Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Тоҷикистон. Моҳшуморӣ сар шуд? Пешбиниҳо чист?


Интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013
Интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013

Тирамоҳи имсол дар Тоҷикистон бояд ​интихоботи президентӣ баргузор шавад. Алҳол сарусадое аз он шунида намешавад, вале сиёсатшиносон ҳаракатҳоеро ба ин маърака рабт дода, барномаҳои гуногунеро пешгӯӣ мекунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, сафарҳоеро дар минтақаҳои кишвар анҷом медиҳад. Ҳафтаи охир ӯ дар Суғд буд, пештар ба Хатлон рафта ва акнун барномаи сафари ба ВМКБ-ро дар пеш дорад. Бино бар паёмҳо, ин як сафари корист, вале дар ростои интихобот метавонад, пурмаъно ҳам бошад.

Бештари ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ бар инанд, ки ӯ чеҳраи асосии интихоботи оянда хоҳад буд, ҳарчанд дар ду моҳи охир гӯё як пауза гирифт ва маълум набуд, мехост, майдонро барои номзади эҳтимолии дигар омода кунад ё коронавирус сабаб гашт. Ин сиёсатшиносон дур аз гумон намедонанд, ки интихоботи оянда ё давраи баъди он метавонад, барномаҳои гуногун дошта бошад.

Ду барнома?

Коршиноси мустақил Абдумалик Қодиров мегӯяд, ки сарфи назар аз он ки киҳо ба майдон мебароянд, интихобот бидуни рақобати сиёсӣ баргузор мешавад. Ин ба он маъност, ки мунтазири кадом як тағйире набояд буд.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

"Ду гузина вуҷуд дорад: Ё Раҳмон барои як давраи дигар пешбарӣ мешавад ё писарашро пешбарӣ мекунаду худ дар мақоми "Пешвои миллат" меистад, то писараш таҷриба бигирад. Дар ҳарду ҳолат рақобат ба воситаи рақибони ба истилоҳ "кисагӣ" ташкил карда мешавад, ки вобаста ба интихоби худи Раҳмон ин ё он номзадро таблиғ хоҳанд кард",- мегӯяд Қодиров.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ ва ба иллати имкони молӣ надоштани ҲСДТ, номзади воқеан мухолиф дар интихобот вуҷуд нахоҳад дошт. Ширкати ҳизбҳои дигар "сарфи назар аз шиорҳояшон зери назорат" хоҳад буд.

Охири моҳи май раиси ҲСДТ Раҳматилло Зоиров пешниҳод намуд, ки ба қонуни интихоби президент 16 тағйир ворид карда шавад. Пешниҳодҳо марбут ба боло бурдани шаффофияти раванди райъдиҳӣ ва додани имкони иштирок ба муҳоҷирон буданд. Вале то кунун ба ин муроҷиат дода посухи расмӣ дода нашудааст.

Сукути ҳизбҳо ва муборизаи интернетӣ

Ҳизбҳои демократ, аграрӣ, сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва коммунистӣ то ҳоло дар бораи интихоботи президентӣ изҳори назар накардаанд ва сарусадои онҳо баъди интихоботи порлумонӣ ба поинтаррин нуқта расидааст. Коршиносон инро аломати тарафдории онҳо аз ҳукумат меноманд.

Мунтақиди шадиди ҳукумат дар саҳифаҳои интернет ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломӣ боқӣ мемонад. Он дар чанд моҳи охир ба таври пайваста ҳукуматро дар робита ба COVID-19 интиқод мекунад ва матолиберо дар бораи наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба нашр мерасонад.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон, дар навбати худ ба нашри матолибе давом медиҳанд, ки дар онҳо мухолифини исломӣ ба талошҳои ноором кардани вазъи кишвар айбдор мешаванд. 27-уми июн, дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ худи Эмомал Раҳмон низ ҲНИ-ро ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар муттаҳам кард ва гуфт, ҳаргиз созишномае бо ин гуруҳ имзо накардааст.

Тағйирот пас аз интихобот?

Рӯзноманигори тоҷик Раҷаби Мирзо дар блогаш тахмин мезанад, ки шояд буҳрони COVID-19 тарҳи интиқоли қудратро ба Рустами Эмомалӣ ақиб андохта бошад. Ва акнун "Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот пирӯз мешавад ва баъди ҷашнгирӣ аз 30-юмин солгарди Истиқлол ба истеъфо меравад ва иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат Рустами Эмомалӣ мешавад, ки баъди се моҳ дар интихоботи ғайринавбатӣ раисҷумҳур интихоб шавад?",- суол мегузорад шореҳи сиёсӣ.

Рустами Эмомалӣ ҳоло шахси дуввуми Тоҷикистон аст
Рустами Эмомалӣ ҳоло шахси дуввуми Тоҷикистон аст

Аз моҳи апрели соли 2020 Рустами Эмомалӣ палатаи болоии парлумон (Маҷлиси миллӣ)-ро раҳбарӣ мекунад ва мувофиқи Қонуни асосӣ шахси дувуми кишавр аст. Як сиёсатшинос аз Душанбе ба шарти набурдани номаш ба Радио Озодӣ гуфт, ки масъалаи интиқоли қудрат шояд аз сӯйи шарикони асосии Душанбе, ки ҳукумати Раҳмон аз нигоҳи иқтисодӣ ва низомӣ вобастаи онҳо мебошад, ҷонибдорӣ нашуд ва ба таъхир уфтод. Аммо меафзояд ӯ : " масири стратегии умумӣ дар мавриди ворис вуҷуд дорад ва мушкили интиқоли қудрат ба вақту соат вобаста аст. Ман фикр мекунам, ки то фурсати муносибтаре барои гузарондани ҳокимият пеш наояд, шитобкорӣ сурат намегирад",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аммо коршиносони наздик ба доираҳои ҳукуматӣ мегӯянд, ки мавзуъи ворис аллакай ҳал шудааст, вале алҳол махфӣ мемонад.

"Гузинаҳои гуногун аз сӯйи коршиносон пешниҳод шуда буд ва тасмим аллакай гирифта шудааст, вале мо ҳоло наметавонем ин тасмимро ошкор кунем",- мегӯяд муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров.

Ҳолати статус-кво ҳифз мешавад

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ ва муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ки раисҷумҳури феълӣ эҳтимолан вориди рақобат мешавад, зеро аз сӯйи бозингарони хориҷӣ номзади бебадал шумурда мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

"Пазируфта шудааст, ки танҳо президенти амалкунанда метавонад сиёсати русиягароёнаро давом ва меросбарии давлатиро ҳифз кунад. Аммо дар Тоҷикистон, дар сурати баргузор шудани интихоботи шаффоф ва риояи қонунгузорӣ ва дахолат накардани мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи кофӣ номзадҳои арзандае ҳастанд, ки метавонад бо риоя кардани усули меросбарии давлатӣ ва ислоҳи масоили марбут ба буҳрони мудирият, ҷойгузини президент шаванд",- мегӯяд Ҳакимов.

Ҳарчанд аксари таҳлилгарон ба шаффоф гузаштани интихобот бовар намекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин нукта ҳам садо медиҳад, ки риояти камтарин ҳадди адл дар интихобот метавонад, чеҳраҳои тамоман наверо ба саҳна орад. Бархе ҳатто аз эҳтимоли рӯ задани "Зеленскийи тоҷик" ҳасд мезананд, вале бисёриҳо ин имкониятро рад мекунанд.

Норозигиҳо дар ростои интихобот

Дар моҳҳои ахир, аз замони пайдо шудани коронавирус дар Тоҷикистон ҳукумат ҳарчӣ бештар аз сӯйи шахсони алоҳида дар дохили кишвар танқид мешавад. Онро ба пинҳон доштани мавҷудияти вирус, гузарондани ҷашнҳои оммавӣ сарфи назар аз таҳдидҳо, пинҳон кардан ё кам нишон додани беморӣ ва маргумир, азхудкунии ёриҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ва ғайра гунаҳкор мекунанд. Ба эҳтимоли зиёд пайомади иқтисодии пандемияи COVID-19, аз ҷумла коҳиши рушди иқтисодӣ ва маблағҳои муҳоҷирон аз Русия ба вазъи иҷтимоии оилаҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Бархе аз коршиносон эътирозҳо дар Хуросон ва Рӯшонро нишонаҳои тағйири вазъ дар кишваре меноманд, ки ҳама гуна митинг ё эътироз ба таври нонавишта манъ буд. Вале аксари ҳамсуҳбатҳои Радиои Озодӣ бар инанд, ки душвориҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳатто дар сурати таъсир гузоштан ба руҳияи мардум низ, гумон аст, натиҷаҳои интихоботи президентиро дигар кунанд.

Аз соли 1994 инҷониб дар ҳамаи интихоботҳои президентии гузашта Эмомалӣ Раҳмон пирӯз омадааст. Ҳеч интихоботи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ шаффоф ва демократӣ дониста нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG