Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатми мактаб. Бе "занги охир", бо изтироби интихоби роҳи оянда


"Занги охир" нест, вале ҳаводоронаш ҳанӯз ҳастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Даҳҳо ҳазор хатмкунанда дар Тоҷикистон 31-уми май рӯзи охирини таҳсилро бе "занги охир" ва "хомӯшона" гузаронданд. То ҳашт сол пеш ин сана бо шӯру шавқ таҷлил мешуд.

Рӯзи охирини таҳсили Самира Мусаммирова, хатмкунандаи мактаби рақами яки Душанбе, ба мисли рӯзҳои дигари муқаррарӣ гузашт. "Мехостем, “занги охир” баргардад, то ҷашн гирем. Он рӯз дар хотира мемонад," – гуфт ӯ.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли 2016 "занги камолот"-ро барои хатмкунандаҳои синфи 9 ва 11-и мактабҳои миёна расман манъ кард.

Гуфта мешавад, ин қарор дар заминаи қонуни танзими ҷашну маросим гирифта шудааст. На он вақт ва на баъдан аз омӯзгорон, падару модарон ва худи хатмкунандагон пурсида нашуд, ки чӣ назар доранд. Имрӯз баъзе аз онҳо чунин ҷашнро муҳим медонанд.

Шодмон Раҳимов, сокини Душанбе, аз ҷумлаи онҳоест, ки мехоҳад “занги охир” дигарбора баргардад: "Занги аввалу занги охир дар ёди ҳар нафар меистад. Аз омадан ба синфи як то занги охирин ҳоло дар хотираи ман ҳаст. Ёд дорам, ки фалон сол ба мактаб омадам ва фалон сол онро тамом кардам. Аз як тараф ҳавасмандии худи наврасон ва ҷавонон зиёд мешавад."

Рӯзи 31-уми май фазои мактабҳо ором менамуд. Баъзе аз хатмкунандагон барои таҷлил аз рӯзи охирини таҳсил зоҳиран омодагӣ доштаанд.

"Аз чанд рӯз пеш омодагӣ доштам, ки дар ин рӯз ягон чорабинии ақаллан хурди хотирмон мешавад. Модарам аз субҳ ба хариди гулдаста рафт, вале дертар тамос гирифт, ки ҳеч чорабинӣ намешавад. Ростӣ, камтар зиқ шудем. “Занги охир” бадӣ надорад, вале мо хонандагон намедонам чаро онро манъ кардаанд,” – гуфт яке аз хатмкунандагони мактаб, ки нахост номаш зикр шавад.

Бархе дигар ба зидди баргузор кардани чунин иду маросиманд ва мегӯянд, он бедалел манъ нашудааст. Ифтихор Ғафурзода, сокини Душанбе, гуфт: “Дар замоне ки мо мактабро хатм кардем, дар ҳақиқат, занги охирин гуфтанӣ як вожа, як дарк вуҷуд дошт. Мо онро ҷашн мегирифтем. Аз пеши худ манъ намекунанд. Таҳлилҳо мегузаронанд, сабабҳояшро меомӯзанд. Баъд ба хулоса меоянд."

Таҷлили бошукӯҳ аз “занги охир” дар мактабҳои Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз хароҷоти зиёд ва риояи талаботи қонуни танзими ҷашну маросим соли 2007 бо дастури вазири вақти маориф Абдуҷаббор Раҳмонзода манъ шуда буд. Аммо то соли 2016 хонандаҳо имкон доштанд, ки бо якдигар ва устодон худоҳофизӣ кунанд.

Дар ин маросими 45-дақиқаӣ шеъру суруд мехонданд ва бо вуҷуди таъкидҳои вазири маориф баъзе аз хонандаҳо баъд аз хатми мактаб ва супурдани имтиҳон шабнишиниҳои пинҳонӣ меоростанд. Баъдан ҳамаи ин низ мамнуъ эълон шуд.

Имсол мактабҳои Тоҷикистонро наздик ба 103 ҳазор ҷавон хатм карданд. Бе ягон маросиму ид ва бештар бо изтироби интихоби роҳи ояндаи зиндагии худ.

XS
SM
MD
LG