Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳамроҳкунии Қрим ба Русия аз забони Путин


Владимир Путин чанд ҳафта қабл аз ҳамапурсии ҳамроҳкунии Қрим ба хоки Русия, ба мақомоти низомии он кишвар дастур дода будааст, ки контроли ин нимҷазираи Украинаро ба даст бигиранд.

Дар як барномаи телевизионӣ, ки рӯзи душанбе нашр шуд, Владимир Путин ҷузъиёти тасмими он кишвар барои илҳоқ ва ё пайваст кардани нимҷазираи Қрим ба Русияро фош кардааст. Владимир Путин дар ин филми мустанад, ки рӯзи 9 март нашр шуд, мегӯяд, ки пас аз барканории Виктор Янукович, президенти пешини Украина, тасмим гирифт, ки нимҷазираи Қримро ба Русия ҳамроҳ намояд.

Дар бахше аз ин навор, ки шабакаи якуми телевизиони Русия онро нашр кард, гуфта мешавад, ки мақомоти амниятии Русия ва раиси ҷумҳури он кишвар чанд соат пас аз сарнагунии Янукович, як нишасти изтирорӣ баргузор кардаанд. Чаҳор рӯз баъд аз ин ҷаласа, сарбозони рус бинои парлумони Қримро ишғол карда ва ҳукумати вафодор ба Киевро аз қудрат канор заданд.​

Бар пояи ин гузориш, Владимир Путин чанд ҳафта пеш аз баргузории референдуми ҳамроҳкунии Қрими Украина ба хоки Русия, ба мақомоти дастур дода буд, ки назорати Қримро ба даст бигиранд. Виктор Янукович, ки аз муттаҳидони Кремл буд, пас аз ҳамлаи нерӯҳои мухолифи ҳукумат, ба шарқи он кишвар, ки аз пойгоҳҳои аслии ҷудоихоҳони тарафдори Маскав ба шумор меравад, фирор кард.

Дар ин навор Владимир Путин дар гуфтугӯ бо фармондеҳони низомӣ ва мақомоти вазорати дифоъ гуфтааст, ки "мумкин аст ӯро (Янукович) несту нобуд кунанд... бояд омода бошем, чӣ бо роҳи ҳавоӣ, ё заминӣ ё баҳрӣ ӯро хориҷ кунем". Тибқи ин гузориш, Путин дар ин ҷаласа, ки рӯзҳои 22 ва 23 феврали соли гузашта баргузор кардааст, гуфтааст, ки "мо бояд масъалаи бозгашти Қрим ба Русияро ҳал кунем."

Ин гуфтугӯҳо мухолиф бо мавқеи расмии ҳукумати Русия аст, ки пеш аз ин дар мавриди илҳоқ ё пайвастани нимҷазираи Қрим баён дошта буд. Ҳукумати Русия борҳо гуфтааст, ки танҳо пас аз баргузории ҳамапурсии рӯзи 16 марти соли 2014 ва пуштибонии аксарияти аҳолии ин минтақа, Қрим ба Русия ҳамроҳ карда шудааст.

Ба дунболи ҳамроҳшаваии бидуни хунрезии Қрим ба Русия, даргириҳои хунин дар шарқи Украина оғоз шуд, ки то кунун ҷони беш аз 5500 нафарро гирифтааст ва пас аз тавофуқномаи оташбас дар Минск, даргириҳо дар минтақа қатъ шудааст. Иттиҳодияи Аврупо, Амрико илҳоқ ё пайвасткунии нимҷазираи Қрим ба хоки Русияро "ғайриқонунӣ" дониста ва алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG