Дар бозии марказии даври даҳуми мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро дар нимаи дуюми дидор ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонид. Ӯ беҳтарин бозигари ин дидор эътироф гашт.
Ин пирӯзии ҳаштуми пайиҳами қаҳрамони феълии Тоҷикистон дар мусобиқоти имсола ба ҳисоб меравад. “Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар кардааст, бо 24 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. «Истиқлол» ягона дастаест, ки бохт надорад. “Истиқлол” 19-уми июн дар бозии мавқуфмондаи даври 8-ум бо тими «Барқчӣ» рақобат мекунад.
КМВА, ки дар мавсими соли равон бори аввал ба бохт мувоҷеҳ шуд, бо 21 имтиёз аз 10 бозӣ зинаи дуюмро касб кардааст.
Дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб бо 17-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро соҳиб шудаанд. Дар даври даҳум футболбозони шаҳри Кӯлоб дар меҳмонӣ “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд. Голи ягонаро Бахтиёр Зарипов дар дақиқаи 15-ум зад.
Дар даври гузашта “Хуҷанд” дар майдони худ “Вахш”-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои Исломҷон Тошпулотов ва Фахриддин Аҳтамов ба мизбонон се имтиёз овард.
“Ҳосилот”-и Фархор дар майдони худ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 3:1 ноком кард. Голҳои мизбононро Абдухалил Боронов, Шериддин Бобоев ва Нуриддин Ҳамрорқулов ба самар расониданд Як голи меҳмонон ба Азамат Исроилов марбут аст.
“Барқчӣ”-и Ҳисор аз дастаи меҳмон – “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Голҳои дастаи ғолибро
Давлатбек Сайдаминов, Боней Кристофор ва Рамазон Чиллаев ба самар расониданд. Як голи мизбонон ба Раббонӣ Камолов мутааллиқ аст.
Дар бозии охирини даври даҳум “Эсхата”-и Хуҷанд ба дарвозаи дастаи меҳмон – “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ 7 голи беҷавоб зад. Ҷаҳонгир Эргашев се гол зада, хет-трик кард. Шавкати Ҳотам ду гол, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Амирҷон Сафаров якголӣ заданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024
Лигаи олӣ. Даври 10-ум
15 июн (шанбе)
«Хуҷанд» – «Вахш» - 2:0
Голҳо: Исломҷон Тошпулотов, 11, Фахриддин Аҳтамов, 51
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
«Ҳосилот» – «Истаравшан» 3:1
Голҳо: Абдухалил Боронов, 19, Шериддин Бобоев, 51, Нуриддин Ҳамрорқулов, 88 – Азамат Исроилов, 25
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ
«Барқчӣ» – «Панҷшер» - 1:3
Голҳо: Раббонӣ Камолов, 29 – Давлатбек Сайдаминов, 26, Боней Кристофор, 86, Рамазон Чиллаев, 90+8
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
16 июн (якшанбе)
«Истиқлол» – КМВА – 2:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 71, 79
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Эсхата» – «Кӯктош» - 7:0
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
8 |
8 |
0 |
0 |
26-4 |
24 |
2 |
КМВА (Душанбе) |
10 |
6 |
3 |
1 |
15-5 |
21 |
3 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
10 |
5 |
2 |
3 |
10-7 |
17 |
4 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
10 |
4 |
5 |
1 |
12-8 |
17 |
5 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
10 |
4 |
4 |
2 |
11-8 |
16 |
6 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
10 |
4 |
3 |
3 |
14-9 |
15 |
7 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
10 |
4 |
2 |
4 |
16-17 |
14 |
8 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
10 |
3 |
3 |
4 |
12-14 |
12 |
9 |
«Вахш» (Бохтар) |
10 |
3 |
0 |
7 |
8-13 |
9 |
10 |
«Панҷшер» (Балхӣ) |
9 |
2 |
1 |
6 |
8-15 |
7 |
11 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
9 |
1 |
2 |
6 |
8-16 |
5 |
12 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
10 |
1 |
1 |
8 |
4-28 |
4 |
Гуфтугӯ