Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сутуни муҳаббат дар Душанбе. Қуфлу калид ба ҷойи латтабандӣ


Дар Душанбе акнун ҷуфтҳои ошиқ ва наварӯсон имкон доранд, ки дарвозаҳои муҳаббати худро қуфл бизананд, то хонаи ишқи онҳо як умр гарм бимонад.

Сутуне дар маркази Душанбе маҳз барои овехтани қулфҳои ошиқон қад афрохтааст. То имрӯз дар он беш аз 50 ҷуфт бо умеди пойдории муҳаббаташон қуфл овехтаанд.

Ин сутунро маъмурияти фурӯшгоҳи "IAMDIFFIRENT" дар маркази пойтахти Тоҷикистон насб намудаанд. Фирӯз Наимзод, корманди ин фурӯшгоҳ 15 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин анаъанаро онҳо тоза ба Тоҷикистон ворид кардаанд, ҳарчанд дар кишварҳои аврупоӣ кайҳо чунин бовар роиҷ аст, ки дилдодаҳо ба ин тариқ метавонанд, устувории муҳаббаташонро нигаҳ бидоранд.

Ин мусоҳиби мо гуфт, агар баъзе бо нигоҳи шубҳа ва беэътимодӣ ба ин сутун нигоҳ мекунанд, вале бархе ҷуфтҳо ҳастанд, ки баъд аз аҳди дилдодагӣ бо якдигар ва изҳори муҳаббату баёни орзуҳо қуфлро дар он баста калидашро ба дур меандозанд. "Чунин сутунҳоро метавон дар кишварҳори зиёди ҷаҳон дид, аз ҷумла дар Фаронса, Ҷопон ва Чин. Мо ҳам гуфтем, чаро ҳамин идеяро дар Тоҷикистон роҳандозӣ накунем? Қуфлҳое, ки дар сутун овезон карда мешаванд, махсус аз хориҷ фармоиш медиҳем ва хоҳишмандон онҳоро аз мо харидорӣ мекунанд. Баъд, ҳарфҳои аввали номи дилдодаҳоро дар он менависем," -- гуфт Фирӯз Наимзод.

Сутуни ошиқон дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Мусоҳиби мо афзуд, қуфлҳо бо ранг ва ҳаҷмашон аз якдигар фарқ мекунанд. Барои ошиқон қуфлҳои хурдтар ва бо нархи 25 сомонӣ, аммо барои навхонадорон қуфлҳои калон пешниҳод мешавад, ки арзишашон 35 сомонӣ будааст. Ба қавли Фирӯз Наимзод, ҳарчанд афроди бузургсол гоҳе ин боварро хоси фарҳанги бегона медонанд, аммо ҷавонони тоҷик аз ин иқдом истиқбол мекардаанд.

Як ҷавондухтари тоҷик, ки худро Нигина муаррифӣ кард, гуфт, ду дугонаи вай ҳам муҳаббати худро дар ин сутун қуфл задаанд. “Вуҷуди чунин анаъанаҳо, ба назари ман, ҳеч бадӣ надорад, балки баръакс муҳаббатро қавӣ мекунад. Аз тарафи дигар ҳамаи чизи нав ҷолиб аст, бахусус барои мо ҷавонон,” – гуфт ӯ.

Мусоҳибони мо мегӯянд, дар кишварҳои аврупоӣ чунин сутунҳо маъмулан дар назди купрӯкҳо ё пулҳо гузошта мешаванд ва дилдодаҳо баъд аз маҳкам кардани қуфл калидашро дафъатан ба дарё меандозанд. Азиз Мирзоев, тарроҳи ҷавон, мегӯяд, дар Русия “Боғи ошиқон” вуҷуд дорад, ки чунин сутунҳо хеле зиёданд ва қуфлҳо асосан дар шакли дил овезон шудаанд. Азиз мегӯяд, аз чунин сутунҳо мешавад бо ҳадафи ороиш доданишаҳр низ истифода кард.”

Бо ин ҳам, насби сутуни қуфлдор дар маркази пойтахт дар ҳолест, ки миёни мардуми тоҷик эътиқоди бастани латтапора ба дарахтон вуҷуд дорад, ки бештар ба хотири ёфтани бахт ва фарзанддор шудан аст. Чунин дарахт аз ҷумла дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе мавҷуд аст, ки бештар ҷавонон ба он латта мебанданд ва ё зери тахтасанги он исми худ ва дӯстдоштаҳояшонро менависанд.

Аммо масъулони мағозаи “IAMDIFFIRENT” мегӯянд, эҳтимол дорад, шумораи сутунҳои қуфлдорро дар пойтахт бештар намоянд.

Истифода аз сутуни қуфлдор дар ҷомеаи тоҷик дар ҳоле сурат мегирад, ки афзоиши талоқ миёни оилаҳои ҷавон дар кишвар зиёд мушоҳида мешавад, ки таҳлилгарон ин равандро ба пойин будани сатҳи зиндагии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва аз байн рафтани арзишҳои оиладорӣ рабт медиҳанд. Онҳое, ки ба бунёди сутуни қулфдор дар Душанбе даст задаанд, бовар доранд, бо ин амалашон саҳме дар мустаҳкамии хонаводаҳо ва ҷилавгирӣ аз пошхӯрии онҳо мегузоранд. Онҳо мутмаинанд, ки тарғиби чунин анъанаҳо дар зеҳни хонаводаҳо таъсиргузор хоҳад буд ва ҳангоми тасмимгириашон нақши хуб хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG