Тахриби бинои ягона “Афлокнамо” ё “Планетарий” дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Ин “Афлокнамо” дар шаҳри Хуҷанд, дар наздикии бозори “Панҷшанбе”, ҷойгир буда, қарор аст, дар маҳалли он таваққуфгоҳи мошинҳо ва бинои истиқомативу маркази тиҷоратӣ сохта шавад.
Дар гузашта сокинон бештар барои тамошои манзараи афлок ва филмҳои илмиву маърифатӣ меомаданд, аммо дар ҷойи нав чунин толорро надорем
Ин “Планетарий” беш аз 40 сол боз ягона ҷое буд, ки даҳҳо нафар барои тамошои ҳаракати Замину Моҳ ва сайёраҳои дигар меомаданд. Инчунин, дар инҷо донишмандон барои хонандагони мактабу донишҷӯён дар бораи кайҳон, таҳқиқ ва кашфи асрори он маърузаҳо ироа мекарданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Афлокнамо (Планетариум) ин як намуд театри гунбазшаклест, ки тасвири осмони пурситора ва ашёи бешумору ҷаззоби кайҳониро намоиш дода, фазои таълимиеро барои омӯзиши илми нуҷум ва илмҳои дигари ба он марбут эҷод мекунад…
Ҳоло бо оғози тахриби бинои “Афлокнамо” саволе мухлисони “Планетарий” ва бархе аз донишмандони тоҷикро машғул медорад, ки тақдири ин маркази илмиву маърифатӣ чӣ хоҳад шуд? Тахриби бинои “Планетарий” аз дохил, аз толори “Афлокнамо” сар шудааст. Дар назди бино танҳо посбон Солеҳбой Шокировро дидем, ки 8 сол боз дар ҳаминҷо кор мекард, вале нахост суҳбат кунад.
Шаҳрдории Хуҷанд низ расман ин вазъиятро шарҳ надодааст. Аммо бино ба қарори ҳукумати Хуҷанд, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, замини “Афлокнамо” ва толори варзишии “Ҷашнӣ”-и канори онро дар ихтиёри соҳибкори инфиродӣ Аминҷон Ҷӯраев гузоштаанд. Тибқи ин қарор, дар онҷо истгоҳи 5-ошёна барои ду ҳазор мошин, маркази тиҷоратӣ ва биноҳои бисёртабақа бунёд хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир таҷҳизоти “Планетарий”-ро дар мактаби рақами 10, воқеъ дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд, ҷойгир кардаанд. Муҳиддин Қосимов, мудири “Планетарий” мегӯяд, вале ҷойи нав толори асосии афлокнаморо надорад, ки ба хотири он пайи қадами сокинон аз ин марказ канда набуд. “Дар гузашта сокинон бештар барои тамошои манзараи афлок ва филмҳои илмиву маърифатӣ меомаданд, аммо дар ҷойи нав чунин толорро надорем”, - таъкид кард ӯ.
Мирҳусейн Назризода, донишманди физик ва аз фаъолони ҷиноҳи сабтнашудаи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, аз байн бурдани “Планетарий”-и Хуҷандро таассуфбор номид. Вай гуфт, ки “ҳукумати шаҳр имкон дошт, ба соҳибкори инфиродӣ аз мавзеи дигар қитъаи замин ҷудо намуда, ин муассисаи илмӣ-равшаннамоиро аз нобудӣ наҷот бахшад.”
Аммо сокинони Хуҷанд дар бораи тақдири “Планетарий”, ки дар сатҳи ҳукумат ҳал шудааст, боэҳтиёт суҳбат мекунанд ё аслан намехоҳанд чизе бигӯянд. Як муаллимаи фанни физика бидуни зикри номаш гуфт, “асосан бачаҳо хоҳиш мекарданд, ки ба “Планетарий” равем ва кайҳонро тамошо кунем. Дигар дар шаҳрамон ин гуна ҷой нест, ки онҳоро барем. Беҳтар мебуд, ки ҳамин марказ ё ҳифз шавад ё ба ҷои дигар пурра кӯчонда шавад.”
“Афлокнамо” ё “Планетарий” дар маркази шаҳри Хуҷанд, наздик ба бозори “Панҷшанбе” ва канори масҷиди ба номи Шайх Муслиҳиддин соли 1980 сохта шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомот ваъда карданд, ки дар чорбоғи “Дӯстии халқҳо” дар маҳаллаи 32-юми Хуҷанд як марказ ва осорхонаи нуҷумшинос Абумаҳмуди Хуҷандиро месозанд. Сохтмони ин бино соли 2018 оғоз хоҳад шуд.