Фронт. Соли 1943. Модар барои ҳифзи ватан ва ҷони фарзандони худ мубориза мебарад. Вале дар майдони ҷанг ҳам фарзандони худро аз меҳри модарӣ маҳрум намекунад. Механданд, дарди дил мекунанд ва суруд мехонанд.
Модари сарбоз фарзандонашро ба оғӯш кашида акс мегирад. Ин нақшро рӯзи 8 май як сокини Душанбе - Парвина Тоҳириву фарзандонаш иҷро карданд. Ин хонавода барои ширкат дар фотосессия дар мавзӯи Ҷанги
Афроди хеле зиёд мехоҳанд дар ин муҳит акси хотиравӣ бигиранд. Аксаран ҷавонон меоянд, мехоҳанд муҳиту фазои он солро тассавур кунанд, онҳо оилавӣ ё бо дӯстону дугонаҳои худ меоянд
Дуюми Ҷаҳон омада буд. Гурӯҳи ташаббускоре иборат аз навору аксбардорони касбӣ барои чор рӯз муҳити вижаи ҷангиро таҳия карда, хоҳишманро барои ширкат даъват мекарданд.
Парвина Тоҳирӣ ҳангоми ширкат дар аксбардорӣ гуфт: “Хеле ҷолиб аст, ки худро дар замони ҷанг тассавур бикунӣ. Чӣ тавр мардум бо ин либосу пояфзол ва силоҳҳои вазнин ва ҳамроҳ бо кӯдакон меҷангиданд. Кӯдаконро ман ба ин фотоссесия бо худ овардаму ҳолати як модари танҳоро, ки тарбияи ду фарзанд ба душаш аст, тассавур кардам”.
Ҳадафи таҳиягарон ин аст, ки қадри имкон лаҳзае ҳам бошад тамошобину ширкатдорони ин маърака даҳшати ҷанги мудҳишро дар тани худ дарк кунанд. Бо гузашти даҳсолаҳо аз он ҳаводис на танҳо шумори собиқадорони ҷангу шоҳидони айнии ҳаводиси даҳшатбор кам мешавад, балки хотироти он солҳо ҳам аз байн меравад.
Таҳаввулоти сиёсӣ ва паҳлӯҳои то ҳол норӯшан ва баҳсноки ҷанге, ки ҷони беш аз 70 миллион нафарро дар саросари сайёра гирифтааст, ташаббускорони фотосессияи Душанберо водор кард, ки ба мавзӯи поси хотири қурбониҳову ширкатдорони ин ҳаводис аз диди дигар муносибат кунанд, то наслҳои имрӯза қурбониҳои бобоҳои худро фаромӯш накунанд.
Муаллифони фикри ташкили макони фотосессия ё аксбардорӣ дар мнзари саҳнае аз Ҷангӣ Дуюми Ҷаҳон гурӯҳи ҷавони тоҷик аст. Парвина Тоҳирӣ гуфт:
“Воқеан, кас дар ин либосу бо ин силоҳ ва дар чунин муҳит худро гӯё дар замони ҷанг тассавур мекунад. Ташаббускорони иқдом барои ин тамоми шароитро фароҳам овардаанд ва саҳнаро бо ашёву маводи мухталифе оро доданд, ки манзари замони ҷангро ба ёд меорад. Аксари онҳое ҳам, ки ин рӯзҳо ба ин гӯша барои аксбардорӣ дар муҳити солҳои 1940-ум меоянд, мегӯянд, худро гӯё дар он рӯзҳо тассаввур кардаанд. Аммо, албатта онҳо таъкид мекунанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд он рӯзҳо дубора такрор шаванд”.
Ташаббускорон мегӯянд, умедворанд, ки аз роҳи ғайрианъанавии ёдоварии таърихи солҳои 1940-ум метавонанд мавзӯи аз назари бархе кӯҳнашударо ранги замонавӣ бубахштанд, то мавриди таваҷҷӯҳи насли ҷавон шавад.
Манижабону Турсунова, яке аз ташкилкунандаҳои маҷмӯи аксҳои солҳои 1940-ум аст, ки як бахши маъракаи поси хотири ширкатдорони ҷангро ташкил медиҳад. Вай гуфт, ки фотосессияи онҳо аз 6 то 9 май барпо мешавад: «Интизор надоштем, ки талабот ба ин кор зиёд хоҳад буд. Афроди хеле зиёд мехоҳанд дар ин муҳит акси хотиравӣ бигиранд. Ҳар соат мо фотоссесия дорем. Аксаран ҷавонон меоянд, мехоҳанд муҳиту фазои он солро тассавур кунанд, онҳо оилавӣ ё бо дӯстону дугонаҳои худ меоянд.”
Барои аксбардорӣ 10 саҳнаи солҳои ҷанг сохта шудааст ва ҳар хоҳишманд бо маблағи 200 сомонӣ соҳиби 15 акси касбии хотиравӣ аз солҳои ҷангу рӯзҳои ғалаба хоҳад шуд. Ташаббускорон мегӯянд, ки даромади ин тадбир ба атфоли ятим хайр мешавад. “Саҳна ва ҳолати аксбардориро мо худамон фикр мекунем. Идея барои дар кадом ҳолат гирифтани аксро ҳам ҳамроҳ бо аксбардор аз Синема-студио аз филмҳои тасвирҳои қадимӣ ва замони ҷанг дида мегирм”.
Ҷараёни аксбардорӣ дар фазои сохтаи соҳои ҷангро мусиқиҳои маъруфи он давра ҳам ҳамроҳӣ мекунад. Ин фазо хоҳишмандонро ба ёди ҷонфидоиҳои ҳазорҳо нафар мебарад. Ҷашни ғалабаро рӯзи 9 май дар Тоҷикистон имсол 345 собиқадори ҷанг таҷлил кард.