Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

PEN International: Беш аз 150 адибу хабарнигор зиндониянд


Имрӯз, 15-уми ноябр, оламиён дар маъракаҳои вижа хостори раҳоии адибону хабарнигорони зиндонӣ мешаванд.

“Вақте қалби Шумо барои ҳуқуқи каси дигар меларзад, вақте Шумо ба хоб меравед ва он лаҳза бозҷӯӣ шурӯъ мешавад. Вақте Шумо фақат ба одаму одамият бовар мекунед ва на ба чизи дигаре, ҷинояти Шумо ҳамин аст...”

Ин порае аз номаи хабарнигору блогнависи маҳбуси эронӣ Шево Назар Оҳарист, ки дар зиндон ба маҳбуси дигаре навиштааст. Бори аввал Оҳариро замоне ба маҳбас афканданд, ки ҳамагӣ 18 сол дошт. Соли 2010 ӯ барои ширкаташ дар эътирозҳо алайҳи дубора раисиҷумҳур интихоб шудани Маҳмуди Аҳмадинажод ба 74 шаллоқ ва шаш соли маҳбус маҳкум шуд. Шево Оҳарӣ яке аз садҳо хабарнигорону адибонест, ки пушти панҷараи маҳбасанд.

15-уми ноябр аз сӯи созмони ғайриҳукуматии PEN International, қароргоҳаш дар Лондон, Рӯзи адибони маҳбус эълон шудааст. Кэти Маккэн, пажӯҳишгари ин созмон дар умури Осиё ва Ховари Миёна, мегӯяд, “Рӯзи адибони маҳбус рӯзи байнулмилалист ва он рӯз аъзои ПЕН-клубҳо таври маъмул бо ташкили маъракаҳо аз вазъи сангини адибон дар маҳбасҳо дар сатосари олам ҳарф мезананд. Фикр мекунам, мо 31 сол боз дар ҳамин рӯз ин маъракаро доир мекунем ва ин муҳимтарин рӯз дар тақвими ПЕН-клубҳост.”

Шево Назар Оҳарӣ
Шево Назар Оҳарӣ
Пен-клубҳо аз Шветсия то Африқои ҷанубӣ ва аз Малавӣ то Квебек Рӯзи адибони маҳбусро баргузор мекунанд. Хонум Маккэн меафзояд, имсол бештар рӯи вазъи адибони маҳбус дар Эрон, Филиппин, Мексико, Туркия ва Ҳабашистон тамаркуз мекунанд, кишварҳое, ки ба гуфтаи ӯ, солҳо боз мояи нигаронии онҳоянд.

Моҳи июл блогнависи ҳабашистонӣ Искандар Нега бо иттиҳоми фаъолияти террористӣ ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуд. Аммо PEN International мегӯяд, ин адиб барои навиштаҳои худ муҷозот шудааст. Ин навиштаҳо моломол аз дарди мардум ва баёнгари талошҳо барои озодиву демократиянд.

...Шаби 28-уми августи соли 2012, дар арафаи вуруди Дабири кулли Созмони Милал -- Бан Ки Мун ба Теҳрон, барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муттааҳид, адибу хабарнигори бемори эронӣ Исо Саҳархез аз бемористон ба маҳбаси Эвин интиқол ёфт. Саҳархез чун даҳҳо адибону хабарнигорони дигари эронӣ барои дигарандешии сиёсӣ ва интиқод аз пирӯзии, аз нигоҳи онҳо, ғайриодилонаи Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009 зиндон шудааст. Соли 2009 додгоҳ ӯро барои ду сол равонаи маҳбас кард, вале моҳи августи соли 2011 ба ҳукми ӯ иттиҳоми “таҳқири раҳбари аъзам ва тарғибот алайҳи низоми кишвар” зам шуд ва мӯҳлати ҳабсаш барои се соли дигар тамдид гардид. Ба Исо Саҳархези 59-сола баъд аз хатми мӯҳлати ҳабс тайи панҷ соли оянда фаъолияти хабарнигориву сиёсӣ мамнӯъ шудааст.

Соли 2011 Исо Саҳархез дар як номаи саргушода унвонии гузоришгари Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар умури Эрон Аҳмад Шаҳид аз ӯ хост, ки бо вазъи маҳбасҳои Эрон ошно шавад, зеро дар ин маҳбасҳо чун дар маҳбасҳои Сибири замони Сталин ҷиноёт алайҳи башарият содир мешавад. Чун далели гуфтаҳои ӯ, аввалҳои моҳи равон блогнависи эронӣ Саттор Биҳиштӣ дар маҳбас оламро падруд гуфт. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Биҳиштӣ бар асари аз кор мондани дил даргузаштааст, аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳангоми бозҷӯӣ дар маҳбас Биҳиштиро латукӯб ва аз пойҳояш овезон карда буданд.

Исо Саҳархез ҳангоми эътирозҳои соли 2009 аз тариқи Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, аз раисиҷумҳури ИМА Барак Обама хоста буд, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эронро лағв кунад, зеро робитаи наздиктар бо ҷаҳони беруна эрониҳоро барои ҳарчӣ тундтару қотеътар талаб намудани арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар ва ислоҳоти демократӣ водор хоҳад кард. Ба иттилои PEN International, дар нимаи аввали соли равон дар сартосари олам 156 адибу хабарнигор зиндонӣ буданд ва 132 нафари дигар дар боздоштгоҳ ҳукми худро интизоранд. Ва ин ба истиснои онҳое, ки барои навиштаҳои худ кушта шуданд ё мавриди таҳқиру тавҳину латукӯб қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG