Умед Бобоҷонов, вакили мудофеъи Алимурод Маханов рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз аз Додгоҳи олӣ барои Алимурод Маханов тибқи бандҳое, ки вай гунаҳкор дониста мешавад 24 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард.
Дар ин мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ ба 5 нафари дигар, аз ҷумла дар барои Амиралӣ Давлатов - 24 сол, ба Кенҷа Абдулҳатов 19 сол, ба Сироҷ Қараев - 13 сол, ба Сорбон Комилов - 2 сол,ба Иброҳим Ҳусейнов - як сол, ва барои Абдуллоев ҷарима ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Ба қавли Умед Бобоҷонов, Иброҳим Ҳусейнов танҳо барои он айбдор мешавад, ки аз фаъолияти гурӯҳи Маханов хабар дошт, вале сари вақт ба мақомоти интизомӣ хабар надод.
Интизор меравад, Додгоҳи олӣ ҳукми худро дар нисбати Алимурод Маханов ва гурӯҳи ӯдар миёнаҳои ҳафтаи оянда содир кунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охирҳои моҳи январи соли равон парвандаи Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби «Устод»-ро, ки ба қавли мақомот мехост дар Душанбе чанд таркиш анҷом диҳад, мавриди баррасӣ қарор дод.
Алимурод Маханов бо 5 моддаи Кодекси ҷиноӣ, «моддаи 179 бо «терроризм», бо моддаи 179 қисми 2-- «ҷалб кардани афрод ба гурӯҳи ҷиноӣ», моддаи 187 қисми 1» -- ташкили иттиҳоди ҷиноӣ», қисми 2-и ҳамин модда -- «бо маслиҳати пешакӣ ҷалби ашхос ба гурӯҳи муташакили ҷиноӣ ва бо моддаи 307 -- «созмон додани гурӯҳи экстремистӣ ва ширкат дар созмони террористӣ (ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон) айбдор дониста мешавад.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябри соли 2013 бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи Маханов, ки ба гуфтаи ин мақомот, ба анҷоми “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар пешорӯи интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод. Алимурод Маханов ва шарикони ӯ дар ин барнома эътироф карданд, ки барои анҷоми чанд таркиш дар шаҳри Душанбе дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи ноябр дастур гирифта буданд. Маханов гуфт, онҳо аз ҷумла мехостанд биноҳои вазорати умури дохила, кумитаи амният ва ... чанд дарвозаи воқеъ дар канорҳои пойтахти Тоҷикистонро битарконанд.