Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарсанҷӣ: Ҷомеаи тоҷик аз тундгароии исломӣ нигарон аст


Ҷангҷӯёни тоҷик, ки иддао доранд, ба "Давлати Исломӣ" пайвастаанд.
Ҷангҷӯёни тоҷик, ки иддао доранд, ба "Давлати Исломӣ" пайвастаанд.

Таҳқиқи тозаи афкори умум дар Тоҷикистон нишон додааст, ки 28 дарсади аҳолӣ терроризм ва тундагароии исломиро таҳдид ба амният ва монеаи рушди Тоҷикистон медонанд.

Бар пояи пажӯҳиши Маркази назарпурсии Central Asia Barometer дар миёни 1300 нафари аз 18-сола боло анҷом шудааст, 16 дарсад терроризмро хатари асосӣ ва 12 дарсад тундгароии исломиро аз таҳдидҳое шумудаанд, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд ва монеи пешрафти он мешаванд.

Ин таҳқиқ дар ду моҳи аввали соли равон дар шаҳрҳои Душанбе Хуҷанд дар даврае анҷом ёфтааст, ки нигаронии ҷомеаи Тоҷикистон аз гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ҷараёнҳои исломии тундрав ва сару садоҳои наздик шудани гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ё ДОИШ ба марзи Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон бештар мешуд. Ҳамзамон бо ин пахши наворҳои саҳнаҳои қатли ом аз сӯи ин гурӯҳ тарсу ваҳшатро дар ҷомеа ба вуҷуд меовард.

Мансур Муҳибов, сокини 34-солаи пойтахт, мегӯяд, саҳнаҳои даҳштабори сар задани одамон ӯро, ки падари се фарзанд аст, ба ваҳшат овард. “Дар ин шабу рӯз тариқи телевизион ва сомонаҳои интренетӣ наворҳои қатли бераҳмонаи мардум аз тарафи Давлати Исломӣ ба намоиш гузошта мешавад ва ҳамчунин теъдоде аз писарон ва духтарони тоҷики мо ҳам ба ин гурӯҳ шомил шуда истодаанд. Ман ҳамчун падар аз ояндаи фарзандонам дар тарс ҳастам, чунки хатари терроризм ва экстремизм ба Тоҷикистон бо назрдошти он, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем, зиёд аст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки нерӯҳои НАТО аз Афғонистон берун мешаванд. Аммо дилпурии ман аз он аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми Русия фаъол аст ва ваъда шудааст, ки Русия теъдоди сарбозҳои ин пойгоҳро то 9 ҳазор нафар мерасонад,”- гуфт Муҳибов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мансур Муҳибов бовар дорад, ки, узвияти Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ то андозае метавонад, амнияти хонаводаи ӯ ва ҳамчунин дигар сокинони Тоҷикистонро таъмин кунад.

Аммо Далери Эмомалӣ, ҳамсӯҳбати дигари мо ки 27 сол дорад, мегӯяд, бештар бояд аз ифротгароҳо эҳтиёт кард. Аз нигоҳи Далер чунин гурӯҳҳо ба маротиб хатарнок аз террористоне ҳастанд, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мебаранд. Вай дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, “ман фикр мекунам, мо бояд аз ҷомеаи ифротгароӣ тарс дошта бошем. То ҷое мо мебинем, ки қудрати чунин афрод то ҷое зиёд шудааст, ки аллакай ҳукумати кишварро ба ташвиш овардааст ва аллакай дар дохил нисбати онҳо муборизаро шадид кардаанд. Ва ман итминон дорам, ки Тоҷикистон метавонад, амнияти моро чи дар қиболи террористон ва чӣ ифротгароҳо таъмин кунад.”

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки таҳлилгарони умури амниятӣ мегӯянд, таҳдидҳои ахири гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ба рӯҳияи сокинони Тоҷикистон бетаъсир набуда, онҳоро то ҷое нигарон кардааст, вале меафзоянд онҳо, бо вуҷуди ҳамроҳ шудани теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба чунин гурӯҳҳо, зарфияти онҳо ба ҳадде нест, ки тавонанд, амнияти Тоҷикистонро халалдор кунанд.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Маҳдии Собир, як масъули Маркази таҳқиқоти стратегиии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло артиши Тоҷикистон тавони муҳофизати мардумро аз чунин гурӯҳҳо дорад. Вай гуфт, “бо вуҷуди он, ки сару садоҳо ва намоиши саҳнаҳои даҳшатбори қатл аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ба руҳияи мардум асар кардааст ва онҳо аз баргаштан ба ҳодисаҳои солҳои 90-ум метарсанд, вазифаи артиш низ ҳамин аст, ки амнияти мардумро таъмин кунад, артиши Тоҷикистон аз ӯҳдаи ин кор ба хубӣ хоҳад баромад. Аз тарафи дигар гурӯҳҳои Мулло Абдулло ва Алӣ Бедкӣ аз гурӯҳҳое буданд, ки маҳзи ҳаракатҳои ДОИШ-ро дар Тоҷикистон инъикос мекарданд ва агар ҳамин гурӯҳҳо хунсо намешуданд, шояд метавонистанд ҳоло вазъро мураккаб кунанд. ”

"Аммо дар ҳоле, ки бозингарони сиёсӣ дар минтақа аз гурӯҳҳои террористӣ аксаран ба манфиати худ истифода мекунанд, бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушёрии худро аз даст надиҳанд," -- мегӯяд коршиноси дигар Комёб Ҷалилов. Ба гуфтаи ӯ, ”ҳарчанд чунин гурӯҳҳо аллакай дар марз пайдо шудаанд, аммо барои Тоҷикистон таҳдиди рӯирост надоранд, онҳо мумкин танҳо марзро убур кардаву дарунтар раванд. Аммо ин боз ҳам вобаста ба бозингарони сиёсӣ дар минтақа аст, зеро дар сиёсат дӯстиву душманӣ вуҷуд надорад ва танҳо мафиат аст, ки ба хотири он бозингарон метавонанд, гурӯҳҳои махсусро истифода кунанд. Мо ҳоло дар мобайн мондаем ва ягона роҳ ин ҳушёрии мост. Ҳоло ягона тарси ман он аст, ки ҳамон гуна ки феълан Исроил нақши муайянро бозӣ мекунад, Тоҷикистони мо ҳам ҳамин нақшро бозӣ накунад.”

Комёб Ҷалилов
Комёб Ҷалилов

Вале ба таъкиди Комёб Ҷалилов, то он даме, ки Тоҷикистон аз муҳоҷирати меҳнатӣ “халос нашавад” ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ даргумон ба назар мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон таҳдиди созмонҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи "Давлати Исломӣ" - ро ба Тоҷикистон ва минтақа эътироф мекунанд. Аммо ҳамзамон мегӯянд, ки кишвар барои муқовимат бо ҳама гуна гурӯҳҳои террористиву ифротӣ омодааст ва пайваста тамринҳои тактикиву амалиро анҷом медиҳад. Узвияти кишвар дар созмонҳое мисли СПАД ва СҲШ дар чунин ҳолат як имтиёз ба ҳисоб меравад. Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон соли ҷорӣ раёсати Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар дӯш дорад ва дар чаҳорчӯби ин созмон иқдомоте дар заминаи ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир, назири терроризм ва ифротгароӣ рӯи даст гирфта мешавад. Аз ҷумла ваъда шудааст, ки ин созмон ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Ҳамчунин Русия гуфтааст, барои афзудани тавоноӣ ва муҷаҳҳаз намудани нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 70 миллиард рубл хоҳад дод. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида низ бо назардошти мавқеияти ҷуғрофии Тоҷикистон гуфтаанд, ёриҳои худро ба ин кишвар густариш мебахшанд.

XS
SM
MD
LG