Дар Тоҷикистон раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ идома дорад ва раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба гунаҳои мухталиф ба он вокуниш нишон доданд. Дар ҳоле ки бархе аз аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтанд, ки тағйирот ба Қонуни асосиро қабул надоранд, бархе аҳзоби дигар алорағми мувофиқ набудан ба чанде аз бахшҳои ин тағйирот, пойи сандуқҳои раъй рафтанд.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 22 май ба пойи сандуқи раъй рафт ва барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар овоз дод. Ӯ баъд аз раъй доданаш дар қитъаи рақами 25-и пойтахт гуфт, дар маҷмӯъ тарафдори ислоҳи Қонуни асосист, аммо бо чанде аз бахшҳои ин тағйирот мувофиқ нест.
Ӯ гуфт: “Танҳо зидди чанд бахши он ҳастам, ки ба нафъи мардум нест. Азбаски дар парлумон намоянда надоштем, натавонистем барои ворид нашуданашон пофишорӣ кунем.” Аммо Шодӣ Шабдолов дар бораи ин моддаҳо дақиқ сӯҳбат накард ва фақат гуфт, ки “инҳо кадом моддаҳо ҳастанд, худатон хуб медонед.”
Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аммо гуфт, дар раъйпурсии соли 2003 ба хотири моддаи 28-и Қонуни асосӣ зиддаш раъй дода буд. “Ҳоло дар ин раъйпурсӣ ин модда ислоҳ шудааст, ки албатта ба манфиат аст,” – афзуд ӯ.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, панҷ навбат вакили порлумон буда, аммо дар интихоботи моҳи марти соли гузашта натавонист вориди Маҷлиси Намояндагон бишавад. Шабдолов аз шеваи баргузории ин интихобот шадидан норозигӣ карда, чанд муддат дар саҳнаи сиёсии кишвар кампайдо буд, вале дар суҳбат бо хабаригорони Озодӣ гуфт, ки ӯ ба кораш идома медиҳад ва барномаҳояш дар пешанд.
Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон қарор дорад, дар сӯҳбати телефонӣ бар Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо қаблан мавқеашонро дар робита ба ин раъйпурсӣ эълон карда буданд ва тасмим гирифтанд, ки дар он ширкат намекунанд. Вай гуфт, ки “агар дар Тоҷикистон ҳам мебудам, зидд овоз медодам."
Ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров, сарфи назар аз “ҳа” ё “не”-и вай ва дигар шаҳрвандон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон то соати 14:00 ва мумкин аст пеш аз ин вақт, ҳисобот диҳад ва интихоботро баргузоршуда эълон кунад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, ширкат дар ингуна маъракаҳо маънӣ надорад.
Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, ки агар ин референдум ба манфиати мардум ва давлат баргузор мешуд, ҳизби онҳо бечуну чаро дар он ширкат мекард. Аммо вай мегӯяд, ки маълум аст ин тағйиру иловаҳо ба нафъи кӣ ва алайҳи кӣ равона шудааст. Раҳматуллоҳ Зоиров эътироф кард, ки дар ҳақиқат Қонуни асосии Тоҷикистон ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад ва таҳрирталаб аст, аммо ба эътиқоди ӯ, дар Конститутсия танҳо меъёрҳое такмил дода мешаванд, ки ба манфиати шахсони алоҳида мебошанд.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва вакили порлумони Тоҷикистон, аз ислоҳи Қонуни асосӣ тарафдорӣ кард. Ӯ, ки баъди овоздиҳӣ дар ҳавзаи рақами чаҳоруми ноҳияи Синои пойтахт бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, “тамоми иловаҳо ба Сарқонун муҳиманд. Ин, ки ин тағйиротро баҳсбарангез мегӯянд, аз рӯи ҳасодаташон аст.”
Ғаффоров дар ин сӯҳбаташ ба баҳсҳо дар бораи аз 35 ба 30 поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ низ дахл кард. Ӯ гуфт, “бисёриҳо мегӯянд, ин бахши тағйирот роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ дар сиёсати бузург аст. Ин ҷои нигаронӣ надорад. Бубинед, дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико фарзандони президентҳо метавонанд президент шаванд. Барои мисол, Ҷорҷ Буши калонӣ буд ва баъдан писараш Ҷорҷ Буши хурдӣ ҳам ба ҳайси раисиҷумҳури Амрико кор кард. Чаро Ҷорҷ Буш метавонад ба унвони писари президент ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бирасад, аммо Рустами Эмомалӣ не?”
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, ки тағйироту иловаҳое, ки ба Сарқонун пешбинӣ карда шудааст, ин талаботи замони нав аст. Ӯ, ки пас аз раъйдиҳӣ дар ҳавзаи рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ки "вақте давлат тараққӣ мекунад, барои ӯ роҳи нав даркор аст. Вақте қонунҳо ҷомеаро идора мекунанд, тағйироту иловаҳои дигар даркор мешаванд."
То ин дам раҳбарони аҳзоби дигари Тоҷикистон ва ҳамзамон вакилони парлумон низ дар ин раъйпурсӣ иштирок карда, аз тағйироту иловаҳо ҳимоят карданд.
Мавзӯи тағйири Қонуни асосии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ дар парлумон баҳс шуд ва баъдан Маҷлиси намояндагон 22 майро рӯзи баргузории раъйпурсӣ эълон кард. Тарҳи тағйиру иловаҳо беш аз 40 ислоҳотро дар Қонуни асосӣ дар назар дорад, ки ба назари коршиносон, муҳимтарини онҳо бидуни маҳдудият дар сари қудрат мондани раиси ҷумҳури феълиро таъмин мекунад. Ҳамчунин бар пояи ин тағйирот, синни номзад ба мақоми президентӣ аз 35 то 30 поин оварда хоҳад шуд. Аз нукоти муҳими дигари ин тағйирот, манъи таъсиси аҳзоби дорои хусусияти динӣ мебошад.
Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.