вазорати кишоварзӣ ба мо додаанд, омори ниҳоӣ нест, то давраи 11 ноябр аст. То ин давра 872 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст ва аз он ҷумла 650 ҳазору 146 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба порсола 144 ҳазор тонна зиёд аст. Ин маълумоти фаврӣ аст ва маълумоти комил моҳи декабр нашр мешавад.»

Озодӣ: Вале барои як одами оддӣ ҷолиб аст, ки бидонад, ҳоло гандум ва ё як халта орд нисбат ба сентябр ё октябр чӣ қадар арзон шудааст?

Абдулло Исматов: «Мувофиқи ҳисоботе, ки мо дорем, дар моҳи ноябр дар бозорҳои Душанбе, нархи миёнаи як хатлаи 50 килоии орди дохилӣ 129 сомонӣ аст. Орди истеҳсоли Қазоқистон 135 сомониро ташкил медиҳад. Дар нисбати октябр фарқият ниҳоят кам аст, ду ва ё се фоиз кам шудааст, аммо дар муқоиса ба моҳҳои август ва сентябр тафовут зиёд аст. Нархи орд дар муқоиса бо моҳҳои август ва сентябр 2,7 то 3 дар сад кам шудааст.»

Озодӣ: Тавре гуфтед, бештар шудани ҳосили ғалладона дар кишвар як сабаби поин омадани қиматҳо шудааст, аммо ба воридоти гандуму орд ҳам таъсир гузоштааст?

Абдулло Исматов: «Воридот нисбати порсола камтар аст. Агар бо ҳисоботи мо муқоиса кунем, дар зарфи 9 моҳ, яъне аз январ то сентябр 408 ҳазор тонна гандум ворид шудааст ва 147, 5 ҳазор тонна орд, ки нисбати порсола 20,9 фоиз гандум ва 41,3 фоиз орд кам ворид шудааст. Ҳосили дохилӣ, ки нисбати порсола зиёд, аз ин сабаб ҳам воридот кам шудааст.»

Бино ба пешбиниҳои мутахассисон, зоҳиран тамоюли мазкур идома хоҳад кард ва қимати гандуму орд дар Тоҷикистон моҳи оянда ҳам поинтар меравад.
XS
SM
MD
LG