Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис гуфт, Раҷабова ҳақ надошт бо ҳиҷоб ба бинои ҳукумат ворид шавад


Нилуфар Раҷабова
Нилуфар Раҷабова

Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, як узви зиндонии ҳизби наҳзати исломӣ иддао дорад, ки чанд милисаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ӯро таҳқир кардаанд. Ӯ мегӯяд, ин ҳодиса рӯзи 29-уми август дар даромадгоҳи бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур иттифоқ афтод. Аз ҷумла, ба иддаои Нилуфар, маъмурони милиса падари ӯро “террористу хиёнаткор” ва хонаводаашро “нону намакзада” гуфтаанд.

  • Аммо Далер Сафаров, нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, рӯзи 29-уми август касе Нилуфар Раҷабоваро таҳқир накард, балки аз ӯ хоста шуд, сатру либоси мазҳабиашро ба либоси миллӣ иваз карда, сипас ба бинои ҳукумат дарояд.
Дар онҷо намояндаҳои ҳукумат, идораи занон ва дин шоҳид буданд. Касе ҳарфи ноҷо нагуфтааст. Фақат гуфтанд, ки бегонапарастӣ накунед, либоси миллӣ ба бар намоед

Дар даромадгоҳи бинои ҳукумат чӣ шуд?

Ин моҷаро рӯзи чаҳоршанбе, дар ҳоле рух дод, ки Нилуфар Раҷабова мехост ба бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ворид шавад ва аз идораи ҳифзи иҷтимоӣ барои фарзандонаш кумак бигирад. Ӯ мегӯяд, ду фарзандаш маъюб аст ва хонаводааш низ дар рӯйхати афроди камбизот ва муҳтоҷи ёрӣ сабт шудааст.

"Яке аз ходимони милиса, ки нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур буд, моро шинохт. Гуфт, ки “ту хоҳари Шуҳрати Раҳматулло ва духтари Раҳматуллои Раҷаб нестӣ? Шумо хиёнаткоред. Бародарат дар берун ҳарчӣ мехоҳад, мегӯяд”. Агар падари ман зиндонӣ шудааст, чаро фарзандон бояд чунин ҳарфҳоро бишнаванд?" - гуфт ӯ.

Нилуфар Раҷабова, сокини кӯчаи Фаридаддини Аттори шаҳри Душанбе, мегӯяд, баъди онки ӯро кормандони умури дохилӣ таънаву таҳқир карданд, натавонист барои фарзанди маъюбаш либоси нави мактабӣ бигирад ва бо дасти холӣ ба хона баргашт.

"Фақат гуфтанд, ки бегонапарастӣ накунед"

Эътирози ҷавонон дар назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб. Моҳи сентябри соли 2016
Эътирози ҷавонон дар назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб. Моҳи сентябри соли 2016

Аммо кормандони умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ таҳқиру дашном шудани Нилуфар Раҷабоваро рад карданд. Онҳо гуфтанд, ки баҳс сари мавзӯи сатр буд.

Як масъули шуъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур гуфт, "комиссияи фаҳмондадиҳии либоси миллӣ аз ӯ хоҳиш кард, ки сатрашро бигирад, аммо вай розӣ нашуд ва ғавғо барангехт".

Нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур Далер Сафаров ҳам гуфт, ба Нилуфар Раҷабова ҳарфи бад назадааст. Вай гуфт, "дар онҷо намояндаҳои ҳукумат, идораи занону дин шоҳид буданд ва касе чунин ҳарфҳои ноҷо назадаст. Агар бовар намекунед, намояндаатонро ба ситод фиристед, дар инҷо мефаҳмонанд. Фақат гуфтанд, ки бегонапарастӣ накунед, либоси миллӣ ба бар намоед."

Муқобила бо "либосҳои бегона"

Мақомоти Тоҷикистон барои муқобила бо ифротишавии ҷомеа тарзи пӯшиши мазҳабӣ ё ба гуфтаи онҳо “либосҳои бегона”-ро таҳти назорат гирифтаанд.

Падари Нилуфар Раҷабова –Раҳматулои Раҷаб соли 2016 ҳамроҳи 13 узви дигари раёсати олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро соли 20015 мамнӯъ ва террористӣ унвон кард. Додгоҳ гуфт, аъзои ин ҳизб дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 даст доранд. Худи аъзои ҳизб ин иттиҳомро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG