Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: Уйғурҳоро надиҳед ва фирефтаи сармояи Чин нашавед


Майк Помпео ҳангоми мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Рӯзи 22-юми сентябр, шаҳри Ню-Йорк
Майк Помпео ҳангоми мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ. Рӯзи 22-юми сентябр, шаҳри Ню-Йорк

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки уйғурҳоро ба Чин истирдод накунанд. Ӯ гуфт, ин ақаллияти мусалмон дар Чин мавриди таъқиб қарор дорад.

Помпео рӯзи 22-юми сентябр баъд аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Ню-Йорк гуфт, маъракаи мақомоти чинӣ ба зидди уйғурҳои Шинҷон бо терроризм иртибот надорад.

"Ин як кӯшиши аз байн бурдани эътиқод ва фарҳанги мусалмонони ин кишвар аст", -- гуфт Помпео ва афзуд, "мо аз тамоми кишварҳо даъват мекунем, ки ба тақозоҳои Чин дар бораи истирдоди уйғурҳо муқовимат нишон диҳанд."

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тақрибан як миллион уйғури Чин ва қавмҳои дигари мусалмон дар урдугоҳҳои вилояти Шинҷон нигаҳдорӣ мешаванд. Чин исрор меварзад, ки дар ин марказҳо саводу малака меомӯзанд.

Понздаҳ миллион уйғур дар Чин ба сар мебаранд ва солҳо боз аз бадрафтории мақомоти он кишвар шикоят доранд. Вилояти Шинҷон аз вилоятҳои ноороми ин кишвар ба ҳисоб меравад ва Чин гурӯҳҳои зиёдеро дар онҷо ба ҷудоиталабӣ муттаҳам ва саркӯб кардааст.

Тобистони имсол намояндагони 22 кишвар дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал бо нашри номае рафтори Чин бо мусаламонони уйғурро маҳкум карданд. Онҳо аз "назоратҳои сахт ва маҳдудиятҳои густурда"-и ҳукумати Чин дар ин минтақа изҳори нигаронӣ карда, аз Пекин хостанд, ба боздоштҳои "худсарона" поён диҳад.

Дар ҷавоб Вазорати умури хориҷии Чин гуфт, кишварҳо "ноодилона ба Чин ҳамла карда ва ошкоро ҳуқуқи башарро баҳонаи сиёсӣ қарор додаанд".

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 22-юми сентябр ҳамчунон ба сармоягузориҳои Чин дар Осиёи Марказӣ ишора кард. Баъзе аз мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, Чин кишварҳои Осиёи Марказиро ба гирифтани қарзҳое ташвиқ мекунад, ки имкони баргардондани онро надоранд ва ба эҳтимоли зиёд ба Пекин дар корҳои дохилӣ ва дастрасӣ ба захираҳои табиии онҳо нуфузи бештар хоҳанд дод.

Помпео ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, ки дар ҷараёни арзёбии лоиҳаҳои бузург ширкатҳои амрикоиро низ дар назар гиранд ва Иёлоти Муттаҳида ҳозир аст, имконоти сармоягузорӣ дар ин кишварҳоро баррасӣ кунад.

Мансабдори баландпояи амрикоӣ бо вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кард.

XS
SM
MD
LG