Аммо ҳеҷ яки онҳо дар тасмимгириҳои аҳзоб саҳми муносиб надоранд ва нафарони аввал ва ё дуввум низ нестанд.
Зарафо Раҳмонӣ, як фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки занон дар он 52 дар садро ташкил медиҳанд, мегӯяд, ҳарчанд имрӯз дар кишвар як қатор санадҳои ҳуқуқӣ дар мавриди боло бурдани мақом ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ба тасвиб расидаанд, аммо бо ин ҳам нақши бонувон дар Тоҷикистон дуввумдараҷа аст.
Вай сабаби инро дар беҷуръатии занону духтарон медонад, «мо дар ягон ҷо намебинем, ки занон раиси ноҳия бошанд, вазир бошанд ё ҳадди ақал дар кишваре сафир бошанд. Агар чанде, ки мардсолорӣ аст, дар баъзе мавридҳо мардҳо иҷозат намедиҳанд, ки занҳо пештоз бошанд, вале боз ҳам ман ба ин назарам, ки худи занҳо бояд бештар кӯшиш намоянд, фаъол бошанд ва тавонанд, ки як ҷойгоҳи муносибтареро дар ин ҷомеа дошта бошанд.»
Аммо бо ин ҳам ба таъкиди хонум Зарафо, сол то сол ҳузури занҳо дар ҳизбҳо бештар ва саҳми эшон низ барои ширкат дар чорабиниҳои ҳизбӣ густардатар мегардад.
Аслия Шогунбекова, аъзои Ҳизби демократии Тоҷикистон ва раиси вақти ин ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки 21 сол мешавад, аъзои ҳизб аст, мегӯяд, барои ба сиёсати бузург ворид шудан майл надорад, «ягон бор саъй ҳам накардаму худам ҳам намехоҳам. Умуман ҳоло зиндагӣ бисёр душвор аст, занҳо ҳушу ёдашон фақат чи хел фарзандонро сер кунам, чи хел ба мактаб гусел кунам, чӣ хел ба ӯ сарулибос харам. Умуман ҳавсала мурдагӣ.»
Бештари соҳибназарон бар ин боваранд, ки маҳз фарҳанги «мардсолорӣ» занонро дар канор гузошта ва кам андар ками онҳо қодиранд, то ба сиёсат гараванд. Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал--демократи Тоҷикистон гуфт, феълан дар раёсати ҳизб аз 27 нафар 9 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Ва зиёда аз ин айни ҳол ҳизб 5 нафар мард ва 3 занро барои дарёфти мансаби президентӣ ба унвони номзад пешбарӣ карданист. Аммо вай мегӯяд, худи занон ҳаракате дар ин росто намекунанд:
«Ин умуман агар гирем ба минтелитети тоҷикон бисёр хос аст. Як мисол, новобаста аз он ки Эрон имрӯз аз ҷиҳати либоспӯшӣ фарқ мекунад, вале аз нигоҳи потенсиали занон, яке аз давлатҳои бисёр пешрафта аст. Чунки дар он ҷо потенсиали занҳо аз мардҳо ҳеҷ набошад, 2-3 маротиба боло меистад. Дар кадом ҷомеае, ки набошад, потенсиали занҳо, маънавиёту маърифати онҳо аз мардҳо боло набошад, ҳамин миллат, ҳамин ҷавонон ҳеҷ вақт оянда дошта наметавонанд.»
Соҳибназарон вуҷуди монеъаҳои мухталиф дар фаъолияти занонро сабаби ба сиёсати бузург роҳ ёфтани занон медонанд. Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, ки дар мавзуи аҳзобро дар навиштаҳои худ пайгирӣ мекунад, мегӯяд, танҳо дар сурати фароҳам овардани шароит, занон метавонанд дар сиёсат муваффақ бошанд.
Ӯ гуфт, «сиёсат роҳи ҳамворе барои ҳеҷ кадоме набуд, на барои мард ва на зан. Агар занҳои мо хоҳанд, ки ба сиёсат ворид шаванд, албатта назар ба мардҳо ба онҳо мушкилтар аст, яъне ин имконпазир аст онҳо метавонанд ба сиёсат ворид шуда, мақоми бештарро соҳиб гарданд. Фақат бояд онҳо барои қурбонӣ кардани ин ё он самти зиндагиашон омода бошанд.»
Аммо бо ин ҳама, дар миёни ҷавонон ҳастанд нафароне, ки итминон доранд, бидуни қурбонӣ ҳам ба сиёсат роҳ ёбанд. Нилуфар Ашурова, донишҷӯйи бахши чоруми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнес, ки аъзои ҳизби ҳоким аст, мегӯяд, барои ин танҳо назди худ мақсад бояд гузошт, «яке аз мақсадҳои ман дар оянда Худо хоҳад дар палатаи болоии парлумон ҷойи худро пайдо кардан аст. Баъзе инсонҳо ҳастанд, мақсадро назди худ мегузоранд, вале ҳаракат намекунанд. Вале мо бояд бо гузоштани мақсад пеш рафтанамон даркор, бештар аз болои худ кор кардан лозим.»
Зимнан, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон 200 ҳазор нафар аъзо дорад, ки аз инҳо 80 ҳазорашонро занон ташкил медиҳанд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз 18 ҳазору 600 нафар аъзояш, 22 дар садаш бонувон ҳастанд. Дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо бештар аз 40 ҳазор аъзо, 52 дарсади онро занон ташкил медиҳад. Ҳизби демократӣ ҳудуди 5 ҳазор аъзо дорад, ки аз он 25 дарсад бонувон ҳастанд. Ва ҳизби коммунист дорои 45 ҳазор аъзо аст, ки 40 дарсадаш занон мебошанд.
Аммо бо вуҷуди ин рақамҳо, то ҳол заноне, ки дар ҳизб ҳастанд, дар миёни ҷомеа маҳбубият надоранд ва ҳатто ҷомеа онҳоро намешиносад.
Албатта дар миёни онҳо Махфират Хидирова, дар порлумони Тоҷикистон раҳбарии ҷиноҳи Ҳизби ҳокими халқӣ- демократиро бар дӯш дорад, аммо кам касоне ӯро мешиносанд. Зеро боре ҳам нашудааст, ки аз номи ҳизби ҳоким садо баланд карда бошад.
Аз сӯи дигар Мамлакат Ҷайчиева, аз сарсупурдагони Ҳизби демократ аст, ки ба далели парокандагии ин ҳизб дар чанд соли охир, ӯ чун солҳои 90 -ум -и асри гузашта фаъол нест.
Пас суоле, ки посух мехоҳад, ин аст, ки оё бо чунин арқоме дар бораи теъдоди занони аҳзоб, ки аз онҳо садое шунида намешавад, ҳизбҳо метавонанд, ки дар миёни ҷомеа ҷойгоҳе дошта бошанд?