Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди дар Боздоштгоҳ мондани Сулаймон Давлатов рад шудааст


Сулаймон Давлатов
Сулаймон Давлатов

Додгоҳе дар шаҳри Вилнюс, маркази Литва, рӯзи 4-уми июн пешниҳоди дар Боздоштгоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ мондани фаъоли сиёсии тоҷик Сулаймон Давлатовро рад кардааст. Вай ду моҳ пеш ба гумони "хатар ба амнияти миллӣ"-и ин кишвари аврупоӣ дастгир шуд. Худаш онро беасос донист.

Хадамоти муҳоҷирати Литва рӯзи сешанбе аз Додгоҳ хостааст, муҳлати нигаҳдории Давлатовро дар Боздоштгоҳ то се моҳи дигар дароз кунад. Додрас напазируфтааст.

Шарофиддин Гадоев, як намояндаи мухолифон ва шахси наздик ба Давлатов, рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "Додгоҳ ба далели доштани ҳаққи паноҳандагӣ ва фарзандони хурдсол дархости дар Боздоштгоҳ мондани ӯро рад кард."

Нақли Сулаймон Давлатовро дар видео бинед:

Сулаймон Давлатов, ки дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар навору баҳсҳои мазҳабӣ гузошта, аз ҳукумати Тоҷикистон сахт танқид мекард, рӯзи 5-уми апрели имсол аз тарафи маъмурони амниятии Литва дастгир шуд.

Додситонии кулли Литва рӯзи 9-уми апрел гуфт, ки “Давлатов ба далели робитааш бо аъзо ва ҷонибдорони созмонҳои террористӣ, анҷуманҳои ифротӣ ва таблиғи ақидаҳои ифротгароёна ба амнияти миллии Литва таҳдид мекунад.”

Фаъоли сиёсии тоҷик дар чанд паёми хатӣ ва видеоӣ иттиҳоми мақомоти Литваро комилан беасос донист, чун ба гуфтааш “кору зиндагии ман ҳамеша боз ва бар пояи қонун буда, ба пуштибонӣ аз адолат, демократия, баробарӣ ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон нигаронда шуда... зиёда аз даҳ сол боз алайҳи режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ошкору фаъол дорам.”

Ӯ дар охири моҳи май дар номае аз мақомоти Литва хост, мақоми паноҳандагияшро барқарор карда, аз эҳтимоли ронда шуданаш ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Сулаймон Давлатови 37-сола аз шаҳри Ваҳдат соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карда, дар Вилнюс кору зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи шахсони наздикаш, ӯ дар маркази Литва ошхона, дӯкон ва нонвойхона дорад.

Дар гузашта узви “Гурӯҳи 24” ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон буд. Соли 2015 ҳангоми гузаштан аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Финландия аз сӯйи пулиси байнулмилалӣ дастгир ва сипас раҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG