Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АИ 92 - 5, АИ 95 - 6 сомонӣ. Бензин дар Тоҷикистон "ноаён" арзон шудааст


Хабари тавофуқи Душанбеву Маскав дар бораи дар соли 2014 аз Русия бидуни боҷ ворид кардани 1 миллион тонна маводи сӯхт дар соли 2014 нархи бензину дизелро дар сӯхтфурӯшиҳои Тоиҷкистон батадриҷ пойин мебарад.

Ба гуфтаи ронандагоне, ки аз Душанбе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, ҳоло дар сӯхтфурӯшиҳои пойтахти Тоҷикистон гаронтарин бензин навъи АИ 95 Драйв аст, ки танҳо дар нуқтаҳои марбут ба ширкати русии “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва бо нархи 6 сомониву 5 дирам барои як литраш фурӯхта мешавад. Бензини навъи АИ 95 аз 5 сомониву 90 дирам то 6 сомонӣ ва бензини навъи АИ 92 аз 4,90 то 5 сомонӣ арзиш доранд.

Чизи дигаре , ки ба хушҳолии ронандагони тоҷик меафзояд, беҳтар шудани сифати бензин аст. Яке аз онҳо мегӯяд: “Вақте нархи бензин баланд буд, барои фоидаи зиёдтар шуда, ба он ҳар чиз мерехтанд. Ва ҳатто агар ба мошин бенхини 95 ҳам мерехтӣ, мотор чунон чиррас мекард ки... Ҳоло бензини 92 ҳам мерезӣ, мошинат мисли асп медавад.”

Нархи маводи сӯхт дар Хуҷанд боз ҳам пойинтар рафта, хабарнигори Озодӣ мегӯяд, як литр бензини АИ 92 дар инҷо ҳоло 4 сомониву 80 дирам, солярка 5 сомонӣ, бензини АИ 95 - 5 сомониву 60 дирам ва АИ 98 - 6 сомонӣ нарх доранд.
Ба гуфтаи хабарнигори Озодӣ, уфти нархи бензин ба нархи газ низ таъсир гузошта, қимати газ аз 3,5 то 2,90 - 3 сомонӣ пойин омадааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду моҳ пеш нархи бензину солярка дар Тоҷикистон дастикам аз 6 сомонӣ оғоз шуда, нархи навъҳои хушсифаттараш дар бархе дӯконҳо аз марзи 7 сомонӣ ҳам мегузашт.

Боҷи гумрукие, ки ҳукумати Русия дар соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон бор кард, дар баробари уфтухези қимати нафт дар бозор як омили умдаи таъсиргузор дар нархи маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳаҷми ин боҷ дар ин 4 сол аз 278 доллар то 452 доллар барои ҳар тонна вобаста ба навъи маводи сӯхт фарқ мекард ва ба ҳисоби иқтисоддонҳо, дар нархи ҳар литр бензине, ки дар Тоҷикистон фурӯхта мешуд, тақрибан 2 сомониаш ҳаққи боҷи гумрукиест, ки Русия ҳанӯз пеш аз содироти маводи сӯхташ меситонад.

Вазирони энержии Тоҷикистону Русия Шералӣ Гул ва Александр Новак ҳангоми имзои қарордод, Маскав. 4 феврали соли 2013
Вазирони энержии Тоҷикистону Русия Шералӣ Гул ва Александр Новак ҳангоми имзои қарордод, Маскав. 4 феврали соли 2013
Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2012 замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русияро дар қаламраваш то дастикам соли 2042 тамдид кард ва ҷониби Русия дар иваз ваъда дод, ки барои муҳоҷирони тоҷик сабукиҳое додаву боҷи гумрукиро аз содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон мебардорад. Чунин созишнома 4 феврали соли 2013 дар Маскав ба имзо расид ва тибқи он мебоист дар соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллион тонна маводи сӯхт аз Русия бидуни боҷ ворид мешуд. Аммо тасвиби қарордод зоҳиран ба далели тӯл кашидани тасвиби қарордоди пойгоҳ аз сӯи Душанбе тӯл кашид ва танҳо дар поёни соли 2013 сарвазири Русия Дмитрий Медведев созишнома дар бораи фурӯши бидуни боҷи маводи сӯхт ба Тоҷикистонро барои баррасӣ ва тасвиб ба Думаи давлатӣ - маҷлиси поёнии парлумони кишвараш фиристод.

Дар ин миён ҷониби Русия баъди тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 созишномаи маводи сӯхтро низ ба сурати муваққат ба иҷро даровард ва тақрибан дар миёнаҳои моҳи декабр нахустин вагонҳо бо маводи сӯхти аз боҷи гумрукии Русия “раҳохӯрда” вориди Тоҷикистон шуданд, ки боиси уфти қимати бензину солярка дар ин кишвар то ба ҳадди 5 сомониву 6 сомонӣ шудааст.

Акс аз давраи қиматии бензин
Акс аз давраи қиматии бензин
Бо ин ҳол, ахиран мақомоти Тоҷикистону Русия “индикативный топливный баланс» ваё ҷадвали содироти бидуни боҷи маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистонро мушаххас карданд. Вазорати рушди иқтисод ва Тоҷикистони Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кишвар имсол аз Русия бо шароити пуримтиёз, яъне бидуни боҷ, 1 миллион тонна маводи сӯхт, аз ҷумла
360 000 тонна бензин,
250 000 тонна дизел,
200 000 тонна кокси нафтӣ,
100 000 тонна авикеросин,
50 000 тонна мазут, 32 000 тонна битум
ва 8 000 тонна гази моеъ
ворид хоҳад кард.

​Бо назардошти аз 300 доллар сар шудани ҳаҷми боҷи гумрукии Русия барои ҳар як тоннаи маводи сӯхташ, Душанбе аз воридоти боимтиёзи ин 1 миллион тонна маводи сӯхти Русия дастикам 300 миллион доллар сарфа мекунад. Аммо як тақозои ҷониби Русия ин аст, ки Душанбе набояд ба содироти дубора ё ре-экспорти маводи сӯхти бо чунин имтиёз воридшуда роҳ бидиҳад.

Як чоҳи хурди нафт дар Исфара
Як чоҳи хурди нафт дар Исфара
Тоҷикистону Қирғизистон ба фарқ аз се кишвари дигари Осиёи Марказӣ манобеъи бузурги нафту газ надоранд. Тоҷикистон ба ин далел беш аз 90 дарсади ниёзмандиҳояш ба маводи сӯхт, бо шумули нафту газро аз ҳисоби воридот бароварда мекунад ва дар даврони қиматии бензин, бе ҳисоби маводи сӯхте, ки қочоқӣ ворид мешуд, солона расман то 350 000 тонна бензину солярка ворид мекард. Вале иқтисоддонҳои тоҷик ва ҳам мақомоташ мегӯянд, ин ба маъное нест, ки эҳтиёҷи кишвар ба маҳсулоти нафтӣ дар ин ҳад бошад, балки гаронии нархи бензин боиси тағйири ҷиддие дар таносуби байни ин маҳсулот ва гази моеъу табиӣ дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон шуда буд.

Барои мисол, Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2013 умдатан аз Қазоқистон 41 800 тонна гази моеъ ворид карда буд. Воридоти бензин дар айни давра танҳо 25 900 тоннаро ташкил дод. Акнун, мегӯянд иқтисоддонҳо, бо арзонтар шудани нархи бензин ин таносуби ба ақидаи онҳо, ба сурати умум ғайритабиӣ метавонад ба ҳолати оддиаш баргардад.
XS
SM
MD
LG