Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Милиса ришамро тарошид”


Як сокини шаҳри Панҷакент иддао мекунад, ки ходимони милисаи шаҳри Хуҷанд ӯро дар бозор боздошт карда баъдан ришашро тарошидаанд.

Лутфулло Бобобеков, як сокини 38-солаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, сафари ӯ ба шаҳри Хуҷанд бо моҷарое бо кормандони милиса бадал шуд. Ин сокини ҷамоати Халифабобои шаҳри Панҷакент гуфт, рӯзи 31 март ба ҳангоми гаштугузор дар бозори “Панҷшанбе” ӯро як ходими милисаи шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Хуҷанд боздошт карда ба идора бурд ва он ҷо, ба гуфтааш, бо зӯр ходимони милиса риши ӯро тарошиданд. Вай моҷароро дар сӯҳбат бо Озодӣ чунин тасвир кард:

  • Дар бозори “Панҷшанбе” аз як корманди милиса ҷои чармфурӯшонро пурсидам. Вай дар иваз паспортамро пурсид. Вақте ки нишон додам, гуфт: “Чаро риш мондӣ?”. Гуфтам, ки мувофиқи суннат риш мондам ва дар пасорт ҳам бо риш акс гирифтаам. Вай гуфт: “Бо ман ба шӯъба меравем” ва дар роҳ ҳақоратҳои қабеҳ кард. Вақте ба Шӯъбаи шаҳрии корҳои дохилӣ дар лаби дарёи Сир омадем, ба дастони ман завлона (наручник) заданд ва аз ман сабабҳои риш гузоштанамро пурсида сипас бо дағалӣ талаб кард, ки ришамро тарошам. Ман гуфтам, ки наметарошам ва 8 нафар корманди шӯъба ҷамъ шуда, дасту сарамро боло бардошта ришамро тарошиданд, - гуфт Бобобеков.
Акси паспорти Бобобеков
Акси паспорти Бобобеков

Ба иддаои Бобобеков, ходимони милиса ба рӯи ӯ шаппотӣ ҳам задаанд ва ӯ аз болои ин амали милиса ба прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва ба додгоҳи Хуҷанд аризаи шикоятӣ навиштааст.

Аммо сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро рад кард. Вай гуфт, “дар ин шӯъба имрӯз ҳеҷ касро кормандон шаппотӣ назадаанд ва зуроварӣ накардаанд, вале агар ин одам намуди зоҳириашро ба шакли арабӣ карда бошаду як метр риш монда бошад, ҷомеаи мо исломӣ нест ва қабул надорад”. Эмин Ҷалилов гуфт, агар касе намуди зоҳириашро ба шакли арабӣ тақлид карда бошад, барояш гуфта мешавад, ки “намуди тоҷикӣ” бояд дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон як давлати дуняӣ аст, на арабӣ. “Мо ягон арабро бо тоқии тоҷикӣ намебинем-ку”, мегӯяд сардори Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов.

Лутфулло Бобобеков, корманди як ширкати хусусӣ дар Панҷакент гуфт, соли 2010 ҳаҷ карда баъди ин ҳамеша риш мемонад ва дар акси шиносномааш ҳам бо риш сурат гирифтааст.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон даъватҳо ба эҳтироми суннатҳои миллии тоҷикӣ дар намуди зоҳирӣ ҳарчи баландтар садо медиҳанд. Баъди изҳори нигаронии президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо бонувони тоҷик дар остонаи Рӯзи модар 6 март аз сару либоси ғайритоҷикӣ ва интиқод аз “сиёҳпӯшии” онон, вазорати умури дохила гуфт, дар миёни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонад. Ин амал барои ҷилавгирӣ аз пӯшидани сару либоси исломӣ – ҳиҷобу сатр равона шудааст. Дар Хуҷанд ҳафтае пеш раиси ин шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки дар бозору фурӯшгоҳҳои маҳаллӣ аз тиҷорати сару либоси ба гуфтаи ӯ "эронӣ" ва "афғонӣ" ҷилавгирӣ шавад. Бо ин мақсад дар бозорҳои Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мешавад, таъкид мекунанд мақомот.

Ба гуфтаи нозирон, нигарониҳои мақомот аз афзоиши ақоиди тундгароии мазҳабӣ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва таҳдидҳои афзояндаи созмонҳои экстремистии мисли “Давлати Исломӣ” боиси он шудааст, ки ҳатто мавзӯи таваҷҷӯҳи занону мардонро ба пӯшидани либоси исломиву арабӣ зери назорат бигиранд. Айни замон, ин ташаббусҳо чун дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон интиқод мешаванд.

XS
SM
MD
LG