Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон аз шурӯи сохтмони бандаре дар Ғазза барои ёриҳои башарӣ хабар дод


Пентагон рӯзи 25 апрел гуфт,  нирӯҳои амрикоӣ дар соҳилҳои Ғазза сохтмони як истгоҳеро шурӯъ карданд, ки тавассути он ба дохили ин анклав кӯмакҳои башарӣ интиқол дода хоҳанд шуд.

Қарор аст кори ин бандар дар моҳи май оғоз ёбад. Президент Ҷо Байден моҳи март дар бораи нақшаи сохтмони истгоҳи соҳилии интиқоли кӯмаҳои башарӣ ба Ғазза хабар дод ва аз Исроил тақозо намуд, ки таъмини кӯмакҳоро аз роҳҳои заминӣ осон кунад.

Маълум нест, ки то куҷо сохтмони ин бандар барои афзоиши воридоти кӯмакҳои башарӣ ба Ғазза мусоидат мекунад, чун мақомоти ғарбиву созмонҳои ёрирасон аз таҳдиди гуруснагии шадид ба шимоли Ғазза ҳушдор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG