Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пешонии муфтӣ захмӣ шуд." Баъзе ҷузъиёти ҳамла ба Абдулқодирзода


Абдулқодирзода аз соли 2010 муфтии Тоҷикистон аст
Абдулқодирзода аз соли 2010 муфтии Тоҷикистон аст

Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти ҳамла ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистонро ба даст овард.

Як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлавар бо корд ба рӯйи муфтӣ зада, пешонии ӯро захмӣ кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, ҳамла ба Абдулқодирзода бегоҳи 11-уми сентябр дар Масҷиди марказии Душанбе рух дод.

Як шоҳиди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла ба муфтӣ баъди адои намози аср рух дод. Ба гуфтаи ин нафар, баъди адои намоз аз рӯи одат баъзе намозгузорон дар саҳни масҷиди марказӣ бо Саидмукаррам Абдулқодирзода салом дода, аҳволпурсӣ мекунанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, шоми 11-уми сентябр ҳам муфтӣ тибқи одат баъди адои намоз бо намозгузорон салом мекард, ки ҷавоне бо корд ба ӯ ҳамла намуд.

“Корд ба пешонии Абдулқодирзода бархӯрд ва пешонаашро захмӣ кард. Намозгузорон ҳамон замон фарди ҳамлаварро боздошт карданд. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар наздикии масҷид аст ва кормандони милиса зуд омаданд,”-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаи огоҳ аз қазия ба мо ҳамчунин гуфт, муфтиро ба беморхона бурданд ва чун захмаш вазнин набуд ӯро ба хона ҷавоб доданд. Мақомот ба ҷуз хабари боздошт дар бораи фарди боздоштшуда ҳеч чизе намегӯянд. Аммо тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, нафаре, ки ба Абдулқодирзода ҳамла кард, ҷавон аст ва сокини яке аз ноҳияҳои атрофи Душанбе мебошад.

Масъули ҳамла ба муфтии Тоҷикистон дастгир шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ бегоҳи 11-уми сентябр бо нашри хабари расмӣ гуфт, ҳамлавар “аз ҳиссиёти авбошӣ бо асбоби халандаю бурранда” муфтиро захмӣ кардааст. Рӯзи 12-уми сентябр дар ВКД ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муфтиро аз ташхиси тиббию додгоҳӣ гузарониданд ва аз рӯи натиҷаҳои ташхис маълум мешавад, ки ба ҷуз авбошӣ оё бо дигар иттиҳомҳо ҳам парванда боз шавад ё не.

Худи Абдулқодирзода рӯзи 12-уми сентябр барои ҳолпурсӣ дастрас набуд, вале як рӯз пеш баъди ҳамла ба Радиои Озодӣ бо овози хаста гуфт, "ҷойи нигаронӣ нест, саломатиям хуб аст".

Саидмукаррам Абдулқодирзода 61 сол дорад ва 14 соли охир раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва муфтии Тоҷикистон аст. Шӯрои уламо ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар аст.

Дар давоми кораш Абдулқодирзода борҳо аз минбари масҷид ва дар суҳбатҳояш алайҳи гуруҳҳои ифротӣ сухан кардааст. Дар солҳои гузашта ифротгароёни тоҷик борҳо аз тариқи интернет ба ин руҳонӣ таҳдид кардаанд.

Дар Тоҷикистон руҳониён аз эҳтироми зиёди мардум бархурдор ҳастанд ва ҳамла ба ин қишр хеле кам иттифоқ меафтад. Ҳарчанд бархеҳо ба суҳбатҳои имомхатибони ҳозира, ки бо мувофиқаи мақомот таин мешаванд, чандон розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG