Баҳридин Умаров, сержанти пешинаи шӯъбаи корҳои дохилии Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби додгоҳ субҳи рӯзи пнҷшанбеи 11 - уми апрел мутобиқи 3 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “ҷалби одамон ба хотири истисмори шаҳвонӣ”, “дузанагӣ” ва “суиистифода аз мансаб” гунаҳкор эълон гардид.
Матлуба Ҳабибуллоева, раиси додгоҳи Хуҷанд ва масъули бозбинии ин парванда зимни қироати ҳукмнома гуфт, Баҳридин Умаров дар давоми ду соли охир ҷавонзанони тоҷикро бо ваъдаи ҷойи кор дар мағоза ба Дубай мефиристод ва он ҷо занони шарикаш шиносномаи ҷабрдидаҳоро гирифта, маҷбурӣ ба танфурушӣ водор мекарданд.
Ба гуфтаи додгоҳ, дар ин кор ҳамсари дуюми вай дар шаҳри Душанбе дар ин амр ба вай ёрӣ мерасонид. Онҳо барои омода намудани шиносномаи хориҷӣ ба ҷавонзанон ва ирсоли онҳо ба Иморати Муттаҳидаи Араб, пул мегирифтаанд.
Маҳкумшуда Баҳридин Умаров баъд аз эълони ҳукми додгоҳ гуфт, бо он комилан розист, шикояте надорад ва дархост дорад ҳукм аз ҳамин рӯзи эълон ба иҷро дарояд.Вале Мавҷуда Умарова, модари вай пас аз анҷоми мурофиа ба "Озодӣ" гуфт, эҳтимол, писараш аз ҳабси пешакиву мурофиа ва дастгирие надидан аз ҷониби ҳамкорони собиқаш, хаставу дилшикаста шуда, чунин иқдом кард.
Вай афзуд, писараш бо раҳнамоии бархе раҳбарони собиқаш ба дарёфт ва дастгир намудани занҳои танфурӯш машғул буд, ки аз вай хоҳиш мекарданд онҳоро барои фоҳишагӣ ба Дубай сафарбар намоянд: “Аммо вай қурбони туҳмат шуд ва аз он ки он супоришҳо забонӣ буданд, натавонист дар додгоҳ инро ба исбот расонад."
Баҳридин Умарови 37-сола ба гуфтаи модараш, соҳиби ду дипломи маълумоти олӣ бо ихтисосҳои менеҷери муносибатҳои байнулмилалӣ ва иқтисодшинос буда, ба ҷуз забони модарӣ, ба забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва узбакӣ низ хуб ҳарф мезадааст.
Боздошти вай моҳи декабри соли 2012 ба думболи шикояти Сайёра Эрматова ном як ҷавонзан, ки дар Дубай мавриди истимори шаҳвонӣ қарор гирифта буд ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе, замони гусели ду ҷавонзани суғдӣ ба Дубай, сурат гирифта. Сайёра бо кӯмаки намояндагии Тоҷикистон аз асорати шаҳвонӣ раҳо ёфта, ба Хуҷанд баргаштааст. Вай гуфтааст, Умаров мехост хоҳари ноболиғи ӯро низ ба Дубай фиристад.
Ба гуфтаи додгоҳ, шарикони Умаров дар Дубай бо номҳои мустаор ба ҷавонзанони тоҷик раводид гирифта, онҳоро пешвоз ва бо ҷойи хоб таъмин, баъдан ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд. Вале касе аз онҳо дар канори Умаров дар курсии айбдорӣ наменишаст.
Дар додгоҳ ҳадди ақал чаҳор зан, ки аз ҷониби Баҳридин Умаров, милисаи собиқ ба кишвари Иморати Муттаҳидаи Араб фиристода шудаанд, шаҳодат додаанд. Вале дар рӯзи эълони ҳукм касе аз онҳо дар додгоҳ ҳозир набуд.
Умаров замони тафтиши пешакӣ аз ҷониби додситонии Хуҷанд ва мурофиаи додгоҳӣ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешуд.
Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Дадоҷон Мирвафоев, вакили дифои маҳкумшуда ба "Озодӣ" гуфт, зерҳимояаш ҳукмии додгоҳро қабул дорад ва ҳоло ҳеҷ тасмими шикоят бурдан ба зинаи болоии додгоҳиро надорад.